Инқилоби исломии Эрон ба ривояти тасвир. 30 АКС

Теҳрон рӯзи 7-уми сентябри соли 1978 шоҳиди коршиканӣ ва эътирозҳои умумӣ алайҳи шоҳ буд. Ин рӯз ҳамчун "Ҷумъаи сиёҳ" шинохта шуд ва эътирозҳо саросари кишварро фаро гирифт ва эътирозгарон шоҳро ҳамчун гумоштаи Амрико хитоб кардад. Чаҳор рӯз баъд вазъияти фавқулодда эълон шуд. 

Бо вуҷуди эълони ҳолати фавқулодда, ҳазорон нафар аз эътирозгарон рӯзи 9-уми октябри соли 1978 ба хиёбонҳои Теҳрон рехтанд ва алайҳи шоҳ Муҳаммадризо Паҳлавӣ шиорпартоӣ карданд.

Эътирозҳо рӯзи 5-уми ноябри соли 1978 дар хиёбонҳои Теҳрон ба даргирӣ мунҷар шуд. Дар авохири ин моҳ миёни сарбозон ва донишҷӯён дар Донишгоҳи Теҳрон бархӯрди хунин сурат гирифт.
 

Дар эътирозҳои рӯзи 28-уми ноябри соли 1978 донишҷӯён алайҳи Муҳаммадризо Паҳлавӣ, ки аз соли 1941 ҳукуматро дар даст дошт, шиорҳои "Марг бар шоҳ"-ро сар доданд.

Эътирозҳои зиддиҳукуматӣ дар майдони марказии Теҳрон. 10-и декабри соли 1978.

Як рӯҳонӣ дар бозори Теҳрон дар рӯзи 16-уми декабри соли 1978 охирин паёми раҳбари дар табъидбуда Оятуллоҳ Руҳуллоҳ Хоманаиро қироат мекунад.

Як мошин бо рамз ё нишонаи Пепси рӯзи 27-уми декабри соли 1978 дар ҷараёни тазоҳуроти зиддиҳукуматӣ ба оташ кашида шуд.

Эътирозгарони зиддишоҳӣ рӯзи 1-уми январи соли 1979 аксҳои Оятуллоҳ Хумайниро ба даст доранд. Оятуллоҳ Хумайнӣ барои 14 сол дар табъид ба сар мебурд. Наворҳои садоии Хумайнии 76-сола, ки ба таври пинҳонӣ ба Эрон ворид мешуданд, ба эътирозҳо "оташ" мерехт.

Даргирӣ миёни эътирозгарон ва нерӯҳои амниятӣ. Рӯзи 14-уми январи соли 1979.
 

Беш аз 100 ҳазор нафар аз эътирозгарон рӯзи 15-уми январи соли 1979 дар Масҷиди Бозори Теҳрон таҷаммӯъ карданд. Нерӯҳои амниятӣ ба тарафи эътирозгарон гузаштанд. Мардум онҳоро гулборон мекарданду ба оғӯш мекашиданд ва мебӯсиданд, дар ҳоле, ки шиор сар медоданд, "Зинда бод Хумайнӣ" ва "Марг ба шоҳ".

Шоҳи Эрон Муҳаммадризо Паҳлавӣ бо ҳамсараш Фараҳ фурудгоҳи Меҳрободи Теҳрон. 16-уми январи соли 1979. Марде, ки барои 37 сол бар Эрон ҳукм кард, дигар ба кишвараш барнагашт ва 13 моҳ моҳ пас аз тарки Теҳрон, дар Миср вафот кард.

Муҷассамаи сарнагуншудаи шоҳ дар Теҳрон. 18-уми январи соли 1979.

Тонкҳои артиши Эрон дар роҳи фурудгоҳи Теҳрон. Артиш монеи парвози як ҳавопаймои ширкати ҳавоии Эрон шуд, то ба Порис парвоз кунад ва раҳбари табъидӣ Оятуллоҳ Хумайниро ба Эрон биёрад.

Чанд рӯз пас аз ихроҷи шоҳ, ҳазорон нафар, ба шумули хориҷиҳо маҷбур шуданд Эронро тарк кунад. Ин афрод аз ҷумла рӯзи 25-уми январи соли 1979 дар толори хуруҷии Фурудгоҳи Меҳробод ҷамъ омада ва мехостанд ба кишварҳои худ сафар кунанд. 

Дар ҳоле, ки як халои раҳбарӣ ва нооромиҳои сиёсӣ ба миён омада буд, рӯзи 26-уми январи соли 1979 дар Теҳрон чанд даргирии пароканда сурат гирифт.

Оятуллоҳ Хумайнӣ, рӯзи 31-уми январи соли 1979 бӯстонсарои худ дар наздикии Порисро тарк кард, то ба ба Теҳрон сафар кунад.

Оятуллоҳ Хумайнӣ рӯзи 1-уми феврали соли 1979 вориди Теҳрон шуд. Ҳудуди 120 хабарнигор дар парвоз аз Порис ба Теҳрон ӯро ҳамроҳӣ карданд. 

Хумайнӣ дар миёни тадобири шадиди амниятӣ ҳини хуруҷ аз фурудгоҳ дар роҳ ба сӯи оромгоҳи Биҳишти Заҳро дар Теҳрон.

Тарафдорони инқилоб дар роҳи корвони мошинҳои Хумайнӣ ба сӯи оромгоҳи Биҳишти Заҳро саф кашидаанд.  

Суханронии Оятуллоҳ Хумайнӣ дар оромгоҳи Биҳишти Заҳро пас аз бозгашт ба Теҳрон.
 

Оятуллоҳ Хумайнӣ бо писараш Аҳмад. Ӯ дар миёни мардум суханронӣ мекунад. 4-уми феврали соли 1979.
 

Маҳди Бозаргон дар миёни тадобири шадиди амниятӣ рӯзи 9-уми январ дар Донишгоҳи Теҳрон суханронӣ кард. Оқои Бозаргон аз сӯи Оятуллоҳ Хумайнӣ ба унвони раҳбари ҳукумат баргузида шуд то як интихоботи шаффофро дар кишвар баргузор кунад ва роҳро барои ҳукумати исломӣ ҳамвор намояд.

Мошинҳои "Ёрии таъҷилӣ" пас аз бархӯрд дар Теҳрон дар рӯзи 10-уми феврали соли 1979, захмиёнро интиқол медиҳанд. Бар асари даргирӣ миёни артиш ва тарафдорони Хумайнӣ беш аз 60 нафар кушта ва маҷрӯҳ шуданд.
 

Мардони мусаллаҳи тарафдори Оятуллоҳ Хумайнӣ дар рӯбарӯи сафорати Амрико дар Теҳрон, рӯзи 15-уми феврали соли 1979, як рӯз баъд аз юриш ба ин бинои дипломатӣ. 

Захмиёни даргирӣ дар Сафорати Амрико тавассути мардони мусаллаҳи тарафдори Оятуллоҳ Хумайнӣ ба бемористон интиқол дода мешаванд. 

Як шаҳрванди амрикоӣ дар Теҳрон, 17-уми феврали соли 1979. Ҳазорон нафар аз амрикоиҳо дар пайи муҳосираи сафорати Амрико, тарки Эрон карданд.

Мардони мусаллаҳи дар Фурудгоҳи байналмилалии Теҳрон, 18-уми феврали соли 1979. Садҳо шаҳрванди Амрико талош доштанд, ки тавассути парвозҳои изтирорӣ Эронро тарк кунанд. 

Даҳҳо ҳазор зан рӯзи 16-уми марти соли 1979 дар Теҳрон бо пуштибонӣ аз даъвати Оятуллоҳ Хумайнӣ барои мушорикати бонувон дар ҳаёти сиёсӣ ҷамъ омаданд.
 

Дарвозаи Сафорати Амрико дар Теҳрон, 27-уми ноябри соли 1979. Донишҷӯён ба бинои сафорат юриш бурда ва 52 амрикоиро ба гарав гирифтанд ва талаб карданд, ки шоҳ ба Эрон баргардад. Бӯҳрони гаравгонгирӣ 444 рӯз, то январи соли 1981 идома кард.

Рӯҳониён ба сӯи манзили Оятуллоҳ Хумайнӣ дар Қум дар ҳаракатанд, 19-уми декабри соли 1979. Оятуллоҳ Хумайнӣ дар ин моҳ раҳбари олии Эрон шуд.