Исми Shon Mc (Шаҳбоз ороишдиҳандаи нутқ) ё Шаҳбоз Шарипов дар миёни дӯстдорони мусиқии рэпи тоҷик, маъруфияти ҳарчӣ бештар касб мекунад.
Шаҳбоз Шарипов 22 сол дорад, ва донишҷӯи Донишгоҳи технологии Тоҷикистон аст. Рэпсароӣ ин шуғли ягонаи ӯ нест. Шаҳбоз дар маркази матбуоти вазорати дифои кишвар ба ҳайси танзимгар фаъолият дорад.
Шаҳбоз мегӯяд, ӯ бештар дар рэпҳои худ нақши як ҷавони камбизоатро иҷро мекунад ва ғолибан барои мардуме мехонад, ки зиндагии пур аз мушкилу дард доранд. Аз ҷумла барои маълулон, ятимон, маҳбусон ва ғарибиву ошиқӣ. Шаҳбоз ахиран меҳмони барномаи "Ояндасоз" шуд ва суолҳои мо дар робита ба рэпи тоҷикӣ ва зиндагии худаш посух гуфт. Суоли нахуст ҳам ин буд, ки ворид шудан ба майдон пуррақобати рэп барои Шаҳбоз чӣ мушкилот дошт?
Шаҳбоз: -«Аз соли 2008 ҳамроҳи дӯстон рэпсароӣ мекардем, аммо на дар саҳнаҳои калон ва ё студияҳо, дар шароити хона ва бо мусиқиҳои кӯҳна рэп омода мекардем. Фақат як корро метавонистем, матн менавиштем. Вале ҳамин рэпи мо аз телефон ба телефон гузашта шунавандаи зиёд пайдо кард ва ҳамин тавр ба саҳнаҳои калонтар ҳам ворид шудем. Ҳоло ҷавонони тоҷик дар дохилу хориҷи кишвар гӯш мекунанд рэпи маро ва аз ин хеле хушбахтам».
Озодӣ: Зимнан мухлисони шумо ҳам бештар дар бораи як фарқияти шумо мегӯянд, ки матни рэпҳои шумо дар ҳамон лаҳзаи иҷро метавонад эҷод шавад. Яъне дар ҳар мавзӯе, ки аз шумо хоҳиш мешавад метавонед ҳамон лаҳза матне барои як рэп дар шакли фристайл эҷод кунед? Дуруст аст?
Шаҳбоз: -«Дуруст. Медонед, дарсе, ки ман дар мактаб онро хуб мехондам, ин адабиёт буд, шояд ҳамин бошад сабаб ё шояд ин ҳам як истеъдод аст. Ба ман қиссаи ягон касро нақл мекунанд ва бо пайи ҳам чидани калимаҳо як рэп мехонам. Баъзан баъди гӯш кардани он рэп худам ҳам бовар намекунам, ки ин матни ман аст.»
Озодӣ: Шаҳбоз дар рэпҳоятон шумо бештар аз маҳбас ёдовар мешавед ё дар бораи маҳбусон мехонед. Оё ин ба зиндагии шахсии худатон ягон робитае дорад?
Шаҳбоз: -«Медонам, овозаҳо ҳаст, ки ман дар маҳбас шиштаам, вале ин ҳама хато аст. Ҳайёти маҳбусон пур аз дард аст ва ман бештар кӯшиш мекунам дар рэпҳои худ дар нақши онҳо ворид шуда зиндагиашонро тасвир кунам. Мақсади ман ин аст, ки шӯнавандаи ин суруд ҳам худро дар ҳолати қаҳрамони ман тассавур кунад ва мушкили онҳоро дарк намоянд. Масалан ман модари фаришта дорам, аммо дар як суруд ятимам, дар як рэпи дигар маълул ва ҳамин хел дар нақшҳои мухталиф. Ба наздикӣ як албоми наве пешниҳоди мухлисон месозам бо номи «Ноумед нестам». Яъне бо вуҷуди мушкилоту дарди зиёд қаҳрамонҳои сурудҳои ман ноумед нестанд. Масалан як рэпи ман аз зиндагии як кӯдаки маълул қисса мекунад, ки орзӯйи футболбоз шуданро дорад. Аз пушти тиреза бозии футболро тамошо карда мегӯяд:
Гол, калимае, ки аз ма шунидаш намеша,
И калима увора хурсанд мекна, мара мекша.
Вале боз дар охир мегӯяд, ноумед нест. Умуман ин ҳайёт ҳаст, кӣ медонад, фардо мумкин як муъҷиза шаваду зиндагии онҳо ҳам тағйир ёбад, барои ҳамин набояд дилшикаста шуд.»
Озодӣ: Шаҳбоз дар консерти ахиратон чӣ ҳодиса иттифоқ афтода буд. Аз рӯйи шуниди мо компютери шумо бо тамоми таронаҳоятон ғайб зад дуруст?
Шаҳбоз: -«Медонед чӣ хел шуд? Рӯзи 29-уми декабр бо дастгирии Бахтиёр ё «Ғарибшо Компания» мо консерт ташкил кардем. Омодагии хуб дида будем, барои мухлисон як тӯҳфаи 800 доллара омода кардем. Толори консертӣ пур аз одам шуд, ин аввалин бор буд, ки дар консети ман ин қадар одам ҷамъ омад. Бисёр хурсанд будам. Дар ҳамон лаҳзае, ки ман бояд ба саҳна ворид мешудам, дидем, ки ноутбук бо диски таронаҳо шикаста мондагӣ ва болояш як навишта аст, ки ин консерт бояд нашавад. Қариб дил зад. Чанд ҳазор мухлис аз даст мерафт. Аммо боз худро ба даст гирифтему пеши мухлисон омадем ва бо вуҷуди ин ки консерт 1 соат дертар оғоз шуд, ва бо истифода аз телефон гузашт, аммо хеле хуб гузашт, бе ягон ҷангу ҷанҷол. Одатан рэп- консертҳо бо ҷанҷолу хархашаҳо анҷом меёбанд. Ман аз мухлисонам хеле миннатдорам, ки маро дастгирӣ карданд он лаҳза ва аз ҳамаи онҳо бахшиш мепурсам.»
Озодӣ: Кӣ будаст сабабгори аслии ин ҳодиса, нафаҳмидед?
Шаҳбоз: -«Не, ростӣ гап ва мо аз пайи ҷустҷӯйи онҳо ҳам нестем. Баъд дар як рэп гуфтем, ки:
Бахшиш душманҳо, ки намондм ба мақсад бирасед,
О чӣ баҷо мешен ҳичка шумора намекова,
Ягон рӯз тоқитона меғалта, сари калтон метова.»
Озодӣ: Шаҳбоз фикр мекунед мухлисони шумо киҳоянд? Ҷавонон аз чанд то чандсолаҳо бештар?
Шаҳбоз: -«Ростӣ, дақиқ гуфта наметавонам, аммо масалан медонам, ки дар як маҳаллаи шаҳр як кӯдак аст, ҳоло 1 сола ҳам нест, апааш бисёр таронаҳои маро гуш мекардааст, ҳамин кӯдак фақат бо як таронаи ман ором ва хоб мекардааст. Ин кӯдакро ҳам ман метавонам мухлиси худ гӯям ва афроди калонсол ҳам ҳастанд дар миёни онҳо.»
Озодӣ: Барои шумо дар таҳияи таронаву клипҳо, ки кӯмак мекунад, кӯмаки молӣ?
Шаҳбоз: Ҳеҷ кас кӯмак намерасонад ва аз даромади худи рэпсароиву консертҳо, харҷҳоямро мепушонам.
Озодӣ: Бо рэпсароҳои дигар чӣ муносибате доред?
Шаҳбоз: Бо рэпсарҳои маъруф муносибати хуб дорем. Аммо дар маҷмӯъ ҳоло вазъият чандон хуб нест. Нафарони зиёде ҳаст, ки маълум нест, онҳо кӣ ҳастанд, аммо тавассути рэп дашномҳои зиёд мекунанд. Инҳо рэпсаро не, як сояи холӣ ҳастанд баройи ман, кӣ ҳастанд, аммо дида намешаванд.»
Озодӣ: Аз ҷониби масъулон чӣ хел қабул мешавад рэпҳои шумо. Пештар мақомот ба ин навъи мусиқӣ чандон назари хуб надоштанд ва хонандаҳои ин навъи мусиқӣ ба саҳнаҳои калонтар роҳ намеёфтанд.
Шаҳбоз: -«Ростӣ 3 консерт доштам ман ва ҳама консертҳоям бе ҷанҷол орому хуб анҷом ёфтанд дар рэпҳоям ҳам дашноми қабеҳ нест, барои ҳамин ба ман то ҳол ягон эрод нагирифтаанд.»