Ҳунарпешаи синамо ва театр Ҳабибулло Абдураззоқов пешниҳоди мақомот барои таҷлили ботантанаи ҷашни таваллудашро, ки ба рӯзи Театри тоҷик мусодиф омадааст, рад кард. 80-умин солгарди худро ҳунарпешаи маъруф рӯзи 7-уми ноябр ва дар ҳоле ҷашн мегирад, ки дигар сиҳатӣ барояш имкон намедиҳад, дубора рӯи пардаи синамо ва саҳнаи театр пайдо шавад.
Чор соли ахир Ҳабибулло Абдураззоқов вақти худро бештар дар хона, бо мутолиаи китобу тамошои Душанбеи нав аз тирезаи айвони хонааш сипарӣ мекунад. Ӯ акнун барои варақ задани сафҳаҳои китоби зиндагии худ ҳам вақти бештар дорад.
Ҳунарпешаи маъруфи тоҷик, Ҳабибулло Абдураззоқов имрӯз ёддоштҳояшро дар дафтаре навишта мекунад. Мегӯяд, имрӯз мардум ҳавсалаи хондани чунин матолибро надоранд, ба ҳамин хотир мунтазири рӯзи беҳтаре барои пахшу нашри хотироташ мешавад.
Ҳабибуллоҳ Абдураззоқов гуфт, мувваффақтарин нақши офаридааш дар синамо - Бадриддини филми “Марги судхӯр” буд, ки сарнавишти як марди мазлумро дар аҳди аморати Бухоро тасвир мекунад. Мегӯяд, бо ин, ки дар беш аз 30 филми сохтаи даврони шӯравӣ ва ҳам баъди истиқлолияти Тоҷикистон нақш бозӣ кардааст, ин нақш барояш ҳоло бештар аз ҳар кори дигараш арзишманду азиз аст.
Ҳоло иқрор мешавад, ки иҷрои нақшҳои фалсафиро дӯст медошт, вале ҳеҷ гоҳ чунин пешниҳоде нагирифтааст. Зоҳиран, коргардонҳо симои ӯро арзандаи нақшу чеҳраҳои дигар, бештар мазҳакавӣ медиданд: “Масалан, ман филмҳои Филиннӣ ва Антониониро дар Италияву Фаронса орзу мекардам. Мехостам, филмҳои мо ба он кишварҳо ҳам бирасад. Талошҳо буд, вале ба он дараҷае, ки ман мехостам нақшҳои аҷоибро бозӣ кунам, нашуд. Задану куштану парондан не, фалсафӣ бошад. Афсӯс, ки ба ин хел чизҳо нарасидем. Ҳозир кардан мумкин, ҳозир имкон нест.”
Театр нуфуз дошту гарави карераи хуб буд
Нақши театр ва таваҷҷӯҳи мардум ба намоишномаҳои саҳнавӣ ҳам дигар камранг шуд. Ба гуфтаи Ҳабибулло Абдураззоқов, давроне, ки мардуми зиёд барои тамошои саҳнаҳои театрӣ ва синамо навбат мепоид ва ҳар шаб садҳо нафар талош мекард, ба намоишномаи нави Театри Лоҳутӣ бирасад, мисли хоби ширин гузашту рафт:
“Ҳар як намоиш мисли як сенсатсия буд, тамоми донишҷӯён мехостанд бубинанд. Ҳоло донишҷӯ 5 сол мехонад, театрро аслан надидааст. Он замон сиёсат ҳамин хел буд, ки ҳама - сар карда аз котиби якуми Ҳизби коммунист омада, театр тамошо мекарданд. Ҳатто ҳангоми интихоб ба мансаб ҳам аз ӯ пурсида мешуд, ки кадом театрро дидааст, назараш ба фалон намоишнома чӣ аст?”
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Вале тавре худи ҳунарпеша мегӯяд, на ҳамаи чизе, ки дар давраи шӯравӣ буд, аз назари як рӯшанфикри миллатдӯст қобили қабул буд. Охири солҳои 1980 ва оғози 1990-ум Ҳабибулло Абдураззоқов аз он фарҳангиёне буд, ки ба фаъолиятҳои сиёсию ҷамъиятӣ пардохт, узви ҳизби демократӣ шуд ва тавре ҳоло мегӯяд, як муборизи ҷомеаи маданиву шаҳрвандӣ гардид.
Вай мегӯяд: “Дар кор, дар фарҳангу ҳунар режими тотолитарӣ мавҷуд буд. Озодандешӣ набуд. Ва шаттаи онро ман бисёр мехӯрдам. Намоишнома омода мешуд, 4 кас омада медид, як одами ношуд мегуфт, ки манъ карда шавад. Тамом. Меҳнати чандмоҳаи шумо месӯхт. Мехостам Тоҷикистон демократӣ шавад, ҳунар озод бошад”, – меафзояд ҳунарпеша.
“Дилам аз сиёсат мондааст”
Вале имрӯз мегӯяд, “дилаш аз сиёсат мондааст” ва онро “кори хубе” намедонад. Мегӯяд, ҳеҷ фикр намекард, ки талошҳо барои озодихоҳӣ ва озодандешӣ, ба ҷанг ва маҳалгароӣ мепечад. Дар ин нооромиҳо ӯ ягона духтарашро аз даст дод, борҳо зери миллаи тиру туфанг қарор гирифт, аммо маҳз ҳунараш ӯро аз марг наҷот дод.
“Ҷони ҳамаи мо, ҳам Бозору ҳам Лоиқ дар хатар буд. Фарзандҳоямонро таҳдид мекарданд. Чанд бор ба хона бо автомат даромаданд. Фармон шудааст, ки рафта кушанд. Як бор вақте омада даромаданд, вақте маро диданд, аз филмҳо шинохтанд ва “ассалом, шумоед?” гуфтанду пас гашта рафтанд. Худо ва ҳунарам ҷони маро харид”.
Барзу – як писари дигарандеш
Падаре, ки замоне яке аз чеҳраҳои фаъоли ҷунбишҳои сиёсӣ буд, имрӯз ба озодбаёнии фарзандаш бархӯрди дигар дорад. Ба назару мавқеи писараш Барзу Абураззоқов, коргардони маъруфи театри русӣ дар масоили сиёсӣ бо ташвиш менигарад. Гоҳо мавқеи падару писар мухолифи ҳам аст. Падар аз тарки кишвар кардани писари калонӣ ва режиссери маъруфи саҳнаҳои театрии кишварҳои Осиёи Марказӣ чандон розӣ нест.
Мегӯяд, бо Барзу зиёд сӯҳбатҳо кардааст ва на ҳамеша аз мавқеъгирии писар розӣ аст. Барзу Абдураззоқов, ки то панҷ-шаш соли пеш бештар дар Тоҷикистон ва дар саҳнаи театри русии драмавии ба номи Маяковский кор мекард, дар театрҳои Бишкеку Алмаато кор мекунад. Ба таҳаввулоти ахири Тоҷикистон назари бепардаи интиқодӣ дорад, аз бархе тасмимҳои сиёсӣ шадидан нороҳат мешавад ва дар сӯҳбат бо матбуот ҳам ошкор мухолифати худро баён мекунад. Падар мегӯяд, писар гоҳо “сахт гап мезанад”:
“Ӯ мегӯяд ақидами ман чунин аст. Ман аз ҳамин ҷиҳат нороҳатам, ки Барзу ин қадар истеъдоду дониши худро дар дигар кишвар истифода мебарад. Ин ҳамааш бояд барои Тоҷикистон бошад. Албатта, шодам аз ҷасорати фарзандон, аммо Барзу гоҳе сахт мегӯяд, мухолифати ман бо Барзу ҳамин аст. Ӯ мегӯяд, бояд ин хел кунем, ин хел шавад. Аммо ҳоло ба ин хел қарору диди ту Тоҷикистон омода нест, тоқат кардан лозим. Намедонам, ё ман пир шудаам ё чизи дигар, вале ақидаи ман ҳамин аст. Ман шахсан вуҷудамро ба Тоҷикистон бахшидам. ”
Вале мухолифатҳо дар афкору андеша, дар муносибати табории падару писар таъсире намерасонад. Ҳабибулло Абураззоқов бо ин ҳама аз писари обрумандаш Барзу ифтихор мекунад. Ӯ ҳамчунин бо ифтихор мегӯяд, ҳамаи 5 фарзандаш шахсиятҳои боистеъдоду донишманданд.
“Дар тарбияи фарзандон ман озодӣ медодам. Хеле зиёд китоб мехонданд ва ман ҳеҷ вақт онҳоро насиҳат намекардам. Онҳо ҳама 6-7 забони хориҷиро медонанд. Фахр мекунам, ки мисли Ниссор ва ё Шаҳбозу Маздо фарзанд дорам. Писари ман Ниссор имрӯз проффессори Консерваторияи Шветсия, Шаҳбози ман дар СММ дар Амрико фаъолият дорад. Аз як сӯ хушҳолам, аз як сӯ дур буданашонро намехоҳам.”
Ҳунарпешаи маъруфи тоҷик, Ҳабибулло Абдураззоқов имрӯз ёддоштҳояшро дар дафтаре навишта мекунад. Мегӯяд, имрӯз мардум ҳавсалаи хондани чунин матолибро надоранд, ба ҳамин хотир мунтазири рӯзи беҳтаре барои пахшу нашри хотироташ мешавад.