Нашрияи La Stampa, чопи Руми Итолиё, интихоботи раёсатҷумҳурии Тоҷикистонро “пешгӯишавандатарин дар таърихи ин кишвари Осиёи Марказӣ” номидааст. “Касе заррае шубҳа надошт, ки рӯзи нав бо мандати нави президентии Эмомалӣ Раҳмон шурӯъ мешавад,” - навиштааст хабарнигори нашрия ва афзудааст, ки раисиҷумҳури феълӣ Эмомалӣ Раҳмон аз соли 1992 раҳбарии кишварро бар дӯш дорад ва аз рӯи собиқаи раҳбарӣ дар садри сарони Осиёи Марказӣ қарор мегирад, зеро боз 7 соли дигар ба Тоҷикистон сарварӣ хоҳад кард.
Ба навиштаи La Stampa, “маъракаи интихоботӣ тобиши сюрреалистӣ дошт – номзадҳои дигар ба ҷойи ба онҳо даъвати раъй додан таъкид мекарданд, ки мардум аз “номзади арзанда” пуштибонӣ намояд.” “Расман Эмомалӣ Раҳмон дар маъракаи интихоботӣ ширкат надошт, вале ҳама шабакаҳои телевизионии кишвар аз субҳ то шом фақат дар бораи ӯ ҳарф мезаданд. Ба дигар номзадҳо барои ироаи барномаҳояшон ҳамагӣ ним соатӣ вақт ҷудо шуда буд, ” - омадааст дар матлаб. Дар посух ба суоли нозирони Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар бораи набудани баҳсу мунозира дар маъракаи пешазинтихоботӣ, бархе ах номзадҳо ба ҳимоят аз раисиҷумҳури феълӣ бархоста, гуфтаанд, ки барои онҳо мушкиле эҷод нашудааст.
Ба навиштаи La Stampa, номзади демократҳо Саидҷаъфар Исмонов аввал иқрор кард, ки эълону овезаҳои ӯ ба таври асроромез ғайб заданд ва аммо билофосила изҳор намуд, ки аз маъракаи интихоботӣ розист. “Вале ин сюрреализм дар яке аз фақиртарин ва ақибмондатарин кишварҳои шӯравии собиқ касеро ҳайрон намекунад. Тоҷикистон дар қиёс бо ҳамсояҳояш захираи бузурги табиӣ надорад ва ягона моли “содиротӣ”-яш худи тоҷикҳоянд, ки барои муҳоҷират ба Русия мераванд ва арзонтарин нерӯи корӣ дар он кишвар маҳсуб мешаванд. Ин муҳоҷирон ягон ҳуқуқ надоранд ва тӯъмаи осони гурӯҳҳои нажодпараст мегарданд.”
Шабакаи телевизиони Al-Jazeera дар бораи пирӯзии Эмомалӣ Раҳмон дар интихоботи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон хабар дода навиштаааст, ки раҳбари феълии Тоҷикистон баъд аз ихроҷи ягона номзади ҷиддӣ аз нерӯҳои мухолифин бо панҷ нафари барои ҷомиа ношинос ва ба худаш содиқ вориди рақобат шуд: “Ин панҷ нафар воқеъан ҳам ҳатто дар кишвар шинохта набуданд ва ҳеҷ шонсе барои пирӯзӣ надоштанд. Номзади мухолифин ҳомии ҳуқуқи башар Ойниҳол Бобоназарова, ки аз сӯи ҳизби мӯътадили наҳзати исломии Тоҷикистон пешбарӣ шуда буд, ба ҷамъоварии имзоҳои зарурӣ барои сабти номи номзадияш муваффақ нашуд. Ҷонибдорони ӯ гуфтанд, ки мавриди таъқибу фишори мақомоти маҳаллӣ қарор доштанд.“
Al-Jazeera таъкид кардааст, ки Тоҷикистон баъд аз хуруҷи нерӯҳои байналмилалӣ аз Афғонистон дар соли 2014 шояд ба таҳдиди амниятӣ аз сӯи гурӯҳҳои мусаллаҳи мустақар дар кишвари ҳамсоя мувоҷеҳ шавад. Ин шабакаи телевизонӣ ҳам Тоҷикистони “суннинишини дорои 8 миллион аҳолӣ”-ро “фақиртарин кишвари шӯравии собиқ” номидааст, ки мардумаш аз ҳисоби маблағҳои ирсолкардаи муҳоҷирони корӣ рӯз мегузаронанд.
Сомонаи интернетии радиои олмонии Deutsche Welle менависад, ки баъд аз хуруҷи ягона номзади ҳақиқӣ аз нерӯҳои мухолифин ба пирӯзии Эмомалӣ Раҳмон дар интихоботи рӯзи чаҳоршанбе шубҳае боқӣ намонда буд. Муаллиф навиштааст, ки Эмомалӣ Раҳмон дар интихоботҳои солҳои 1994, 1999 ва 2006 ба осонӣ баранда шуд ва аммо осонтарин интихобот барои ӯ интихоботи соли 2013 буд. Ширкати Ойниҳол Бобоназарова дар интихобот метавонист як падидаи таърихӣ шавад, чунки то солҳои ахир занон дар Тоҷикистон барои мақоми олии давлатӣ мубориза намебурданд.
Худи Бобоназарова ба Deutsche Welle гуфтааст, ки “новобаста ба натоиҷи интихобот ман ягон беҳбудиеро намебинам. Ғайр аз ин, дар маъракаи интихоботӣ қонуншиканиҳои фаровон рӯй доданд, аз ҷумла, Куммиссиюни марказии интихобот барои ҷамъоварии имзоҳои шаҳрвандоне, ки дар муҳоҷирати кориянд, иҷоза надод.”
Рӯзномаи The Guardian, чопи Лондон, ҳам ба набудани рақобат дар ин маърака таъкид кардааст. “Раҳмон, ки қариб даҳсола боз ин кишвари Осиёи Марказиро идора мекунад, баъди бо далелҳои фаннӣ иҷозаи сабти ном надодан ба ҳомии ҳуқуқи башар Ойниҳол Бобоназарова, бо ба ном “муқовимат” рӯ ба рӯ шуд.” Нашрия афзудааст, ки ҳукумати Тоҷикистон барои фишор болои дигарандешон ва расонаҳои хабарӣ мавриди интиқод қарор гирифт.
Рӯзномаи The Moscow Times менависад, бо вуҷуди аз нигоҳи аввал пирӯзии осон дар интихоботи раёсатҷумҳурӣ, Эмомалӣ Раҳмон дар рӯбарӯи манфиатҳои мухталифи кишварҳои абарқудрат дар минтақа баъд аз хурӯҷи нерӯҳои НАТО аз Афғонистон дар соли оянда қарор мегирад. Муаллифи гузориш меафзояд, ки ҳукумати Раҳмон барои саркӯбии дигарандешӣ, назорати шадид бар матбуот мавриди танқиди гурӯҳҳои дифоъ аз ҳуқуқи башар қарор дорад ва мунтақидони ҳукумат Эмомалӣ Раҳмонро дар шахспарастӣ айбдор мекунанд.
Ба навиштаи The Moscow Times, дар ҳоле ки нозирон аз кишварҳои пасошӯравӣ раванди интихоботи Тоҷикистонро ситоиш карад, мегӯянд, тақаллубу қонуншиканиеро мушоҳида накардаанд, як хонуми корманди давлатӣ ба нашрия изҳороти таззодомезе дод. Ӯ аз тарси муҷозот аз ифшои номаш худдорӣ намуд ва иқрор кард, ки рӯзи раъйдиҳӣ писараш тавонистааст, ки чанд бор раъй диҳад. Ӯ гуфтааст, “Эмомалӣ Раҳмон корҳои хуби зиёдеро анҷом додааст, ӯ заҳмати зиёд мекашад ва аз ин рӯ мо тақрибан ҳама барои ӯ овоз додем” ва афзудааст, “аммо ҳақиқат ин аст, ки мо ҳамеша дар ҳоли тарс ба сар мебарем.”
Ин корманди давлатӣ, ба навиштаи The Moscow Times, “аз он ҳарос дорад, ки аз кор ихроҷаш мекунанд. Дар шароити феълии Тоҷикистон пайдо намудани кор хело душвор аст. Ва аз ин рӯ беш аз 10 фоизи аҳолӣ дар Русия кор мекунанд ва маблағҳои ирсолнамудаи онҳо тақрибан нисфи маҷмӯъи маҳсулоти дохили кишварро ташкил медиҳанд.”