Сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии исломии Эрон Неъматулло Эмомзода ба вазорати умури хориҷии он кишвар даъват шудааст.
Сайти расмии вазорати умури хориҷии Эрон шомгоҳи 1-уми август аз қавли Баҳром Қосимӣ, сухангӯи вазорати умури хориҷии он кишвар навишт, ки сафири Тоҷикистон дар Теҳрон аз сӯи мудири кулли Авруосиёи вазорати умури хориҷии он кишвар даъват ва "эътирози он кишвар дар робита ба рафтори мақомоти тоҷик дар ҳодисаи террори дучархасаворони хориҷӣ дар Тоҷикистон ва ворид овардани иттиҳомоти кизб ва беасос ба Ҷумҳурии исломӣ, ба вай иблоғ шуд."
Баҳром Қосимӣ дар идома гуфтааст, ки дар ин мулоқот ба сафири Тоҷикистон тавзеҳ дода шуд, ки додани адреси ғалат сабаби ташвиқи террористҳои такфирӣ барои ташдиди иқдомоти хушунатбори худ шуда ва ба мувозоти он талошҳо барои эҷоди тафриқаи мазҳабӣ ва таблиғи он аз тарафи баъзе аз маҳофил ва ашхоси динӣ ва расонаӣ натиҷае ҷуз эҷоди таниш, ноамнӣ ва афзоиши иқдомоти террористӣ барои ин кишвар нахоҳад дошт.
"Сиёсате, ки натиҷаи он дар иқдоми ғайриинсонии ахир дар куштори дучархасаворони бегуноҳ ба вузуҳ қобили мушоҳида аст. Бе тардид бетафовутӣ нисбат ба тафаккури такфирии салафӣ ва ташвиқи ифротгароӣ тавтеаи душманони сулҳ ва субот ва амнияти минтақа аст",-гуфтааст оқои Қосимӣ.
Дар ин мулоқот масъули вазорати умури хориҷии Эрон изҳор доштааст, ки Теҳрон омодагӣ дорад "тамоми таҷриба ва имконоти худро барои муқобила бо ҷараёни такфирии ифротгаро бо ҳадафи таҳкими сулҳ ва суботи минтақа ва фароҳам овардани муҳите амн барои боло бурдани сатҳи зиндагӣ ва саодати мардуми минтақа дар ихтиёри дӯстон қарор диҳад."
Вазорати умури хориҷии Эрон мегӯяд, ки сафири Тоҷикистон гуфтааст, ки маротиби эътирози ҳукумати Ҷумуҳрии исломии Эронро ба иттилои мақомоти Тоҷикистон хоҳанд расонд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Рӯзи 29 июл гурӯҳи 7-нафарии сайёҳони хориҷӣ дар ҳудуди ноҳияи Данғара мавриди ҳамла қарор гирифтанд. Дар натиҷа, чор нафар кушта ва се нафар захмӣ шуданд. Кушташудаҳо – ду нафар амрикоӣ, як нафар швейсарӣ ва як нафар ҳолландӣ буданд. Туристони захмӣ аз Ҳолланд, Фаронса ва Швейсария мебошанд. Ин ҳамла дар таърихи Тоҷикистони соҳибиистиқлол бесобиқа гуфта мешавад.
Рӯзи 31 июл вазорати умури дохилии Тоҷикистон гуфт, ки дар пушти ҳамла ба ҳафт сайёҳи хориҷӣ дар ноҳияи Данғара - Эрон ва ҳизби мамнӯи наҳзати исломии Тоҷикистон қарор доранд. ҲНИТ билофосила ин иттиҳомро рад кард. Ин ҳам дар ҳоле буд, ки бо пахши як навори видеоӣ шоми сешанбе масъулияти ҳамла ба сайёҳонро гурӯҳи террористи и “Давлати исломӣ” ба дӯш гирифт.
Ин барои бори аввал нест, ки мақомоти тоҷик ҲНИТ ва Эронро дар даст доштан хушунат ва нооромӣ дар Тоҷикистон муттаҳам мекунанд. Мақомоти Тоҷикистон Ҳизби наҳзат ва раҳбари он Муҳиддин Кабириро ба ҳидояту ташкили ошӯбҳои моҳи сентябри соли 2015 муттаҳам мекунанд.
Ҳамчунин вазорати умури дохилии Тоҷикистон моҳи августи соли гузашта бо нашри як филми мустанад гуфт, Эрон дар қатли чанд чеҳраи саршиноси тоҷик дар солҳои навадум, аз ҷумла Сафаралӣ Кенҷаев, раиси собиқи Шӯрои олӣ ва раҳбари пешини ҳизби сотсиалистӣ даст дорад.
Сафорати Эрон дар Тоҷикистон он замон иддаоҳои матраҳшуда дар ин филми мустанади вазорати умури дохилии Тоҷикистонро рад кард ва гуфт аз нашри чунин филм "мутааcсиф" аст. Сафорат бо нашри як баёнияи расмӣ гуфт, "иддаоҳои матраҳшуда дар филм тавассути эътирофкунандагони маҳбус ва ба нақл аз касоне аст, ки дар қайди ҳаёт нестанд ва ҳатман наметавонад эътиборе дошта бошад."
Тоҷикистону Эрон тайи тақрибан се соли охир марҳилаи мушкили ҳамкориро паси сар мекунанд. Ин вазъ дар пайи даъвои молӣ бар сари пулҳои гӯё гумшудаи миллиардер Бобаки Занҷонӣ ва даъвати раиси ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ ба конфронси Теҳрон ба вуҷуд омадааст.