Нигористон: Президенти Эрон дар натиҷаи афтодани чархбол ҷон дод

Навори видеоие, ки Ҳилоли аҳмари Эрон аз маҳалли афтодани чархбол субҳи 20-уми май нашр кард, саҳнаи аз ҷои фалокат бурда шудани ҷасадҳо дида мешавад. Дар дохили чархболи афтода, аз ҷумла, раиси ҷумҳурии Эрон Иброҳим Раисии 63-сола ва вазири корҳои хориҷӣ  Ҳусейн Амирабдуллоҳиён буданд. Ҳодиса дар ҳавои туманолуди шимолуғарби Эрон рух дод.  

Яке аз ҷасадҳо 
 

Ҷамъияти Ҳилоли аҳмари Эрон ин аксро нашр намуд. Дар он пораҳои чархболи шикаста дида мешавад. Телевизиони давлатии Эрон рӯзи 20 май гуфт, чархбол бо сабаби ҳавои бад афтод 

Дар амалиёти ҷустуҷӯи ҳавопаймову мусофиронаш тимҳои зиёди наҷотбахшон, аз ҷумла, аз кишварҳои хориҷӣ иштирок карданд 

Тумани зиёд кори ҷустуҷӯи чархбол ва сарнишинони онро мушкил намуд 

Рӯзи 19 май Раиси ба вилояти Озарбойҷони шарқии Ҷумҳурии Эрон барои ширкат дар маросими ифтитоҳи обанборе рафта буд. Дар ин маросим инчунин президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев иштирок кард 

Раисӣ ва Алиев дар маросими ифтитоҳи сарбанди бо номи "Худоофарин", воқеъ дар сарҳади Эрону Озарбойҷон иштирок карданд 

Вазъи ҳаво дар маҳалли ҷойгиршавии сарбанд баъди анҷоми маросими ифтитоҳи он бад шуд. Чархболи Раисӣ ба самти шаҳри Табриз ҳаракат мекард. Телевизиони давлатӣ гуфт, ки чархбол дар наздикии шаҳри Ҷалфо "нишасти сангине" анҷом дод. Чандин расонаи наздик ба ҳукумат бо такя ба манбаъҳояш гуфт, ки чархбол ҳангоми расидан ба  як маҳаллаи кӯҳиву ҷангалзоре суқут кард. 

Мизи холишудаи Иброҳим Раисӣ баъди тасдиқи марги ӯ 

Раисӣ соли 2021 президенти Эрон интихоб шуд ва дар давраи ӯ озодиҳои ҷамъиятӣ боз бештар маҳдуд ва саркӯб гардид. Марги Маҳсо Аминӣ ва эътирозҳои сартосарии Эрон барои таҳмили ҳиҷобу либоси пӯшидаи занонаро бераҳмона саркӯб карданд, садҳо нафар куштаву ба зиндон рафт, вале ҳукумати Раисӣ ҷазо барои вайрон кардани қоидаи ҳиҷобпӯширо боз ҳам сахттар кард 
 

Мақомоти Эрон рӯзи 20 май эълон карданд, ки президент Иброҳим Раисӣ ва чандин мақомдори дигари ин кишвар дар натиҷаи афтодани чархбол ба ҳалокат расиданд. Амалиёти ҷустуҷӯ рӯзи 19 май, баъди аз радарҳо нопадид шудани чархбол шурӯъ шуд.