Матбуоти Эрон, аз ҷумла нашрияи “Tehran Times” рӯзи 10 июл аз қавли Ҳуҷҷатуллоҳ Фағонӣ, сафири кунунии Эрон дар Тоҷикистон навиштанд, ки фаъолияти Кумитаи имдоди Имом Хумайнӣ дар Тоҷикистон бо ибтикори худи сафир мутаваққиф шудааст. Фағонӣ гуфтааст, мақомоти Тоҷикистон дар манъи фаъолияти ин сандуқи хайрия дахолате надоштанд, вале азбаски тардидҳое дар робита ба кори ин созмон вуҷуд дошт, ӯ худ ба Кумитаи имдоди Имом Хумайнӣ дастур додааст, ки то рафъи ин шакку гумонҳо аз идомаи фаъолият худдорӣ кунанд.
Ҳуҷҷатуллоҳ Фағонӣ ҳамин тавр, рӯзи 9 июл дар сӯҳбат бо хабаргузории “Озодагон” гуфт, хабарҳо дар бораи гӯё аз ҷониби Тоҷикистон баста шудани ин созмон асос надоранд: “Кумитаи имдоди Хумайнӣ баста нашудааст. Як шикояте Вазорати адлияи Тоҷикистон роҷеъ ба Кумита кардааст, ки онро додгоҳ пайгирӣ мекунад. Худам аз раиси Кумитаи имдод хостам, то вақте ин шикоят ба фарҷом нарасад, хидматеро ироа накунанд. Чун хидматро дар ҷое ироа медиҳанд, ки мутақобилан онҳо ҳам бихоҳанд ва ҳамроҳӣ бикунанд. Вақте ин ҷо дар робита ба фаъолияти Кумитаи имдод тардид (шак) пеш омадааст, ман моил нестам, ки Кумита дар ин шароит фаъолият кунад.”
Аммо ҳуқуқшиноси тоҷик Файзинисо Воҳидова ин тавҷеҳи сафири Эронро як навъ “шаҳри якчашма рафтӣ, якчашма шав” ва дур аз мантиқ меномад. Ӯ мегӯяд: “Тибқи қонунгузории кишвари мо, дилхоҳ ташкилот дар ду ҳолат барҳам дода мешавад: бо қарори муассисони ташкилот, яъне ихтиёрона ваё бо қарори додгоҳ. Агар сухани сафир ҷон дорад, чӣ зарурат аст, ки Вазорати адлия бо аризаи даъвогӣ ба додгоҳ муроҷиат кунаду тавассути ВАО сару садоҳо баланд шаванд?”
Хабари баста шудани Кумитаи имдоди Имом Хумайнӣ ибтидо рӯзи 7 июл дар сомонаи Озодӣ аз қавли мақомоти вазорати адлияи Тоҷикистон нашр шуд. Як манбаъ дар раёсати бақайдгирии созмонҳои ҷамъиятии вазорати адлияи Тоҷикистон дар суҳбат бо Озодӣ гуфт, ин вазорат қаблан ду бор дар мавриди нақзи қонун “Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ” ба ин кумита огоҳии расмӣ фиристода буд, аммо ниҳоди мазкур огоҳиҳоро нодида гирифт.
Кумитаи имдоди Имом Хумайнӣ аз соли 1996, ки дар Тоҷикистон ҳанӯз ҷанги шаҳрвандӣ идома дошт, ба фаъолиятҳояш дар ин кишвар шурӯъ кард. Ин созмон, ба гуфтаи масъулонаш, дар гӯшаҳои гуногуни Тоҷикистон барои омӯзиши занону духтарон беш аз 10 омӯзишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ, аз ҷумла, коргоҳҳои қолибофӣ таъсис дода ва ба ятимхонаҳо, маъюбон, беморон, ҷавонони камбизоат ва донишомӯзон ёрӣ мерасонд. Ҳамчунин, Кумитаи имдод дар баргузории ҷашни арӯсии ҷуфтҳо аз хонаводаҳои фақир ва бартараф кардани оқибатҳои офати табиӣ ба Тоҷикистон ёрӣ медод.
Тавқифи фаъолияти Кумитаи имдоди Хумайнӣ дар ҳоле сурат мегирад, ки равобити дар солҳои гузашта хуби Душанбеву Теҳрон дар ин авохир дучори танишҳо шудаанд.
Як нуқтаи авҷи ин танишҳо моҳи декабри соли 2015, дар пайи ба ҳамоиши “Ваҳдати исломӣ” дар Теҳрон даъват шудани раиси ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ Муҳиддин Кабирӣ ва дар ҳошияи ин ҳамоиш мулоқот кардани ӯ бо раҳбари рӯҳонии Эрон оятуллоҳ Алии Хоманаӣ буд. Ба дунбол, вазорати хориҷаи Тоҷикистон сафири Эрон Ҳуҷҷатуллоҳ Фағониро ба вазорат фаро хонда, ба ӯ дар робита ба ҳузури Кабирӣ дар ҳамоиши Теҳрон нота ё ёддошти ҷониби Тоҷикистонро супурд.
Дар ин ёддошт аз ҷумла гуфта мешуд, ки "вазорат бо камоли таассуф таъкид мекунад, ки ба конфронс собиқ раиси ҳизби ифротгаро ва террористии наҳзати исломи Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ низ, ки нисбаташ барои кӯшиши табадулоти давлатӣ ва ғасби ҳокимияти конститутсионӣ дар Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, айни ҳол дар ҷустуҷӯи Интерпол қарор дорад, даъват шуда буд." Душанбе ин амалро ғайри қобили қабул хонда, гуфт, ки чунин муносибат ба робитаҳои хуби Тоҷикистону Эрон метавонад халал ворид кунад.
Дар баҳори соли равон дар бораи манъи воридоти чойи хушк, гӯшти паранда ва гӯшти қимаю дигар навъи маҳсулоти ширкатҳои Эрон ба Тоҷикистон гузориш шуд.ро дар сифати пасти онҳо медонад. Утоқ (палата)-и бозаргонӣ, саноеъ, маъдан ва кишоварзии Эрон бо пахши як иттилоия гуфт, ҷониби Тоҷикистон ҷониби Эрон огоҳ кардааст, ки бидуни барчаспҳо бо ҳуруфи сириллик иҷозаи содироти молу колои эронӣ ба Точикистон дода намешавад:: "Бо таваҷҷуҳ ба мусаввабаи қонунии давлати Тоҷикистон, тоҷирони содиркунанда ба мақсади Тоҷикистон мебоист мушаххасоти колоро ба забони тоҷикӣ бар рӯи коло дарҷ намоянд."
Аммо Абдуфатоҳи Ғоиб, сардори Хадамоти гумруки Тоҷикистон дар як посухи хаттӣ ба Радиои Озодӣ навишт, ки маҳдудияти ҷоришуда дар роҳи воридоти молҳои эронӣ ба сифати пасти ин маҳсулот рабт мегирад: “Маҳдудиятҳо нисбати воридоти молу маҳсулот аз Ҷумҳурии Исломии Эрон дар робита ба ҳолатҳои аз ҷониби Агентии “Тоҷикстандарт” надодани сертификати мутобиқат ба як қатор маҳсулоти хӯрокаи пастсифат аз қабили чой, гӯшти паранда, қима аз гӯшти парранда ва ғайра ба миён омадааст.” Раҳбари Хадамоти гумруки Тоҷикистон афзуд, “ҷиҳати пешгирӣ намудани воридоти молҳои пастсифати ба ҳаёт ва саломатии инсон зараровар новобаста аз кадом давлате, ки набошад, чораҳои дахлдор меандешанд.”
Эрон қабл аз ин танишҳо, бахусус дар даврони раёсатҷумҳурии Маҳмуди Аҳмадинажод, ки бо ҳамтои тоҷикаш Эмомалӣ Раҳмон муносиботи хеле наздики дӯстона дошт, аз ҳамкорони умдаи ҳукумати Тоҷикистон ба шумор мерафт. Чанд тарҳи бузург, аз ҷумла нақби “Истиқлол” дар ағбаи Анзоб ва нерӯгоҳи “Сангтӯда-2” бо сармояи Эрон сохта шудаанд.