"Хостори ҳалли масъалаҳои сиёсӣ дар дохили Тоҷикистон ҳастем, на дар хориҷ" ВИДЕО

Петер Буриан, намояндаи вижаи Иттиҳодияи Аврупо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ

Петер Буриан, намояндаи хоси Иттиҳодияи Аврупо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, дар суҳбати ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ аз ҳамкориҳои наздики Узбекистону Тоҷикистон, аз ҷумла дар масоили тақсими об дар минтақа, ситоиш кард. Ин суҳбат рӯзи 21-уми июн дар ҳошияи конфронси байналмилалии об дар Душанбе баргузор шуд.

Хостори он ҳастем, ки масоили сиёсӣ дар дохили Тоҷикистон ҳал шаванд, на дар хориҷа.

Петер Буриан: Дастрасии сокинони Тоҷикистон ва минтақаи Осиёи Марказӣ ба оби ошомиданӣ яке аз авлавиятҳои фаъолияти иттиҳоди мо аст. Ба далели инки Тоҷикистон дар саргаҳи манобеи оби минтақа қарор дорад, дастрасии сокинон ба оби тоза дар инҷо чандон бад нест. Вале Тоҷикистон бо мушкили ҳифзи манобеи об рӯ ба рӯ аст. Об дар рӯдхонаҳо ҷорӣ аст, вале замонате нест, ки минбаъд низ чунин вазъ идома меёбад. Шоҳид будем, ки дар гузашта на аз ҳама манобеи об самарабахш истифода мешуд. Мехоҳем дар ин замина бо мақомоти тоҷик бо таҷриба ва дастовардҳои фаннии худ табодуле дошта бошем. Дар даҳсолаи гузашта Иттиҳодияи Аврупо ба ин манзур 2,5 миллиард евро тарҳҳои мухталиферо дар 60 кишвари ҷаҳон ва 4 миллиард евро ба бахши беҳдошти об сармоягузорӣ карда буд. Ҳоло мебинем, ки ин маблағ кофӣ набудааст. Дар минтақаи Осиёи Марказӣ мо мушоҳида мекунем, ки муносибат ба манобеи оби тоза чандон хуб нест. Хушкидани баҳри Арал намунаи барҷастаест. Раванди хушкшавии баҳри Аралро дигар наметавон боздошт. Моро зарур аст барои камтар кардани паёмадҳои ин хушкшавӣ, иқдомеро рӯи даст бигирем. Тирамоҳи соли ҷорӣ мулоқоти раҳбарони кишварҳои ҳавзаи баҳри Арал баргузор мешавад ва дар он мақомот якҷо бо коршиносони ғарбӣ имкон хоҳанд дошт ин масоилро баррасӣ кунанд.

Навори видеоӣ дар инҷост:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Ситоиши Петер Буриан аз ҳамкориҳои Тоҷикистону Узбекистон

Радиои Озодӣ: Дар гузашта миёни кишварҳои болооб ва поёноб дар Осиёи Марказӣ ихтилофҳое ба сари тақсими манобеи об вуҷуд дошт. Ҳоло чунин ба назар мерасад, ки шиддати чунин ихтилофҳо коҳиш ёфтааст. Фикр мекунед, дар оянда чунин ҳолатҳо такрор намешаванд?

Петер Буриан: Аз вазъи феълӣ дар минтақа хушам меояд. Шароити нави ҳамкорӣ, аз ҷумла дар заминаи истифода аз манобеи обӣ фароҳам шудааст. Кишварҳои поёноб якҷо бо кишварҳои саргаҳи об ин мушкилро ҳалл кунанд. Ҳамаи кишварҳо бояд баробар хароҷоти ҳифзи манобеи обро тақсим кунанд. Ба унвони мисол, ҳамасола Тоҷикистон бо офатҳои зиёди табиӣ рӯ ба рӯ мешавад. Дар ин ҳолат ҳарду ҷонибро зарур аст ҳазинаи ин корҳоро пардохт кунанд.

Радиои Озодӣ: Яъне, кишварҳои поёнобро зарур аст хароҷоти ҳифзи манобеи обро ҷуброн кунанд?

Петер Буриан: Ман намехоҳам дар бораи наҳваи чунин ҳамкорӣ пешгӯӣ кунам. Вале ҳама баробар бояд хароҷоти ҳифз ва истифода аз манбаъҳои обро пардохт кунанд. Танҳо дар сурати ҳамкориҳои судманди ҷонибҳо дар ин замина шароит барои рушди устувор фароҳам хоҳад шуд. Бояд зикр кунам, ки дар муқоиса бо солҳои қаблӣ, ҳоло музокироти Узбекистон бо Тоҷикистон тамоман дар шакли дигар сурат мегирад. Ҳарду кишвар дар ҳалли ин масоил ҷонибдори ҳамкорӣ ҳастанд. Иттиҳодияи Аврупо аз чунин наҳваи ҳамкории ду кишвар истиқбол мекунад ва омодаи ироаи кумакҳо мебошад.

Радиои Озодӣ: Ҷаноби сафир, медонем, ки соли гузашта аз Тоҷикистон дидан карда, дар робита бо таъмини озодиҳои сиёсӣ ва шароити нигаҳдошти зиндониҳои сиёсӣ изҳори назар кардаед. Фикр мекунед, мақомоти тоҷик дар ин муддат барои ислоҳи вазъи иқдоме рӯи даст гирифтанд?

Ҳолномаи Петер Буриан

Петер Буриан аз соли 2015 дар вазифаи намояндаи вижаи Иттиҳодияи Аврупо дар Осиёи Марказӣ ба фаъолият шурӯъ кардааст. Вай аз соли 2012 дар вазифаи котиби давлатии Словакия кор кардааст. То он замон сафири Словакия дар Амрико ва намояндаи доимии ин кишвар дар Созмони Милали Муттаҳид буд.

Петер Буриан: Музокироти мо бо мақомоти тоҷик ҳамеша ошкоро сурат мегирад ва имрӯз низ дар дидор бо президенти Тоҷикистон чунин шуд. Мо, воқеан, ҳамаи мавзуъҳоеро, ки шумо ном бурдед, матраҳ кардем. Мо мехоҳем ба Тоҷикистон кумак кунем, на интиқод. Яъне, расонидани кумак дар ҳалли ин мушкилиҳо. Мо мушоҳида мекунем, ки барои тақвияти ин музокирот заминаҳо фароҳам мешаванд. Дар мавриди ҳуқуқи инсон президенти Тоҷикистон имрӯз ҳам зикр кард, ки барои ҳалли ин масоил омода аст. Аммо барои ҳалли мавзӯъ ҳалли мушкилоти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ низ зарур аст. То ҳуқуқи инсон танҳо рӯи коғаз намонаду дар амал иҷро шавад. Иттиҳодияи Аврупо омода аст дар ин замина ба Тоҷикистон ёрӣ кунад. Аммо фишангҳои асосӣ дар дасти ҳукумати Тоҷикистон ва ҷомеаи мадании кишвар қарор дорад. Дар таъмини ҳуқуқи инсон ин ду омил асосӣ дониста мешаванд ва кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо зимни гузариш ба низоми феълӣ аз ин марҳила гузаштаанд. Кишварҳои мо дар фосилаи кӯтоҳ аз иҷрои ин вазифа гузаштанд ва ба дастовардҳои бузурге ноил шуданд. Тоҷикистонро низ зарур аст дар ин амр аз таҷрибаи кишварҳои мо истифода кунад. Мо мушоҳида мекунем, ки мақомоти тоҷик дар ин замина ба пешрафтҳое ноил шудааст, вале дар бештаре аз мавридҳо хатарҳо ҳамчунон боқӣ мондаанд. Аммо мехоҳем тавассути музокироти ошкоро ва дӯстона роҳҳои ҳалли онҳоро пайдо кунем.

Радиои Озодӣ: Тоҷикистон аз онки даҳҳо узви ҳизбу гурӯҳҳои мамнӯъ ва раҳбаронашон дар Аврупову Ғарб панаҳ ёфтаанд, назари интиқодӣ дорад. Вале на Аврупо ва на дигар кишварҳо бо ҳузури онҳо дар қаламравашон зоҳиран мушкиле надоранд. Ҳарчанд Душанбе мамнӯъ эълон шудани бархе аз ин созмонҳо ва боздошту истирдоди фаъолони онҳоро тақозо мекунад.

Петер Буриан: Ин хеле саволи сахт аст. Мо хостори он ҳастем, ки масоили сиёсӣ дар дохили Тоҷикистон ҳал шавад, на дар хориҷа. Барои ин амр ҷомеаи мадании қавӣ зарур аст ва нақши ҳизбҳои мухолиф низ андак нест. Мо умед дорем, ки дар ниҳоят Тоҷикистон аз нерӯе бархӯрдор мешавад, ки ҷомеаи ин кишвар ва мақомотро ба гуногунандешӣ меоварад. Вале ин амр дар дасти ҳукумат ва шаҳрвандони шумост. Мо намехоҳем ба ин раванд мудохила кунем. Вале ҳамзамон нисбат ба гурезагон ва нафароне, ки ба ҳимоят ниёз доранд, аз ҷумла дар қиболи паноҳандагони сиёсӣ, мо мавқеи мушаххас дорем. Дар чунин ҳолатҳо мо барои ин шахс ҳимоят дода, ҳатто барояшон посбон ҳам медиҳем. Ҳамзамон намехоҳем ин амр ба муносибатҳои Иттиҳодияи Аврупо ва Тоҷикистон мушкил эҷод кунад. Баръакс, мо мехоҳем дар ҳамкорӣ бо мо ин мушкилиҳо ба таври судманд ҳалли худро пайдо кунанд.