Намояндагии бонкҳои Эрон дар Тоҷикистон қасд дорад, ки дар шаҳру ноҳияҳои кишвар бахшҳои худро ифтитоҳ кунанд. Ин пешниҳод дар мулоқоти сафири Эрон дар Душанбе Ҳуҷҷатуллоҳи Фағонӣ бо Ҷамшед Нурмуҳаммадзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон рӯзи 17 феврал садо додааст.
Абдуғаффор Қурбонов, сухангӯи Бонки миллӣ, рӯзи 18 феврал ба Озодӣ гуфт, тавсеаи ҳамкориҳо дар системаи бонкӣ ба манфиати ҳар ду кишвар хоҳад буд.
Феълан дар Тоҷикистон ду бонки эронӣ - “Тиҷорат” ва “Кафолат” фаъолият карда ва ба далели таҳримҳои Амрико ва Иттиҳодияи Аврупо дар қиболи Эрон ва камбуди сармояи лозимӣ ин бонкҳо наметавонистанд дар амалиёти бонкӣ дар ҳудуди Тоҷикистон фаъол бошанд. Қурбонов гуфт, дар пайи лағви таҳримҳо дар охирҳои соли гузашта ҳисобҳои байналмилалии бонкҳои Эрон боз шуда ва имконоти молии ин бонкҳо барои амалиёти бонкӣ, аз ҷумла, ҷалби сармояи эронӣ барои бунёди корхонаҳои муштарак фароҳам шудааст.
Ӯ гуфт: "Агар бонкҳои эронии мустақар дар Тоҷикистон имконот ва сарчашмаҳои молӣ дошта бошанд, “сандуқҳои қарзӣ”-ашон бузург бошанд, метавонанд дар шаҳру навоҳии Тоҷикистон бахшҳои худро боз карда ва ба соҳибкорони маҳаллӣ қарзҳои хурд диҳанд ё ба ин монанд амалиётро анҷом диҳанд. Дар сурати пешниҳоди қарз бо фоизи каму муддати дароз муштариёни онҳо зиёд мешавад. Бонки миллии Тоҷикистон аз ин гуна иқдоми ҷониби Эрон истиқбол мекунад."
Дар ҳамин ҳол, коршиносони масоили иқтисодӣ муътақиданд, ки ифтитоҳи бонкҳо дар ҳудуди Тоҷикистон ва ворид шудани асъори хориҷӣ ба кишвар ба беҳбуди вазъи молӣ ва мустаҳкам шудани қурби пули сомонӣ кумак хоҳад кард. Баҳром Шарифов, коршиноси мустақил мегӯяд, ин танҳо дар сурати дар ҳудуди Тоҷикистон истифода шудани сармояи воридотӣ муассир хоҳад буд.
Ӯ гуфт, "агар асъоре, ки ба бонкҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ворид мешаванд, дар дохил дар бунёди корхонаҳо ё муассисаҳо истифода шаванд ё ба соҳибкорону кишоварзон барои истеҳсоли маҳсулот дода шавад, ин амр барои рушди иқтисод ва мустаҳкам шудани қурби сомонӣ кумак хоҳад кард. Дар сурати дубора ба хориҷ барои харидории молу маҳсулот берун рафтани он Тоҷикистон аз ин маболиғ манфиате нахоҳад дид."
Феълан дар Тоҷикистон дар канори бонкҳои “Тиҷорат” ва “Кафолат” бонки дигаре бо номи “Kont Investment Bank” фаъолият дорад, ки ба Муртазо Бобаки Занҷонӣ - миллиардери эронӣ мансуб дониста мешавад. Ин бонк дар соли 2007 дар Душанбе таъсис ёфтааст.
Дар авохири соли 2013 мақомти интизомии Эрон Бобаки Занҷониро, ки гуфта мешавад ба Тоҷикистон ҳудуди 2 миллиард доллар сармоя ворид кардааст, боздошт карданд. Аммо Бонки миллии Тоҷикистон ворид шудани сармояи ҳангуфт аз ҷониби Занҷониро рад карда буд.
Бобаки Занҷонӣ тайи 10 соли ахир ба яке аз сармоягузорони матраҳ дар Тоҷикистон табдил ёфта ваӯро асосгузори «Конт – групп – Тоҷикистон» ҳолдинги густардае меҳисобанд, ки ширкатҳои алоҳида, назири Asian Express Terminal , «Конт – Таъминот», «Конт - Турист», Asian Express Airline ва «Конт – сохтмон» - ро идора мекунад. Ҳамчунин «Kont Investment bank» - ро низ ба ӯ рабт медиҳанд. Аммо Бонки миллии Тоҷикистон мегӯяд, ҳоло соҳибмулки ин бонк як шаҳрванди Туркия аст, на Занҷонӣ.
Эрон пас аз Русия дувумин шарики стратегии Тоҷикистон маҳсуб шуда, ин кишвар ба иқтисоди Тоҷикистон сармояи зиёде ворид кардааст. Аз ҷумла, бо сармояи 180 миллиондолларии Эрон неругоҳи “Сангтӯда-2” бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст. Ҳоло Эрон эълон кардааст, тарҳи бунёди неругоҳи барқи обии “Айнӣ”-ро бар фарози рӯди Зарафшон бо иқтидори 150 мегаватт баррасӣ мекунад.Ҳамчунин, бо сармояи ин кишвар нақби “Истиқлол”, ки манотиқи шимоли Тоҷикистон бо шаҳри Душанбе пайваст мекунад, бунёд гардид.
Ба эътиқоди коршиносон, пас аз раиси ҷумҳури Эрон интихоб шудани Ҳасани Рӯҳонӣ дар соли 2012 сатҳи ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ миёни Эрону Тоҷикистон то андозае поин рафта ва ширкати Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Ҳизби мамнӯъи наҳзати исломӣ дар конференсияи байналмиллии “Ваҳдати исломӣ” дар Теҳрон дар авохири моҳи декабри соли гузашта то ҳадде ба равобити ин ду кишвар соя афкандаст.