Мейсон аз Санта-Барбара: Мехоҳам Тоҷикистонро бубинам. ВИДЕО

Лейн Дэвис ҳангоми иҷрои нақши Дон Кихот

Ҳунарпешаи маъруфи амрикоӣ Лейн Девис, ки дар зеҳни ҳаводорони филми бисёрсериягии "Санта-Барбара" бо нақши Мейсон дар хотир мондааст, дар як сӯҳбати ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, мехост бо Тоҷикистон ва мардумаш ошно шавад.

Бисёр бахшҳои ин қисса гӯё бахше аз фарҳанги имрӯзаи мо шудааст. Масалан, ибораи “ҷанг бо осиёбҳои бодӣ” имрӯз ҳам барои ифодаи нияти анҷоми амалҳои нек истифода мешавад. Муҳим нест, ки ту дар ин мубориза мағлуб мешавӣ.

Ҳунарпешаи 66-солаи зодаи шаҳри Долтони ИМА аз актёрони маъруфи синамову театр мебошад. Кори ҳунарпешагиро соли 1977 аз бозӣ дар филми маъруфи "Ҷанги ситорагон" шурӯъ кардааст. Дар сериали пуртарафдори "Санта Барбара" (1984-1989) Лейн Девисро барои иҷрои ҳуқуқшиноси 30-сола ва яке аз писарҳои хонаводаи Кепвелҳо – Мейсон Кепвелл даъват карданд. Ин филм дар телевизиони давлатии Русия дар солҳои 90-ум бо тарҷумаи русӣ намоиш дода шуд ва тамошобинон ин ҷавонмардро ҳамчун як шахси боғурур ва ҳазлкаш дар ёд гирифтанд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Мейсон аз Санта-Барбара: Мехоҳам Тоҷикистонро бубинам

Лейн Девис имрӯз ҳам дар ИМА ва ҳам саҳнаҳои театрҳои аврупоӣ фаъолона кор мекунад. Соле як бор барои иштирок дар ҷашнвораи Шекспир ба Аврупо меояд ва имсол дар шаҳри Прага барои бозӣ дар мюзикли “Марде аз Ла Манч”, ки барандаи чандинкаратаи ҷоизаи Tony Award мебошад, омадааст. Ин қисса аз сарнавишти нависандаи маъруфи испанӣ Мигел Де Сервентес (қарни 16-17) қисса мекунад, ки маъруфтарин асараш “Дон Кихот” ба адабиёти классикии ҷаҳон ворид шудааст.

Дар як сӯҳбати ихтисосӣ бо Лейн Девис дар қароргоҳи Радиои Озодӣ дар Прага нахуст таассуроти ҳунарпешаро аз бозӣ дар ин намоишнома пурсидем.

Лейн Девис: Ин намоишнома бештар ба сарнавишти худи Сервантес бахшида шудааст, ки “Дон Кихот”-ро навиштааст. Ин қисса аз саргузаштҳои дар зиндон будани Сервантес (тахминан солҳои 1575-1580) ва наҷоти дастхатҳояш дар он шароит нақл мекунад. Ман хеле ин асарро дӯст медорам. Ман шаш бор аст, ки ин нақшро бозӣ мекунам.

Радиои Озодӣ: Чаро шумо фикр мекунед, ки Сервантес дар асри 21 ҳам метавонад хеле муҳим бошад?

Лейн Девис: Ба назари ман, масъала дар соддагии “Дон Кихот” аст. Коргардони мо ҳам мегӯяд ва ман ҳам бо ин андеша розӣ ҳастам, ки мо дар як ҷаҳони пурмоҷаро зиндагӣ мекунем. Мо хаёл мекунем, ки корҳои дурусте анҷом медиҳем, вале дар бораи паёмади амалҳои худ намеандешем. Мо мехоҳем зиндагии пурмушкилро соддатар гардонем. Дар зиндагӣ интихобу ҳавасҳои зиёд дорем, ба иштибоҳҳо роҳ медиҳем. Вале ҳамеша як роҳнамое вуҷуд дорад, ки бояд амалу рафторҳои моро ислоҳ ва ба роҳи дуруст ҳидоят кунад. Мо зиндагиро содда мекунем, тавре Дон Кихот мекард. Ҳарчанд як марди нимдевона буд.

Радиои Озодӣ: Яъне, ба назари шумо мешавад ин қаҳрамону саргузаштҳоро ба замони имрӯз мувофиқ кард?

Лейн Девис: Бисёр бахшҳои ин қисса гӯё бахше аз фарҳанги имрӯзаи мо шудааст. Масалан, ибораи “ҷанг бо осиёбҳои бодӣ” имрӯз ҳам барои ифодаи нияти анҷоми амалҳои нек истифода мешавад. Муҳим нест, ки ту дар ин мубориза мағлуб мешавӣ. Худи ҳамин мафҳуми ибора ҷаҳонӣ шуда, ҳамеша аҳамияти имрӯзаву замонавӣ доштааст.

Радиои Озодӣ: Тамошобинони филмҳо дар кишварҳои мисли Тоҷикистон шуморо бештар аз нақшатон дар филми замоне фавқулода маъруфи "Санта Барбара" ёд доранд. То имрӯз то куҷо назаратон ба ин нақш дигар шудааст?

Лейн Девис: Ман нақши Мейсонро дӯст медорам. Ончи ки ман дар нақши ин қаҳрамон дӯст намедоштам, марбут ба корҳое буд, ки дар хона анҷом медод. Ӯро дар иҷрои корҳои хона дӯст намедоштам. Барои ман лаҳзаҳое писанд буд, ки ӯ ҳамчун як инсони бад рафтор мекард ва худаш ҳам медонист, ки кори бад мекунад."

Радиои Озодӣ: Чизи ҷолибе дар бораи сериали “Санта Барбара”, ки баъди суқути Шӯравӣ пайдо шуд, ин буд, ки зиндагии бебандубори қаҳрамонҳоро намоиш медод. Тамошобин медид, ки як зан метавонад бо чанд мард робита дошта бошад ва бархе инро ҳамчун як фарҳанги маъмулии амрикоиҳо қабул карданд. Албатта, ин андеша дуруст набуд, балки як қиссаи хаёлӣ буд.

Лейн Девис: Аз назари ман, амрикоиҳои маъмулӣ на ину на онанд. Қаҳрамонҳои “Санта Барбара” хеле замонавӣ буданду мисли дигар бахши ҷомеа чандон муҳофизакор набуданд. Албатта, дар Амрико афроде ҳам ҳастанд, ки хеле боз ҳастанд ва онҳо дар паҳлӯи онҳое зиндагӣ мекунанд, ки хеле муҳофизакоранд. Хонаводаи Кепвелҳо дар ин филм аз пешрафтаҳои ҷомеа буданд.

Радиои Озодӣ: Дар сӯҳбати қаблӣ шумо гуфтед, ки бисёр мехостед аз Тоҷикистон дидан кунед. То куҷо ин орзуи шумо ҷиддӣ аст?

Лейн Девис: Бояд бигӯям, ки хеле сайру ҷаҳонгардиро дӯст медорам. Ман, инчунин, сӯҳбат бо онҳоеро дӯст медорам, ки ин филмро дидаву хуб қабул кардаанд. Аз он давра ман хотироти хуб дорам. Бароям ошноӣ бо фарҳангҳои мухталиф хеле писанд аст. То имрӯз ман аз 8 ҷумҳурии собиқи Шӯравӣ, аз ҷумла Қирғизистону Қазоқистон ва Озарбойҷон дидан кардаам. Ман ҳанӯз дар Тоҷикистон набудам ва мехоҳам ҳамроҳ бо ин кишвар Узбакистонро ҳам бубинам. Фикр мекунам, ки Тоҷикистон бояд барои тамошо хеле ҷои хуб бошад.

Радиои Озодӣ: Пас, шояд мардуми зиёд аз дидани шумо дар он ҷо хушҳол шаванд.

Лейн Девис: Ман ҳам аз ин хеле хушнуд мешудам.