Эрон ИМА-ро барои “тавсеаи хатарнок”-и амалиёташ дар Сурия ҳушдор дод. Ин изҳорот баъди таҳдиди Вашингтон ба президенти Сурия Башор Асад садо дод, ки рӯзи 26-уми июн гуфт, нишонаҳои омодагиҳои Димишқро барои анҷоми як ҳамлаи нави кимиёӣ дар даст дорад ва агар чунин шуд, “нархи гароне” пардохт мекунад.
Муҳаммадҷавод Зариф, вазири умури хориҷии Ҷумҳурии Исломӣ рӯзи 27-уми июн дар саҳифаи худ дар "Твиттер" аз он чӣ, кӣ ба гуфтааш “баҳонаи навбатии сохтаи Вашингтон барои тавсеаи низоъҳо дар Сурия” мебошад, ҳушдор дод. Вай гуфт, ки аз ин чиз танҳо гурӯҳи ифротии “Давлати исломӣ”, фоида мебарад.
Ҳадаф ирсоли паём на танҳо ба Асад, балки ба муттафиқонаш - Русия ва Эрон ҳам мебошад. Никки Ҳейлӣ
Ин дар ҳолест, ки ба даъватҳои президенти ИМА Доналд Трамп раиси ҷумҳурии Фаронса Эммануэл Макрон ҳам ҳамроҳ шуд ва гуфт, ки дар сурати ҳама гуна ҳамлаи кимиёӣ аз ҷониби Сурия, тадбирҳои муштарак рӯи даст гирифта мешавад. Эрон наздиктарин ҳампаймони Асад ва Русия аст. Маскав изҳороти Вашингтонро ҳамчун “таҳдидҳои ғайри қобили қабул”, рад кардааст. Дар ҷанги зидди гурӯҳи ифротии “Давлати исломӣ”, Эрон Асадро бо нерӯи заминӣ ва Русия аз ҳаво, кӯмак мекунанд.
Рӯзи 27-уми июн ИМА гуфт, ки ба назар мерасад Сурия дар пайи омодагӣ ба як ҳамлаи дигари кимиёӣ аст ва ҳушдор дод, ки Димишқ барои ин амалаш нархи гароне пардохт хоҳад кард. Пентагон гуфт, ки фаъолиятҳо дар ин самтро дар пойгоҳи ҳавоии Шайрати Сурия сабт кардааст.
Кохи Сафед гуфт, ки моҳи апрел ҳамингуна фаъолиятҳоро пеш аз партоб шудани гази заҳрогини зарин дар минтақаи таҳти назари шӯришиён дар Хон Шайхун мушоҳида кардааст. Дар пайи ин ҳодиса даҳҳо нафар кушта шуд ва баъди ин президент Доналд Трамп амр дод, ки болои пойгоҳи ҳавоии Шайрат, ки аз ҳудудҳои он ҳавопаймоҳо барои заҳролуд кардани шаҳр парвоз карда буданд, мушак партоб шавад.
Рӯзи 27 июн хабарнигорон аз Ҳизер Ноерт, сухангӯи департаменти давлатӣ дар Вашингтон дар бораи нақши Русияву Эрон дар заминаи омодагиҳои эҳтимолии Сурия ба ҳамлаи кимиёӣ суол карданд.
Ӯ гуфт: “Ҳамаи мо пеш аз ҳама бояд ба гузашта назар андозем, ҳамин тавр не? Соли 2015 вақте режими Сурия дар остонаи суқут буд, кӣ омада онро наҷот дод? Русия омад. Барои ҳамин ҳам мо, манзурам ҷаҳон, имрӯз дар мавқее қарор дорем, ки Сурия қарор дошт. Русия омаду барои тақвияти нерӯҳои Сурия мусоидат кард. Мо шоҳиди маргу куштор ва харобиҳо шудем. Аз ҳамин хотир ҳам, вақте мо мегӯем, ки Русия ҳам масъулият дорад, мо бовар дорем, ки онҳо дар ин ҳама ҷараёнҳо нақш иҷро карданд. Онҳо болои режими Башор Асад нуфуз доранд ва мо ҳам ҳамеша аз онҳо даъват мекунем, ки бо истифода аз нуфузашон Асадро аз ингуна фаъолиятҳояш боздорад”.
Ҳукумати Димишқ омодагиҳо ба ҳамлаи нави кимиёиро рад мекунад. Президент Асад дар гузашта ҳам гуфта буд, ки ҳодисаи Хон Шайхун “сохтакорӣ” шудааст. Дар ҳамин ҳол президенти Фаронса Эммануэл Макрон дар як сӯҳбати телефонӣ бо Трамп рӯзи 27 июн розӣ шуд, ки дар посух ба ҳамлаи кимиёӣ дар Сурия, бояд муштаракан посух бидиҳанд.
Дар давоми чанд моҳи охир ИМА ҳузури нерӯҳояшро дар Сурия то 1000 нафар афзоиш дод. Ин тадбирҳо ба хотири вусъат бахшидани муборизаи зидди гурӯҳи “Давлати исломӣ” дар Раққа рӯи даст гирифта шудааст.
Вале бисёр мавридҳое шудааст, ки дар як майдони ҷанг нирӯҳои ИМА бо нирӯҳои Сурия ва Эрон бо ҳам бархӯрд ва вориди низоъ мешаванд.
То ба ҳол ИМА чандин ҳавопаймои бесариниши эрониро нобуд ва ҷангиёни мавриди пуштибонии Эрону Сурияро бомбаборон карда, як ҳавопаймои ҷангии Сурияро ҳам суқут додааст. Пентагон мегӯяд, ҳавопаймои суриягӣ мехост размандагони мавриди пуштибонии ИМА-ро ҳадаф қарор диҳад.
Кохи Сафед дар изҳороти рӯзи 27-уми июн мушаххасан гуфт, ки ҳушдори зидди ҳамлаи кимиёӣ на танҳо алайҳи Асад, балки муттафиқони дигараш ҳам нигаронида шудааст. Никки Ҳейлӣ, сафири ИМА дар СММ гуфт, ки “ҳадаф ирсоли паём на танҳо ба Асад, балки ба муттафиқонаш - Русия ва Эрон ҳам мебошад”.
Асад ҳанӯз ба изҳороти ИМА вокуниш накардааст.