"Шутурро бо бораш бурданд"...гум шудани пули 1,6 млн тонна гандум дар Эрон

Як мақоми эронӣ аз "гум шудан"-и пули хариди як миллиону 600 ҳазор тонна гандум дар давраи президентии Маҳмуди Аҳмадинажод хабар додааст.
Муҳаммадризо Хаббоз, як мақоми раёсати ҷумҳури Эрон дар гуфтугӯе бо вебсайти "Хабар онлайн", ки рӯзи сешанбе мунташир шуд, гуфтааст: "Қадимиҳо мегуфтанд, шутурро бо бораш бурданд... ҳоло яке аз ҳодисаҳое, ки рух дода, ин аст, ки пули як миллиону 600 ҳазор тонна гандумро аз Бонки марказӣ гирифтаанд, аммо на гандум ворид кардаанд ва на пулро пас додаанд."

Хабар тафсилоти бештаре дар бораи чигунаии ин ҳодиса ва амалкарди давлат барои бозгардони ин пули "гумшуда" ироа накардааст, аммо танҳо гуфтааст, ки моҷаро дар замони таҳримҳо рух додааст. Ин ҳодиса ба эҳтимоли зиёд дар даврони раёсати ҷумҳури Маҳмуди Аҳмадинажод сурат гирифтааст.

Ин мақоми эронӣ бо ишора ба мухолифати бархе аз гурӯҳҳо дар дохили Эрон бо музокироти ҳастаии Эрон бо Ғарб мегӯяд: "Иддае бо шикаста шудани таҳримҳо мухолиф ҳастанд. Магар таҳримҳо чи хубӣ барои мо доштаанд, ки онҳо бо ин мавзӯъ мухолиф ҳастанд? Аз ин ки онҳо аз ин таҳримҳо фоида бурдаанд, медонанд, ки агар таҳримҳо бишканад, пулҳои нафт ба дохили кишвар боз гардад, вазъ оддӣ мешавад ва дар ин шароит наметавонанд бигӯянд, ки "ман биравад барои шумо нафт бифурӯшам" ва баъд ҳам ошро бо ҷояш бихӯранд."

"Хабар онлайн" пеш аз ин низ ба нақл аз Яҳё оли Исҳоқ, раиси утоқи бозаргонии Теҳрон навишта буд, ки замони фишору таҳримҳои иқтисодӣ алайҳи Эрон, "косибони таҳрим" 25 миллиард доллар фоида кардаанд. "Косибони таҳрим" дар дохили Эрон ба касоне гуфта мешавад, ки дар замони таҳримҳо алайҳи Эрон, фоидаҳои ҳангуфт касб кардаанд.

Оқои оли Исҳоқ гуфта буд, "таҳримҳо хароҷоти мардумро чанд маротиба афзоиш додааст ва аз он, даромаде беш аз 25 миллиард долларро дар марҳилаҳои гуногун ба ҷайби сӯиистифодакунандагон ворид кард."

Ҳасани Рӯҳони, раиси ҷумҳури Эрон ҳам чанд моҳ қабл гуфта буд, "гурӯҳе ба унвони аз байн бурдани таҳримҳо, манофеи миллиро зери пой карданд ва пули миллатро бардоштанд."

Бобаки Занҷонӣ, тоҷири эронӣ, ки ҳоло дар зиндон ба сар мебарад, аз ҷумлаи афроде аст, ки ба гуфтаи худ дар коҳиши таҳриҳо алайҳи Эрон нақши бузурге доштааст.