Ҳазорон нафар аз бозмондагони заминларза дар марзи Эрону Ироқ як шаби дигарро дар ҳавои сард ва дар хаймаҳои худсохт сипарӣ карданд. Мардум дар инҷо ба обу ғизо ва дигар маводи аввалия эҳтиёҷ доранд. Дар вилояти Кирмоншоҳ, ки дар заминларзаи рӯзи 12-уми ноябр бештар аз ҳама осеб дид, 520 нафар кушта шуданд ва бештар аз 8 ҳазор нафар захм бардоштанд.
Мақомоти Эрон мегӯянд, ки дар маҷмӯъ чанд шаҳр ва ду ҳазор русто осеб дидаанд. Баъзе аз рустоҳо комилан ба хок яксон шудаанд. Дар шашҳри Изгилоҳ ба гуфтаи мақомот 80 дар сади хонаҳо фурӯ рехтаанд. Созмонҳои имдодӣ ба осебдидагон кӯмак мерасонанд ва мақомоти Эрон амр додаанд, ки рафъи паёмадҳои фалокат ва кӯмак ба мардуми мӯҳтоҷ ҳар кори мумкинро анҷом бидиҳанд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Нерӯи заминларза бештар аз 7 дараҷаро ташкил медод ва шаб рух додааст. Ҳасан Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳури Эрон рӯзи 14 ноябр ба Кирмоншоҳ сафар кард ва қавл дод, ки ҳукумат барои ҳалли мушкилоти мардум аз тамоми нерӯ истифода хоҳад кард.
Заминларза дар он сӯи марзи Эрон, дар манотиқи камаҳолии шимоли Ироқ низ талафот ба бор овард. Дар ин тараф дар манотиқи курднишин 7 нафар кушта шудаанд ва 530 нафар захм бардоштаанд.
Эрон мисли Тоҷикистон дар як минтақаи зилзилахези ҷаҳон ҷойгир аст ва дар гузашта ҳам шоҳиди заминларзаҳои вайронгар шудааст. Дар соли 2003 дар натиҷаи заминларза дар шаҳри бостонии Бам дар Эрон 26 ҳазор нафар кушта шуданд.