Эрон фурӯши бензинро маҳдуд кард. ВИДЕО

Навбат дар назди як бензинфурӯшӣ дар Теҳрон дар рӯзи 15-уми ноябр.

Бо афзоиши таъсири таҳримоти Амрико ба зидди Эрон, дар ин кишвар дар фурӯши бензин маҳдудият ҷорӣ карданд. Ширкати Миллии Тавзеи Маҳсулоти нафтии Эрон рӯзи 14-уми ноябр гуфт, ки ҳар як ронандаи мошини хусусӣ ҳақ дорад, дар як моҳ 60 литр бензин бигирад.

Агар аз ин миқдор бештар бихоҳад, бояд барои ҳар литр на 9 балки тақрибан 13 сент бипардозад. Қимати бензин барои таксиҳо ва мошинҳои ёрии таъҷилӣ низ тақрибан 13 сентӣ мешавад вале онҳо ҳақ доранд, то 500 литр бензин бигиранд. Агар аз ин бештар мехаранд, бояд барои ҳар литр 26 сентӣ бипардозанд. Сокинони Теҳрон мегӯянд, чунин маҳдудияту нархгузорӣ зиндагии мушкили мардуми Эрон мушкилтар мекунад.

Довуд Тайибӣ, яке аз сокинони Теҳрон ба хабаргузории “Ройтерс” гуфт: “Вазъият бадтар мешавад, барои мардум. Қатъан ҳамачӣ, маводи ғизоӣ ҳамачизи дигар гаронтар мешавад. Вазъияти иқтисодии мардум бадтар мешавад, на беҳтар. Барои давлат хуб мешавад, даромадаш аз ҳисоби бензин се баробар бештар мешавад.” Озодӣ як ронандаи таксӣ дар Теҳрон низ гуфтааст: “Танҳо зараре, ки метавонад, ворид кунад, ба худи миллат аст ва масрафкунандагони бензин.“

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Эрон фурӯши бензинро маҳдуд кард

Дар Эрон қимати бензин яке аз арзонтаринҳо дар ҷаҳон ба ҳисоб меравад, чун ҳукумат барои фурӯши он ёрона ва ё кӯмакпулӣ мепардозад. Ин кишвар соҳиби захираҳои азими нафту газ аст, вале ба сабаби таҳримоти байналмилалӣ наметавонад, истихроҷу коркарди онро зиёд кунад. Корхонаҳои коркарди нафт ҳам кӯҳна шудаанд ва ба сабаби таҳримоти иқтисодӣ, Эрон наметавонад, барои навсозии онҳо таҷҳизоти хориҷӣ бихарад.

Маҳдудият дар фурӯши бензин дар аҳди Маҳмуди Аҳмандинажод, раиси ҷумҳури собиқ дар соли 2007 хашми мардумро барангехт ва дар он сол чанд нуктаи бензифурӯширо оташ заданд. Ин маҳдудият соли 2015 аз байн бардошта шуд.

Баъди аз созиши атомӣ бо Эрон берун рафтани Амрико ва эъмоли дигарбораи таҳримот ба зидди ҷумҳурии исломӣ, бисёре аз эрониҳо мегуфтанд, ки мумкин аст, маҳдудият дар фурӯши бензин баргардад. Баъди эълони маҳдудият, навбатҳои дарозе дар нуктаҳои фурӯши бензин дар Теҳрон ба чашм расидааст.