Ифтитоҳи роҳи оҳани Қазоқистон --Туркманистон -- Эрон

Президентҳои Туркманистон, Қазоқистон ва Эрон роҳи нави оҳанеро ифтитоҳ намуданд, ки ин се кишварро ба ҳам мепайвандад.

Рӯзи 3-юми декабр дар Туркманистон, президентҳои Эрон ва Қазоқистон Ҳасан Рӯҳонӣ ва Нурсултон Назарбоев якҷо бо ҳамтои туркмани худ Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов дар расми ифтитоҳи роҳи оҳани нав ширкат карданд.

Ин роҳ, ки 935 километр дарозӣ дорад, аз Узени Қазоқистон ва Баракати Туркманистон ва аз он ҷо то Гургони Эрон мерасад ва кӯтоҳтарин роҳи оҳанест, ки се кишвари ҳошияи Дарёи Хазар ё Баҳри Каспиро ба ҳам васл мекунад.

Намояндаи дастгоҳи раёсатҷумҳурии Қазоқистон гуфтааст, роҳи оҳани нав ҳаҷми табодули колоро дар байни се кишвар аз 3 миллион тонна дар сол то 10 миллион тонна мерасонад ва қарор аст, ин рақам дар соли 2020 ба 20 миллион тонна расад.

Эрон ва ҷумҳуриҳои собиқи шӯравии Туркманистон ва Қазоқистон ҳама бо Дарёи Хазар ё Баҳри Каспи соҳил дошта, дар байни панҷ кишвари ҳошияи он, бо иловаи Озарбойҷон ва Русия мояи ихтилоф шудааст.

Қазоқистон бо Эрон марзи заминӣ надорад ва сафари мусофирон аз ин кишвар ба Эрон ба иллати назорати сахт дар Туркманистон хеле кам аст.