Мақомоти Эрон мегӯянд, як ҳавопаймои мусофирбари кишвар бо даҳҳо мусофир дар вилояти Исфаҳон суқут кардааст.
Тамоми 66 нафар, бо шумули сарнишинони ҳавопаймои дар як минтақаи кӯҳистонии вилояти Исфаҳон ҳалок шудаанд.
Ҳавопаймо рӯзи 18-уми феврал ҳангоми парвоз аз Теҳрон ба шаҳри шимолу ғарби Ясуҷ дар кӯҳҳои Загрос суқут кард. Ҳавопаймои ATR- 72 ба ширкати ҳавоии "Осмон" -и Эрон тааллуқ дошт. Тақӣ Таботабоӣ, сухангӯи ширкат гуфт, ки ҳавопаймо дар қуллаи Дино, дар баландии 440 метр афтодааст ва тамоми мусофирону халабонҳо кушта шудаанд.
Вале ӯ баъдан ба хабаргузории ИСНА гуфт, ки “Мо ҳанӯз ба маҳалли суқут дастрасӣ надорем ва наметавонем, марги тамоми мусофирони ҳавопайморо таъид кунем.”
Ҳавопаймо 60 мусофир ва 6 халабон дошт. Сабаби фалокат маълум нест. Кумитаи Ҳилоли Аҳмари Эрон гуфт, ки 12 гурӯҳи наҷотбахшро ба маҳалли суқути ҳавопаймо фиристодааст. Ба гуфтаи телевизиони давлатии Эрон ҳавои номусоид нагузоштааст, ки чархболи наҷот ба маҳалли ҳодиса бирасад.