Фаронса боздошти шаҳрвандонашро дар Эрон маҳкум кард

Фиребо Одилхоҳ. Акси соли 2012

Давлати Фаронса тасдиқ кард, ки як пажӯҳишгари дигари фаронсавиро дар Эрон дастгир кардаанд ва гуфт, вазъи пешомада ғайри қобили қабул аст.

Вазорати умури хориҷии Фаронса рӯзи 16-уми октябр гуфт, пажуҳишгар Роланд Маршалро моҳи июн, ҳамзамон бо Фиребо Одилхоҳ дастгир кардаанд, ки тобеияти Фаронсаву Эронро дорад. Ҳарду пажӯҳишгарони Муассисаи Мутолиоти Сиёсии Париж ҳастанд.

Пештар маълум буд, ки Фиребо Одилхоҳро дастгир кардаанд, вале Вазорати умури хориҷии Фаронса боздошти Роланд Маршалро тасдиқ накарда буд. Маълум нест, ки пажӯҳишгарон ба чӣ ҷинояте муттаҳам мешаванд.

Анйес вон дер Мулл, сухангӯи Вазорати умури хориҷии Фаронса, аз мақомоти Эрон хост, "дар ин парвандаҳо шаффофият нишон дода, ба ин вазъи ғайри қобили қабул бидуни таъхир поён бидиҳанд.”

Бино ба гузоришҳо, мақомоти Фаронса хостаанд, бо гуфтугӯи пинҳонӣ бо мақомоти Эрон Маршалро раҳо кунанд ва барои ҳамин боздошти ӯро ошкор накардаанд. Анйес вон дер Мулл гуфт, консули кишвараш ба дидори Роберт Маршал рафтааст ва ӯ вакили дифо дорад.

Мудирони Муассисаи Мутолиоти Сиёсии Париж (SciencePo) бо ирсоли номаи электронӣ ба донишҷӯён боздошти муҳаққиқонро “худсарона, нанговар, нафратовар” номида, маҳкум кардаанд. Бино ба гузоришҳо, Маршал ва Одилхоҳро дар зиндони бадноми Эвин дар Теҳрон нигаҳ медоранд. Рӯзномаи фаронсавии “Ле Фигаро” ва хабаргузории “Ройтерс” аввалин шуда, дар бораи боздошти Роберт Маршал рӯзи 15-уми октябр хабар доданд.

Эрон боздошти Фиребо Одилхоҳи 60-солаи мардумшиносро кори дохилии кишвар номида, ба дипломатҳои фаронсавӣ иҷозаи боздид бо ӯро надодааст. Эрон тобеияти дувуми шаҳрванди кишварро эътироф намекунад.

Боздошти паноҳҷӯи эронӣ, ки ҳаққи иқомати Фаронсаро дорад

Рӯзи 14-уми октябр Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломии Эрон эълон кард, ки Рӯҳуллоҳ Зам, яке дигар аз шаҳрвандони кишвар ва паноҳҷӯ дар Фаронсаро дастгир кардааст. Онҳо иддао карданд, ки Рӯҳуллоҳ Зам аз маъмурони амниятии Фаронса, Амрико ва Исроил дастур гирифта ва аз тарафи онҳо пуштибонӣ мешудааст.

Руҳӯллоҳ Зам

Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломии Эрон нагуфтааст, ки чӣ гуна Рӯҳуллоҳ Замро, ки дар Фаронса буд, дастгир кардаанд ва фақат изҳор доштааст, ки ӯро аввал ба Эрон "раҳнамун сохтанд". Вазорати умури хориҷии Фаронса гуфт, Рӯҳуллоҳ Зам, ки паноҳҷӯ аст ва ҳаққи иқомат дорад, рӯзи 11-уми октябр кишварро тарк карда ва дар хориҷ дастгир шудааст. Вазорат афзуд, маълумоти мушаххасе дар бораи дар куҷову чӣ гуна боздошт шудани Зам надорад, вале афзуд, мақомоти кишвар ин амалкардро қотеона маҳкум мекунанд.

Телевизиони давлатии Эрон навори мардеро нишон дод, ки дар назди парчами Эрон ва Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломӣ нишаста, худро Зам ва муассиси “Амаднюс” муаррифӣ мекунад. Ин мард дар ҷое бахшиш мепурсад ва мегӯяд: "Эътимод ба ҳукуматҳо ва бахусус ҳукуматҳое, ки нишон медиҳанд, бо Ҷумҳурии Исломӣ робитаи хуб надоранд, дуруст нест" ва Амрикову Исроил, Арабистони Саудӣ ва Туркияро ном мебарад.

Боздошти се нафар, мумкин аст, талошҳои Эммануэл Макрон, раиси ҷумҳури Фаронсаро барои коҳиш додани танишҳо байни Амрикову Эрон печида кунад. Ҳафтаи гузашта Вазорати умури хориҷии Фаронса ба шаҳрвандони кишвар ҳушдор дод, ки ба сабаби "танишҳои минтақавӣ" ва "боздоштҳои худсаронаи нерӯҳои амниятии Эрон" ба ин кишвар сафар накунанд. Мақомоти Эрон дар чанд соли гузашта даҳҳо шаҳрвандро, ки тобеияти дигар кишварҳоро ҳам доранд, бо иттиҳоми ҷосусӣ дастгир кардааст, вале ҳеҷ гуна далеле барои собит кардани ин иддаоҳо пешниҳод накардаанд.