М.Кабирӣ: “Пеш ё ақиб рафтани мо дар интихобот маълум мешавад” (ВИДЕО)

Гуфтугӯи ихтисосии хабарнигори Радиои Озодӣ бо Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ ва вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон.

Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) ва вакили Маҷлиси намояндагон дар як гуфтугӯ бо Радиои Озодӣ дар бораи интихоботи қарибулвуқӯи интихоботӣ, маъракаи "бадномкунӣ"-и ин ҳизб, шеваҳои муборизаи сиёсӣ, пайванди ҲНИТ бо ҳизбу созмонҳои исломӣ дар хориҷ ва масоили дигар сӯҳбат кард.

Озодӣ: Моҳи феврали соли оянда дар Тоҷикистон интихоботи парлумонӣ мешавад. Чӣ фикр мекунед, мисли интихоботҳои дигар мегузарад, ё тағйироте хоҳад шуд?

Кабирӣ: Бояд беҳтар бигзарад. Интихобот танҳо як васила нест, ки дар он чанд нафар вакил интихоб мешаваду тамом. Ин як нишондиҳандаи ҳолати имрӯзаи кишвар ва муайянкунандаи самти ҳаракат ба оянда аст. Агар мо ба ин эътиқодем, ки демократия як раванди бардавом асту ба он бояд қадам ба қадам расид ва беҳтар гузаштани интихоботи оянда нишон медиҳад, ки мо ба он самт ҳаракат дорем. Агар мисли пештара ё бадтар гузарад, пас ҳаракат ба ақиб дорем. Барои санҷиши ирода ва омодагии

Дар интихоботи президентии соли гузашта ҲНИТ номзадиии Ойниҳол Бобоназароваро пешниҳод кард, вале имзоҳои матлубро ҷамъ оварда натавонист. Акс аз бойгонӣ.

мақомот барои баргузории интихоботи беҳтар ҳам ҳизби мо ва ҳам коммунистон лоиҳаи тағйироту иловаҳоро ба қонуни интихобот пешниҳод кардем. Чанд пешниҳоди ҷузъии мо пазируфта шуд, аз коммунистон комилан рад гашт. Ин нишон медиҳад, ки дар Тоҷикистон ҳанӯз омодаи баргузории як интихоботи шаффофу озод нестанд. Масъалаи асосӣ ворид намудани намояндагони ҳизбҳо ба ҳайати кумиссиюнҳои қитъавӣ буд, ки тақдири интихоботҳо он ҷо ҳал мешавад. Рад шудани ин пешниҳод равшан кард, ки ҳоло омода нестанд.

“МАЪРАКАИ БАДНОМКУНӢ”

Озодӣ: Тайи ду соли ахир алайҳи ҲНИТ як маъракаи густардаи «сиёҳкунӣ» анҷом гирифт. Ва табиист, ки ба обрӯи ҳизб дар байни ҷомиа латмаҳое ворид кардааст. Бо ин ҳол, чӣ тур ҲНИТ дар интихобот мехоҳад ширкат кунад?

Кабирӣ: Ин маъракаи, ба истилоҳи шумо, "сиёҳкунӣ", табиат ва моҳияти муносибати мақомот ба бисёрҳизбӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва шаҳрвандони кишварро нишон медиҳад. Аз тарафи дигар, нишон дод, ки баъзе мақомоти давлатӣ худро шохаи як ҳизби сиёсӣ медонанд, ки бояд бо ҳизби дигар рақобат кунанд. Ҳол он ки ҳукумат моли ҳамаи шаҳрвандон ва аҳзобу созмонҳост ва бояд ба ҳама хидмат кунад, набояд вориди рақобат ва муборизаи сиёсӣ шавад. Мафҳуми давлат ва принсипхои давлатдории муосир, нақши ҳукумат ва мақомот дар як давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд ҳанӯз дар кишвари мо то охир дарк нашудааст. Шинохти аксари масъулини мо аз давлатдорӣ ҳанӯз ҳам ноқис аст, ба талаботи рӯз ҷавобгӯ нест. Агар соддатар гӯем, ҳар кӣ дар қудрат аст, метавонад рақибони худро бо истифода аз имкониятҳо ва дастгоҳҳои давлатӣ таҳқиру таҳдид кунад, фишор биёрад, ҳатто моликияти хусусиро бигирад. Ва ҳар кӣ берун аз долони ҳукумат аст, камтарин имконияти дифоъ аз худро надорад, на қонун кумакаш мекунад, на додгоҳ ва на мақомоти давлатӣ.

Ҳолномаи Муҳиддин Кабирӣ

Муҳиддин Кабирӣ 20 июли соли 1965 дар қишлоқи Қасамдараи ноҳияи Файзободи ҶТ таваллуд шудааст. Соли 1983 техникуми статистикии (омори) ш. Орҷоникидзеободро хатм намуда, дар совхози «Октябр»-и ноҳияи Файзобод иқтисодчӣ шуда кор кардааст.Аз соли 1983 то 1985 дар сафи Артиши Шўравӣ хидмат кард.Солҳои 1985-1987 дар ноҳияи Файзобод иқтисодчӣ шуда фаъолият дошт. Соли 1987 ба факултаи забонҳои шарқи Донишгоҳи Давлатии Миллии Тоҷикистон дохил шуда, соли 1992 онро хатм намудааст. Солҳои 1992-1993 ба ҳайси коромӯз дар Ҷумҳурии Яман будааст. Соли 1993 ба академияи дипломатии Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Руссия дохил шуда, соли 1995 онро хатм намуда, мутахассиси соҳаи ҳуқуқи байналмилалӣ мегардад. Аз соли 1995 то соли 1997 ба ҳайси президенти Маркази фарҳангии «Сино» (ш. Москва) ва муовини директори генералии АОЗТ «Халиф» (ш. Москва) фаъолият намудааст. Соли 1997 ба вазифаи ёрдамчии раиси Комиссияи Оштии Миллӣ таъйин шуда, соли 1999 узви КОМ дар зеркомиссияи оиди масъалаҳои сиёсӣ фаъолият кардааст.
Соли 1999 узви Раёсати Олӣ ва муовини раиси ҲНИТ интихоб мешавад ва соли 2003 дар Анҷумани навбатии ҳизб муовини аввали раиси ҲНИТ интихоб шудааст.Соли 2000 як ташкилоти ғайриҳукуматии ҷумҳуриявиеро бо номи Маркази «Диалог» таъсис додааст. Аз соли 2005 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ интихоб гардидааст. Номзади илмҳои сиёсатшиносӣ, оиладор соҳиби 6 фарзанд.

Ин сиёҳкуниҳо ба обрӯи ҳизб бетаъсир набуд. Мову шумо зоҳири корро мебинем, коршиносон ва таҳқиқгарон бояд биёмӯзанд, ки ин ҳама чӣ натиҷа додааст. Ба обрӯи кӣ бештар латма ворид кард, ба мо ё онҳое, ки моро сиёҳ карданӣ шуданд?Агар ҳадафашон сиёҳ кардани ҳизби мо буд, муваффақ нашуданд ва даъват мекунам, ки бас кунанд, чун ба обрӯву эътибори ҳукумат таъсири бад дорад.

Яке аз ҳадафҳои дигари ин маърака ба самти дигар кашонидани нерӯи мост, то тайёрӣ ба интихобот надошта бошем. Вале, мебинед, ки мо тақрибан ба ин амалҳо вокуниши зиёд надорем. Баръакс, даврахои омӯзишии масъулини минтақаҳоро барвақттар оғоз кардем ва то имрӯз қариб ҳамаи минтақаҳоро фаро гирифтем. Монеъаҳо ҳам оғоз гаштанд ва дар чанд ноҳия нагузоштаанд, ки ин омӯзишҳо баргузор гардад. Вале мо омодаи ин ҳолатҳо ҳам ҳастем.

Озодӣ: ҲНИТ маъракаи зиддашро, ба назар мерасад, хеле бо сахтӣ қабул кард, аммо посухи сазовор дода натавонист. Ин ҳол фикреро ба миён овардааст, ки ҲНИТ батамом саркӯб шудааст. Оё ин фикр дуруст аст?

Кабирӣ: Манзур аз посухи сазовор чист? Заъиф будан ё саркӯб шуданро чӣ гуна шарҳ медиҳед? Агар сабру таҳаммули наҳзат ё ба хиёбон нарафтану митинг накардани мо нишонаи заъфу саркӯб шудан бошад, бардошти хеле иштибоҳӣ аст. Онҳое, ки ин маъракаро роҳандозӣ карданд, дақиқан мехостанд, ки мо асабонӣ шавем, ба хиёбон биравем ва ё ҳадди ақал мисли онҳо ба таҳқиру туҳмат бигзарем. Бубинед, ҳеҷ кас то имрӯз ин маводҳоро соҳибӣ накардааст, ҳатто дар ТВ нишон медиҳанд, вале масъулинаш ба дӯш намегиранд ва мегӯянд, ки ба мо доданд, ки намоиш бидиҳем. Чун худашон медонанд, ки кори баде аст ва барои инсони бофарҳанг доғ меорад, барои ҳамин бо имзои мустаор ё аз номи кадом як студияи дурӯғин нашр мекунанд. Вагарна, чаро муаллиф номи аслияшро

Гурӯҳе аз афроди номаълум дар моҳи июни соли ҷорӣ ба як нишасти ҲНИТ дар Кӯлоб ба Муҳиддин Кабирӣ ва ҳамроҳонаш ҳамла карданд.

наменависад? Чун аз зану бачаи худаш, ҳамсояааш шарм мекунад? Чаро мо бо онҳо баробар шавем? Шумо ба як тифли беақл, ки дашноматон медиҳад, чӣ посух медиҳед? Ҳатман насиҳат мекунед, агар калонтаре дошта бошад, ба ӯ муроҷиат мекунед. Вале, агар дидед, калонтараш аз худаш бадтар аст, думболи кори худ мешавед. Мо айнан ҳамин корро мекунем.

Аз тарафи дигар, вақте медонем, ки тарроҳон мехоҳанд, ки эҳсосоти мардумро бишӯронанд ва як қишри мардумро алайҳи дигараш душман кунанд, нисбати ҳукумат ва давлати миллӣ мардумро дилсард кунанд, чаро мо ба осиёби онҳо об бирезем? Сониян, бе ин ҳам дар пешонаи ҳар фаъоли исломӣ тамғаи ифротгарову экстремистро часпонидаанд. Агар мо даъват ба тазоҳурот намоем, аввалин касе, ки моро ба барҳам задани субот муттаҳам мекунад, боз ҳамон гуруҳи "коршиносон" мебошанд, ки имрӯз моро ба заъф муттаҳам мекунанд. Баъзе фурсатталабон низ мунтазири ҳамин соатанд, то ба хоҷагии абарқудраташон дар хориҷ бигӯянд, ки мо дар муқобили тундгароёни исломӣ қарор дорем.

ИНТИХОБОТ БО ЛАБХАНД

Озодӣ: Пас аз Созишномаи истиқрори сулҳ ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон ба ҲНИТ дар интихобот ду ҷой «дод». Ҳоло ин гуфтугӯҳо ҳам ҳастанд, ки дигар ин ду ҷойро ҳам нахоҳед гирифт. Шумо чӣ фикр мекунед?

Кабирӣ: Чунин гуфтугӯҳо ба мо ҳам аз дохили мақомот ва доираҳои наздик мерасанд. Агар рафтан ба порлумон дар асоси раъйи мардум бошад, табиист, ки наҳзат бештар аз ду ҷой хоҳад дошт. Интихоботи оянда оддӣ нахоҳад буд, шароити ҷаҳон ва минтақа дигар аст, бедориву огоҳии мардум бештар шудааст. Яке нақша мекашад, ки мо дигар дар порлумон набошем, мо талош мекунем, ки ҷои бештарро бигирем. Касе пешбинӣ карда наметавонад, ки он рӯз чӣ мешавад. Суръати таҳаввулот то ҳадде тез аст, ки ҳатто барои як моҳ кореро пешбинӣ карда

Интихобот бо лабханд.

намешавад, чӣ расад ба шаш моҳ, ки то интихобот мондааст. Бо вуҷуди ҳама дилсардиҳо аз сиёсатҳои ахир, эътиқод дорам, ки ақли солим ҳанӯз ҳам сармашқи кори масъулин аст, на хостаҳои шахсӣ ва манфиатҳои гуруҳӣ.

Озодӣ: Дар интихоботи парлумонии соли 2010 мегуфтанд, ки Шумо барои ташкили маъракаи интихоботӣ политехнологҳоро ҳатто аз хориҷа даъват карда будед. Навигариҳои маъракаи ҳизби Шумо, зоҳиран вокуниши сахте дошт. Дар интихоботи оянда аз чӣ шева кор хоҳед гирифт?

Кабирӣ: Мо эълон карда будем, ки агар политтехнологхои хориҷӣ, ки шароити кишвари моро хуб медонанд, омодаи ҳамкорӣ бошанд, мо даъват хоҳем кард. Вале, баъди шиносоӣ бо идеяҳои ҷавонони худамон ба хулоса омадем, ки касе беҳтар аз худи мо ин корро анҷом дода наметавонад. Чун, шароити сиёсӣ, менталитети миллӣ, вежагиҳои фарҳангӣ ва мазҳабии миллатамонро беҳтар аз худамон касе намедонад. Барои кишвари мо ин чизи нав буд. Милиса фаъолони моро ба шӯъба мебурд, вале наметавонист бигӯяд, барои чӣ овардааст. Фармонро иҷро мекард ва баъдан бо хиҷолат раҳо месохт. Як ҳафта пеш аз интихобот ба мо муҳтавои ҷаласаи ситоди интихоботии яке аз ҳизбхои дигарро расониданд, ки он ҷо ошкор тасмим гирифта шудаст. Мо як маъракаи хуби интихоботӣ гузаронидем, вале натиҷааш баробари дигар ҳизбҳое шуд, ки аслан мулоқоте ҳам баргузор накарданд.

Ситоди мо аллакай шеваҳои навро тарроҳӣ дорад ва нуктаи меҳвариаш мусбатнигарӣ аст. Набояд интихобот ба як маъракаи сард ва пур аз бархӯрдҳои манфӣ табдил шавад. Табассум, позитив будан, шӯхӣ, чеҳраи боз бояд дар ҳама бошад, аз номзад то милисаҳо, ки рӯзҳои интихобот бечораҳо гӯё дар майдони набард бошанд. Паёми мо мусбат хоҳад буд, яъне, рақибони мо ҳам хубанд, вале мо хубтар, онҳо кори хуб карданд, мо беҳтар хоҳем кард. Бар хилофи рақибонамон, ки аз ҳоло таблиғотро бар мабнои сиёҳкунии мо оғоз кардаанд ва зеҳни миллатро ба самти манфигароӣ мекашонанд. Гӯё ба миллат мегӯянд, мо хуб набошем ҳам, онҳо аз мо бадтаранд.

Озодӣ: Ҳизби Шумо вориди ягон эътилофи интихоботӣ хоҳад шуд? Бо кадом аҳзоб?

Кабирӣ эътилоф бо аҳзоб ва гурӯҳҳои дигарро баъид намедонад. Акс аз бойгонӣ.

Кабирӣ: Мо усулан мухолифи эътилоф нестем, хар касе дар чорчӯби қонун фаъолият мекунад ва бо мо дидгоҳҳои муштарак дорад, мо метавонем бо онҳо вориди эътилоф шавем. Шарт нест, ки дар ҳама масоил муштарак бошем, муҳим ки дар масъалаҳои ба тавофуқ расидаамон то охир устувор бошем. Вале, омодагии худро барои танҳо рафтан ҳам дорем. Чун, эътилоф дар интихоботҳои гузашта чашми моро каме боз кард. Баъзеҳо ҳанӯз моҳияти эътилофро дуруст дарк накардаанд. Вақте ки ба эътилоф ворид гаштӣ, бояд аз қисми хостаҳоят ва барномаҳоят бигзарӣ, чун тарафи дигар ҳам мегузарад аз баъзе хостаҳояш. Мо минбаьд бо нерӯҳо ва шахсиятҳои воқеъбин эътилоф хоҳем кард, касоне, ки тавону имкониятҳои худро хуб мешиносанд ва гирифтори таваҳҳумҳо (иллюзия) нестанд.

Озодӣ: Оё ҳамаи аъзои ҳизби Шумо аз стратегияи “сабру шикебоӣ” розиянд? Мухолифони ин роҳкор низ вуҷуд доранд?

Кабирӣ: Ҳатман вуҷуд доранд ва рӯз то рӯз бештар мешаванд. Онҳоро ҳам фаҳмида мешавад. Мо ахиран байни 500 масъули ҳизбӣ назарсанҷӣ гузаронидем ва ба саволи "кадом шеваи вокуниш ба фишорҳоро тарафдоред?" 26 фоиз тазоҳуротро интихоб карданд. Танҳо 32 фоиз сабрро интихоб карданд. Дигар гузинаҳо фоизи камтар гирифт. Яъне, фарқ хеле кам аст, дар сурате, ки як сол пеш ҳамагӣ 5 фоиз тарафдори тазоҳурот буд. Набзи дохилии ҳизбро дар даст дорем ва пайваста таҳқиқоту назарсанҷиҳо мегузаронем. Ин нуктаи қуввати мост, ки аз воқеиятҳо намегурезем. Ҳар роҳбар бояд ҳис кунад, ки оё пайравонаш аз шеваи роҳбарӣ ва ё сиёсатҳояш қонеъ ҳастанд ё не? Чун имкон надорад, ки қишрҳои поёнии мо ҳам таҳти фишор бошанду ҳам то охир сиёсатҳои сабру шикебоии моро пайравӣ кунанд. Ҳоло ҳам ташаккур мегӯям ба аъзо ва тарафдорон, ки то имрӯз тавсияҳои моро ба замин намонданд ва дар маҷмӯъ аз ин сиёсат ҷонибдорӣ мекунанд.

Озодӣ: Гӯё пешниҳоде шудааст, ки ҳизби шумо ва чанд ҳизби дигар дар интихоботи порлумонӣ ширкат накунанд. Чунин иқдом низ матраҳ аст?

Кабирӣ: Касе ба мо чунин пешниҳодро расман аз беруни ҳизб накардааст. Аз дохил ҳастанд чунин пешниҳодҳо. Бахусус, аз минтақаҳо. Чун ҳама фишору мусибатҳо болои онҳост ва вақте мебинанд, ки боз тақаллуб асту дилсиёҳӣ, пешниҳод доранд, ки то беҳтар шудани вазъи сиёсӣ аз ширкат худдорӣ намоем. Онҳоро бояд фаҳмид ва набояд мушкилоти онҳоро нодида бигирем. Вале, ширкат накардан, маънии бойкотро дорад, яъне, эътироф накардани интихобот дар умум. Фикр намекунам, ки бо шароити имрӯзаи кишвар ва минтақа ин роҳи дуруст бошад. Ҳама назарҳо ва пешниҳодҳо барои мо муҳтараманд, чӣ аз дохил бошанд чӣ аз хориҷ, вале тасмимро ниходҳои масъули ҳизб хоҳанд гирифт. Феълан барои ширкат бо тамоми имконот омодагӣ мебинем.

ҲНИТ ВА ГУРӮҲУ АҲЗОБИ ИСЛОМӢ

Озодӣ: Расонаҳои ҳукуматӣ навиштанд, ки шумо бо кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла Амрико, ҳамкорӣ мекунед, ҲНИТ ячейкаи «Ихвон-ул-муслимин» аст ва ин ҳам, ки шумо шахсан ба раҳбарияти Ҳамос 38 ҳазор доллар кӯмак кардаед. Ин сӯҳбатҳо сиҳат доранд?

Кабирӣ: Касоне, ки алайҳи мо менависанд, қалами хуб доранд ва маълумоташон ҳам бад нест. Хоҳиш мекардам, ки аз инсофу мантиқ ҳам истифода намоянд. Якбора эълон кардани наҳзат хамчун ячейкаи Ихвон, ҳамкори Ҳамосу Амрико ва даҳҳо кишвару созмонҳои ба ҳам зиддунақиз чӣ маънӣ дорад? Наҳзат на давлат асту на як созмони ҷаҳонии пурқудрат, ки ин ҳамаро бо ҳам паҳлуяш дошта бошад. Ҳоло ҳарфи кӣ дуруст аст, аз шумо, ки моро заъифу саркӯбшуда ҳисоб мекунед ё онҳое, ки моро ба ин ҳад бузургу тавонманд нишон медиҳанд? Ба фикри мо, на ин асту на он. Наҳзат як нерӯи бархоста аз ормону хостаҳои миллӣ ва мазҳабии як қисме аз миллат аст. На кам на зиёд. Агар дар масъалае, арзише, ҳадафе мо бо ин ё он ҳизб, созмон ё гуруҳе муштаракем, ин маънои онро надорад, мо ячейкаи онҳо ё онҳо ячейкаи мо мебошанд.Наҳзат дар хонаводаи ҷаҳонии ҳизбу ҳаракатҳои мабнӣ бар арзишҳои исломӣ ҷойгоҳи худро дорад ва ин барои миллати мо як нуктаи қувват аст, агар дуруст дарк ва истифода шавад. Мо бо Амрико, Русия, Аврупо, Чин ва ҳама кишварҳои ба Тоҷикистон дӯст ҳамкорӣ дорем ва бояд дошта бошем. Ин як таҷрибаи ҷаҳонӣ аст. Аммо, баъзеҳо хеле туҳмат мекунанд, ки гӯе ин иртиботҳо ба хотири маблағе ё кӯмаке бошад. Аввалан, қонун иҷозат намедиҳад ва агар мо ин корро мекардем, кайҳо прокуратура иқдом мекард. Сониян, дар се сол як сафар ба донишгоҳи амрикоӣ барои суханронӣ ва чанд мулоқот он қадар зиёд аст, ки бонги хатар мезананд?

Муҳиддин Кабирӣ пайванди ин ҳизб бо ҳизбу гурӯҳҳои ифротиро радд намуда ва мегӯяд, ки аз исломи мӯътадил намояндагӣ мекунанд.Акс аз маросими таҷлили 40 солагии таъсиси ҲНИТ.

Аммо, дар бораи кӯмак ба Ҳамос. Худоро шукр мегӯем, ки чанд сол пеш, ҳангоми ҷанги аввали Ғазза, бародарону хоҳарони Наҳзат дар як иқдоми башардӯстона маблағи 32 ҳазор долларро ҷамъоварӣ намуданд ва тавассути яке аз созмонҳои хайрияи туркӣ, ки дар Ғаза намояндагӣ дошт, ин маблағ фиристода шуд. Аз намояндагони ин созмон ба мо мактуб омад, ки чанд тарҳ аст, ки ин маблағ метавонад онҷо истифода шавад, маводи хӯрока, либоса ва ё таъмири яке аз иншоотҳои харобшуда. Барои намуна, аксҳои як дармонгоҳро фиристоданд, ки аз бомбаҳои Исроил хароб шуда буд. Мо таъмири ҳамин дармонгоҳро интихоб кардем, чун садақаи ҷория маҳсуб мешуд. Бо ин маблағ он дармонгоҳ таъмир гашт ва гуфтанд, ки дар даромади он навиштаеро ҷо карданд, ки ин дармонгоҳ аз кӯмаки Тоҷикистон таъмир гаштааст. Таърихи ин кӯмаки мо ҳамин аст. Мутаассифона, бо ин шароите, ки ҳоло барои мо дуруст карданд, натавонистем ин дафъа ба мардуми Ғазза кӯмаки молӣ кунем, агарчи вазифаи имониву инсониамон буд.

Озодӣ: Шуморо ҳамкори билқувваи наҳзатҳои исломие, назири ДИИШ, Толибон ва Ал – Қоида муаррифӣ мекунанд. Назари Шумо ба ин созмонҳо чӣ аст?

Кабирӣ: Наҳзат наметавонад билқувва ё билфеъл ҳамкор ё шарики ин созмонҳо бошад. Аввал, ин ки ҳамаи ин созмонҳо бо мо ихтилофи решаӣ доранд. Аз нигоҳи онҳо дар Ислом ҳизб ҷоиз нест, интихоботу ҳамапурсиҳо бидъатанду фарҳанги куфр. Бузургтарин зарбаро ба ислом ва номи Ислом ҳамин гуруҳҳо мезананд. Созмонҳои исломӣ, уламо, андешамандон даҳсолаҳо талош мекунанд, ки номи Исломро аз террору экстремизм, хушунату ифрот ҷудо кунанд ва чеҳраи воқеии исломро муаррифӣ кунанд, ки дар он ҳам муборизаи шаръӣ барои адолат асту ҳам эътидолу ҳам сулҳ. Вале, инҳо дар як соат бо ин аъмоли зишташон заҳмати умматро ба нобудӣ мебарад ва бузургтарин ҳадяро ба душманони Ислом мекунанд.

ҲНИТ, ЯЪНЕ КАБИРӢ

Озодӣ: Ҳоло бархе бар инанд, ки агар Шуморо аз раҳбарии ҲНИТ гиранд, ҳамсанги Шумо нафаре пайдо намешавад ва ҳизб умуман аз байн меравад. Дар ин бора чӣ назар доред?

Кабирӣ: Дар мо ҳам доим гуфтани ин ҷумларо дӯст медоранд, танҳо барои ҳизби мо не, дар умум. Мутмаин бошед, шумо ҷоро холӣ кунед, кадрҳо пайдо мешаванд. Ман ба ин шак надорам. Вақте ки устод Нурӣ реҳлат карданд, ҳамин гап буд, вале мо бо тақсими дуруст механизмеро пайдо кардем, ки ҳизб пароканда нашуд. Нақши шахсият хамеша муҳим аст, вале муҳимтар арзишҳо аа ҳадафҳои муштарак аст, ки гоҳо ҷои шахсиятҳоро мегирад ва меҳвари ваҳдату қудрат мегардад. Ҳизби мо шахсмеҳвар нест, арзишмеҳвар аст. Агар бо рафтани шахс пароканда мешуд, баъди рафтани устодон Нурӣ ва Ҳимматзода ин ҳолат рух медод.