Ҷайшуладл: "Яке аз марзбонони асирафтодаи эрониро эъдом кардем"

Дар ҳоле ки Эрон мегӯяд, барои озодии панҷ марзбони рабудашудааш талош дорад, гурӯҳи «Ҷайшуладл», ки ин афродро ба гаравгон гирифтааст хабар дод, ки яке аз гаравгонҳоро ба қатл расондааст.
Гурӯҳи «Ҷайшуладл» дар як эъломияе, ки рӯзи якшанбеи 23-юми март дар торномаи интернетии худ нашр кардааст, гуфтааст, ки «марзбони якум бо номи Ҷамшед Доноифар»-ро «дар ростои эълони қаблии созмон бар қасоси хуни шаҳид Алӣ Норуӣ» ба дор овехтааст.

Мақомоти Эрон эъдоми Али Норуиро, ки гурӯҳи Ҷайшуладл аъзои худ медонад, таъид накардаанд, вале Алӣ Ҳошимӣ, ҳокими Сийистон ва Булуҷистон дар аввалҳои моҳи март ба рӯзномаи «Шаҳрванд»-и Эрон бидуни овардани номи касе гуфта буд, ки «яке аз аъзои "Ҷайшуладл" дар ҳоли идомаи муҳлати маҳкумияташ, дар зиндон бемор шуда ҳарчанд дар зери назорати табибон қарор дошт, фавтидааст».

Гурӯҳи Ҷашуладл дар эъломияи худ гуфтааст, ки ҷасади марзбони якум Ҷамшед Доноифарро «дар ивази ҷасадҳои 50 тан» аз афроде, ки онҳоро «шаҳидони роҳи озодӣ» ном гузоштаанд ба мақомоти Эрон таслим хоҳад кард.

Ин гурӯҳ таҳдид кардааст, ки агар мақомоти Эрон «то 10 рӯзи дигар ба дархости созмон барои озодии зиндониёни аҳли суннат иқдом накунад як тани дигар аз марзбононро» ба дор хоҳанд овехт.

Ҷайшуладл, ки мақомоти Эрон моҳияти онро «терорристӣ» медонад дар эъломияи худ эъдоми Ҷамшеди Доноифарро «иқдоми зидди зулми низоми ҳоким» ва «он ҷиноятҳое, ки дар ҳақи фарзандони аҳли суннат раво мебинанд» унвон кардааст.

Аммо ҳанӯз ҳеҷ манбаи мустақиле ин хабарро таъид накардааст. Ҳусайналӣ Амирӣ, яке аз масъулони вазорати кишвари Эрон ва Алӣ Абдулҳай, муовини амниятии ин вазорат гуфтаанд, ки наметавонанд хабари эъдоми яке аз марзбонони асири эрониро тавассути гурӯҳи Ҷайшуладл таъид кунанд.

Ба гузориши хабаргузории ИСНО ин масъулони вазорати кишвари Эрон афзудаанд, ки «агар чунин ҳолат рух медод онҳо огоҳ мешуданд ва панҷ сарбоз сиҳату саломатанд.»

Панҷ сарбози эронӣ феврали соли гузашта дар минтақаи марзии муштарак бо Покистон ба асорат афтода буданд. Мақомоти эронӣ гуфта буданд, ки талош кардаанд бо мақомоти Покистон барои озодии марзбонони асирафтода чора андешанд.

Али Ҳошимӣ ба хабаргузориҳо гуфтааст, ки «гуфтугӯҳо бо мақомоти миллӣ ва маҳаллӣ покистонӣ дар сатҳи гуногун ҷараён дорад ва онҳо ҳам қавл додаанд, умедворем ин марзбонҳо озод хоҳанд шуд».

Ҳасани Зулфиқорӣ, фармондеҳи марзбонии Эрон охири ҳафтаи гузашта гуфта буд, ки дар пайи рабуда шудани панҷ марзбон чанд фармондеҳ ба таври муваққат аз кор барканор ва ба ҷазои интизомӣ ҳукм шудаанд.

Мақомоти эронӣ мегӯянд дар солҳои охир дар маҳалли даргириҳои нерӯҳои амниятии Эрон ва гурӯҳҳое, ки мақомоти Эрон аз онҳо «қочоқчӣ» ва «тероррист» ном мебарад, дастикам аз ҳарду тараф 10 тан кушта ва асри афтодаанд.