Сурайёи Қосим – овозхони маъруфи тоҷик – баъд аз даҳ рӯзи марги писари ягонааш Эмомалиҷони Хуршед бо Радиои Озодӣ суҳбат кард. Ӯ рӯзи 28 апрел гуфт, ки агар умр вафо мекард, Эмомалиҷон якуми май ба синни шонздаҳ мерасид. Эмомалиҷони Хуршед – писари Сурайёи Қосим ва додари Шабнами Сурайёву Фарзонаи Хуршед – шаби 17 ба 18 апрели имсол ба далели саратони хун даргузашт ва дар қабристони рақами 2-и шаҳри Кӯлоб ба хок супурда шуд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Радиои Озодӣ: Аз бемории фарзандатон дақиқан кай огоҳ шудед? Табибон чӣ мегуфтанд?
Марг амри ҳақ аст, намедонӣ кай ба суроғат меояд. Мо ҳам ба тақдир тан додем.
Сурайёи Қосим: "Чаҳор фарзанд калон кардам ва дар миёни онҳо Эмомалиҷон танҳо касе буд, ки дар хурдсолӣ ҳаргиз бемор нашуда буд. Моҳи декабри соли 2016 зукоми сахт шуд ва баъд аз он таъсираш нарафт. Дар ҳама ҷо ташхис кардем, санҷиш кардем. Бархе табибон мегуфтанд, ки вазъаш хуб аст, бархеи дигар мегуфтанд – бад. Дар тӯли тақрибан бист рӯз бемориаш маълум нашуд. Баъдан дар Қарияи Боло хунашро ташхис карда, дар ҳамонҷо гуфтанд, ки ӯ саратони хун аст. Ин хабарро се рӯз аз ман пинҳон карданд, вале баъдан фаҳмидам."
Радиои Озодӣ: Гуфтанд, ки пас аз он Эмомалиҷонро барои табобат ба хориҷ ҳам бурда будед, дуруст?
Сурайёи Қосим: "Баъд аз фаҳмидани асли қазия ба пизишкони тоҷик гуфтам, ки Шумо хубед, вале агар розӣ бошед, писарамро барои табобат ба Ҳиндустон барам. Тақрибан се моҳ табобат гирифт. Рӯзи 11 апрел барои як ҳафта ба Душанбе омад ва бояд 18 апрел барои идомаи табобат ба Ҳиндустон бармегашт. Аммо якбора дардаш хуруҷ кард. Ба бемористони ба номи академик Мансуров бурдем. Ҳарчанд ин қадар хун медоданд, вале намедонистем, хун куҷо мешуд. Ҳамон рӯзе, ки бояд ба идомаи табобат ба Ҳиндустон мерафт, ба хок супурда шуд."
Радиои Озодӣ: Шумо ягона писаратонро аз даст додед ва чӣ рӯзҳоеро паси сар мегузоред?
Сурайёи Қосим: "Бисёр сахт аст. Чунки бисёр писари меҳрубон буд. Ҳар коре мекард ва ҳар гапе мезад, кӯшиш дошт, ман бохабар нашавам. Бисёр бачаи бофарҳанг буд. Дар сад сухан як сухан ҷавоб мегардонд. То ду дақиқаи пеш аз фавташ ҳам суҳбат мекард, гап мезад. Беморе набуд, ки бистарӣ бошад. Роҳ мегашт. Ҳеҷ кас ҳам бовар надошт, ки ӯ ҳамаи моро тарк мекунаду меравад."
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Радиои Озодӣ: Дар зиндагӣ кӣ шудан мехост? Чӣ машғулият дошт?
Сурайёи Қосим: "Вай математики хуб буд. Дар чандин озмунҳо низ ҷой гирифтааст. Мехост, ки дар оянда математики хуб шавад. Вале рафт. Марг амри ҳақ аст, намедонӣ кай ба суроғат меояд. Мо ҳам ба тақдир тан додем. Ҳоло ҳама дар ғами ӯ месӯзанд. ҳамаи рози дилашро ба хоҳари калониаш мегуфт. Дар пеши хоҳарони дигараш, ҳатто дар назди ман, барои ғизохӯрӣ шарм медошт. Ҳамроҳи Шарифабону, духтари Шабнам, мисли акаву хоҳар бузург шуданд."
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Радиои Озодӣ: Бисёриҳо ба номи писаратон ҳам таваҷҷуҳ доштанд, ки чаро Эмомалӣ?
Сурайёи Қосим: "Эмомалӣ соли 2001 ба дунё омад ва баъди чиҳилрӯзагиаш ҷашни Ваҳдати миллӣ баргузор шуд. Дар он маҳфил намояндагони ҳукумат ва марҳум Саид Абдуллоҳи Нурӣ ҳам буданд. Баъд аз барнома сари як пиёла чой суҳбат доштем. Дар ҳамон ҷо ҷаноби олӣ гуфтанд, ки муборак шавад, ба орзуҳоятон расидед, номашро чӣ гузоштед? Гуфтам, Эмомалӣ. Ин номро ба хотири сулҳу ваҳдати миллӣ гузоштам. Дар ҳамонҷо ҷаноби олӣ гуфтанд, ки гаҳворааш аз номи мост."