Бозӣ ба поёни худ наздик мешавад. Пешнависи созиш омода аст, вале он садоҳои нерӯманди норозигиро аз дуриҳои мизи гуфтугӯ баланд кардааст. 31 март бояд қарордод имзо шавад.
Беруниҳо барои тарафҳои муомила марзҳои ақибнишинро кашидаанд, ки махсусан ба лағви таҳримҳо, сарнавишти иншооти ҳастаии Эрон ва ваъдаи Теҳрон ба насохтани силоҳи ҳастаӣ дахл доранд. Зоҳиран ин марзҳо, қатъи назар ки дар Эрон ё Ғарб кашида мешаванд, ҷое барои гузашт боқӣ намегузоранд ва ҳолатеро пеш меоранд, ки яке аз тарафҳо дарро задаву аз хонаи музокирот берун равад.
САРСАХТОНИ ЭРОН
Раҳбари олии Эрон ҳарфи охирро дорад, аммо эҳтимол меравад, сарсахтони атрофи ӯ ба натиҷаи ниҳоии гуфтушунид таъсири умда гузошта тавонанд.
Дар миёни онҳо Сайид Ҷалолӣ, музокиракунандаи аршади Эрон дар умури ҳастаӣ дар давраи раёсати Маҳмуди Аҳмадинажод, эътилофи Ҷабҳаи Пойдорӣ ва аносире дар Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ва дигарон номбар мешаванд.
Талабҳои умумии онҳо:
- Созиш набояд барномаи ғанисозии урани Эронро аз байн барад.
- Бе тағйири таҳримҳои иқтисодӣ ва ҳарбӣ созише ҷой нахоҳад дошт.
- Ҳамаи таҳримҳо, қатъи назар, ки ИМА, ИА ё СММ ҷорӣ кардааст, бояд фавран бекор карда шаванд.
- Ҳама гуна таҳрими нав созишро ба ҳам хоҳад зад.
Алӣ Воиз, таҳлилгари аршади эронӣ дар Гурӯҳи Байнулмилалии Бӯҳроншиносӣ мегӯяд, мухолифати гурӯҳи сарсахт “аз манфиатҳои идеологӣ, геостратегӣ ё иқтисодӣ” бармеояд.
ҲАМЛАҲО БА РӮҲОНӢ ВА ЗАРИФ
Бо вуҷуди он ки раҳбари олии Эрон оятуллоҳ Алии Хоманаӣ аз созиши ҳастаӣ пуштибонӣ кардааст, муҳофизакорон танқиди худро ба сӯи раисиҷумҳур Ҳасани Рӯҳонӣ ва музокиракунандаи асосии Эрон, вазири умури хориҷии ин кишвар Ҷавод Зариф равона кардаанд.
Моҳи январ онҳо Зарифро барои қадам задан ҳамроҳи вазири умури хориҷии Амрико Ҷон Керрӣ дар танаффуси гуфтушунидҳои ҳастаӣ дар Женева ҳадафи ҳамла қарор доданд.
Ҳамзамон бо ин фармондеҳи Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ нармиши Рӯҳониро бо Ғарб танқид кард. Генерал Муҳаммадризо Нақбӣ гуфт: “Инқилобиҳои дурӯғин, ки ба хотири даст ёфтан ба раҳбарӣ ва сарват ба инқилобиҳо пайвастаанд, аз зарурати гузаштҳо ҳарф мезананд.”
Аммо ба ақидаи коршинос Воиз гурӯҳи сарсахтон ақаллиятро ташкил медиҳад ва бори аввал аст, ки саромадони сиёсии Эрон ба ҳалли босуръати баҳси ҳастаӣ розиянд. Мавзеъгирии оммавӣ низ ин аст, ки таҳримҳо бояд лағв шаванд.
РАҲБАРИ ОЛИИ ЭРОН
Бо вуҷуди талошҳои зиёд сарсахтон натавонистанд президент Рӯҳонӣ ва гурӯҳи музокиракунандаи ӯро бо мушкил рӯбарӯ кунанд. Оятуллоҳ Хоманаӣ аз ин гуфтушунид ҳимоят кард, вале ҳамзамон баъзе талабҳоро ба миён гузошт.
Хоманаӣ пайваста Иёлоти Муттаҳидаро танқид мекунад, ҳатто дар ҳоле ки хушбинӣ нисбати созиш бо Ғарб ҳамарӯза бештар мешавад.
Дар ҷашни Наврӯз дар Машҳад Хоманаӣ Амрикоро айбдор кард, ки ба Эрон зӯргӯӣ мекунад.
Ҳангоме ки нидои “Марг бар Амрико!” баланд шуд, Хоманаӣ ба ором кардани издиҳом талош накард, балки гуфт: “Албатта, Марг бар Амрико! Зеро Амрико манбаи аслии ин фишор аст.”
Ба ақидаи Воизӣ, Хоманаӣ хостори созиш аст, вале на созише, ки низомро халалдор кунад. Аз сӯи дигар талош бар ин аст, нишон дода шавад, ки Эрон на аз сари сустӣ бо Ғарб вориди гуфтушунид шудааст.
КОНГРЕССИ ИЁЛОТИ МУТТАҲИДА
Ҳар қадар ки умеди созиш байни Эрон ва Ғарб бештар мешавад, ҳамон андоза нигарониҳо дар Конгресси Иёлоти Муттаҳида низ баландтар садо медиҳанд.
Рӯзи 9-уми март сенаторҳои ҷ умҳурихоҳ дар номае ба сарони Эрон ҳушдор доданд, ки ҳама гуна созиши миёни ИМА ва Эрон ба тасвиби сенати Амрико ниёз хоҳад дошт. Агар аз се ду ҳиссаи сенат онро дуруст нашуморанд, созиш як ҳуҷҷати байни раисиҷумҳури Амрико Барак Обама ва раҳбари Эрон Хоманаӣ боқӣ хоҳад монд. Чунин санад, ба ҳушдори сенаторҳо, метавонад дар ҳар фурсат аз тарафи Конгресс бекор ё таҳрир шавад.
Қасри Сафед ин номаро танқид кард, аммо Теҳрон онро нишонаи айёрии Вашингтон номид.
Сенатор Марко Рубио аз Флорида, яке аз муаллифони нома, ки номзади эҳтимолии ҷумҳурирхоҳон дар интихоботи президентии соли 2016 шумурда мешавад, гуфтааст, агар вай пирӯз гардад, назари ҳампаймонҳои аврупоиро “мутлақан” рад ва агар зарур шуд, худи созишро ҳамчун меорси Обама беэътибор эълон хоҳад кард.
Рӯзи 23 март 367 узви Маҷлиси намояндагони Амрико дар як номаи умумӣ ба “масъалаҳои хатарнок ва фаврӣ”-е таваҷҷӯҳ карданд, ки аз гуфтушунид ва муносибатҳо бо Эрон берун омадаанд.
Дар он ба чунин масъалаҳо ишора шудааст:
- Ҳаҷми феълии барномаи ғанисозии уран дар Эрон
- Камбуди ҳамкории Эрон бо бозрасони байнулмилалӣ ва зарурати бозрасиҳои ногаҳонӣ
- Зарурати далелҳои озмудашавандаи маҳдудияти барномаи ҳастаии Эрон, ки бояд даҳсолаҳо идома кунад
- Нақши “ташаннуҷовар”-и Эрон дар Ховари Миёна ва собиқаи тарсовари ҳуқуқи инсон
Дар нома ба гунаи қатъӣ гуфта мешавад, “Конгресс бояд бовар дошта бошад, ки шартҳои он ҳама гуна роҳро барои сохтани бомба мебанданд ва танҳо конгресс метавонад лағви доимии таҳримҳоро баррасӣ кунад”.
БОЗИГАРОНИ МИНТАҚАӢ
Сарвазири ба тозагӣ дубора интихобшудаи Исроил Бенямин Нетаняҳу изҳори тарс кард, ки созиш метавонад “роҳи Эронро ба сӯи бомба” ҳамвор кунад ва ӯ аз эҳтимол дур надонист, ки агар созиш ҳосил гардад, нерӯҳои кишвараш ба Эрон зарба хоҳанд зад.
Дар паёме ба конгресси Иёлоти Муттаҳида аввали ин моҳ Нетаняҳу пайомадҳои вазнини созиш бо Эронро барои Ховари Миёна пешгӯӣ кард ва ба қонунгузорон гуфт, Эрон кишварҳои минтақаро “фурӯ мебарад”.
Дар ин байн, Арабистони Саудӣ -- рақиби Эрон дар минтақа гуфтааст, ҳама гуна созише, ки ба Теҳрон имкони ғанисозии уранро медиҳад, сабаби пойгаи таслиҳотӣ дар Ховари Миёна хоҳад шуд.
Раҳбари пешини хадамоти истихборотии Саудия ва сафири собиқи ин кишвар дар Вашингтон, шоҳзода Туркӣ ал-Файсал, рӯзи 17 март ба Би-би-сӣ гуфт, “ҳарчӣ ҳосили ин гуфтушунидҳо шавад, мо ҳам онро мехоҳем”.
ҒАЙРИДАВЛАТИҲО
Созмони Муҷоҳиди Халқ (СМХ), як гурӯҳи мухолифони ҳукумати Эрон дар хориҷ, ки Теҳрон онро созмони террористӣ мехонад, аз оғоз бо ифшогарии фаъолиятҳои ҳастаии Эрон машғул будааст.
СМХ аввалин шуда дар соли 2002 хабар дод, ки Теҳрон аз пайи барномаи махфии ҳастаист. Сар аз он вақт ин мухолифи деринаи давлати Эрон ҳамасола баёнияҳое медод, ки имкони озмоиши онҳо мавҷуд нест.
Ахиран, СМХ Теҳронро ба он айбдор кард, ки пажӯҳишҳоро барои сохтани силоҳи ҳастаӣ дар як корхонаи Теҳрон идома медиҳад. Эрон ин иттиҳморо рад кард.