"Полша паноҳандаҳои тоҷикро террорист арзёбӣ намекунад" ВИДЕО, САДО

Петр Ивашкевич

Як дипломати баландпояи Лаҳистон (Полша) гуфт, созмонҳое, ки дар Тоҷикистон мамнӯъву террористӣ ҳастанд, аз рӯи қонунҳои ин кишвари аврупоӣ чунин арзёбӣ намешаванд ва аз ҳамин хотир аъзои онҳо дар хоки Полша ба таври озод ва қонунӣ ба сар мебаранд. Дар як сӯҳбати ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ дар Душанбе дар ҳошияи нишасти байналмилалии марбут ба об Петр Ивашкевич ба чанд саволи марбут ба Тоҷикистону Полша посух дод.

Суҳбати видеоӣ дар инҷост:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

"Полша паноҳандаҳои тоҷикро террорист арзёбӣ намекунад"

Дар чанд соли охир ҳукумати Тоҷикистон талош кардааст, ҷомеаи ҷаҳониро водор кунад, ки созмонҳое назири ҲНИТ ва “Гурӯҳи 24”-ро ғайримуҷоз ва хатарзо эълон кунанд. Вале то кунун ҳеҷ як кишвари дигар, аз ҷумла Ғарбу Аврупо ин даъватҳои Душанберо напазируфт.

Ин созмонҳо дар Полша мамнӯъ нашудаанд. Ҳеҷ асос вуҷуд надорад, нафароне, ки дар қаламрави мо ба таври қонунӣ ба сар мебаранд, ба ҷое фиристода шаванд.
Петр Ивашкевич

Петр Ивашкевич, сафири Полша дар Тоҷикистону Узбакистон, рӯзи 24-уми май дар сӯҳбати ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, “дар ин авохир теъдоди шаҳрвандони Тоҷикистон, ки мехоҳанд вориди Лаҳистон шаванд, бамаротиб афзоиш ёфтааст”. Ба гуфтаи сафир, ин нафарон аз ҳукумати Полша дархости паноҳандагӣ кардаанд ва бар асоси ҳамин санадҳо дар хоки ин кишвар қонунӣ ба сар мебаранд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Сафири Полша дар бораи муҳоҷирону паноҳандаҳои тоҷик

Сафир гуфт, шумори дақиқи шаҳрвандонеро, ки дар Полша ба сар мебаранд, гуфта наметавонад, вале мусаллам аст, ки “дар ду соли охир чандсад баробар афзоиш ёфтаанд”. Вай гуфт, “сабаби чунин амр мухталиф аст. Фикр мекунам, як сабаби асосӣ коҳиш ёфтани имкони кор дар кишварҳои суннатии муҳоҷирати шаҳрвандони Тоҷикистон, яъне дар Русия, Қазоқистон ва Беларус мебошад. Ин ҳама паёмадҳои таҳримҳои зиддирусиягӣ, бӯҳрони молӣ ва коҳиши қурби рубли русӣ аст. Ба ин хотир, муҳоҷирони кории тоҷик табиатан шароити беҳтареро ҷустуҷӯ мекунанд. Наздиктарин кишвар Лаҳистон аст. Муҳоҷирони корӣ дар ин маврид аз ҳар гуна роҳҳо талош мекунанд, вориди Лаҳистон шаванд.”

Петр Ивашкевич

Ба саволи Радиои Озодӣ дар бораи талабгорони паноҳандагии сиёсӣ дар Полша аз ҳисоби шаҳрвандони Тоҷикистон сафир посухи мусбат дод. Вай гуфт, “инҳо чанд нафар ҳастанд, ки хос аз рӯи ангезаҳои сиёсӣ барои паноҳандагӣ ариза додаанд”. Ивашкевич аз ҷумла гуфт, “Шумо ҳодисаи пурсарусадои порсолро бояд ёд дошта бошед, ки дар Варшава дар ҷараёни нишасти ҳуқуқи башари САҲА рух дод. Онҷо як эътироз барпо шуд ва ин нафарон ҳамонҳое буданд, ки дар қаламрави мо бо сабабҳои сиёсӣ ба сар мебаранд”.

Дар идома сафир гуфт, “дархости Тоҷикистон барои истирдоди ин афрод аз ҷониби мақомоти Полша рад шуд. Бо сабаби онки аъзои ин созмонҳо дар хоки Полша мамнӯъшуда ва террористӣ маҳсуб намеёбанд”. Вай бо ишора ба ҲНИТ ва “Гурӯҳи 24” гуфт, ин созмонҳо “дар Полша мамнӯъ нашудаанд ва ҳеҷ асос вуҷуд надорад, нафароне, ки дар қаламрави мо ба таври қонунӣ ба сар мебаранд, ба ҷое фиристода шаванд”. Дипломати баландпоя гуфт, аризаҳои ҳамаи гурӯҳҳои муҳоҷирон “дар шароити оддӣ” ва бидуни ба категорияҳо ҷудо кардани онҳо баррасӣ мешаванд.

Мақомоти тоҷик дар гузашта дар сатҳи сохторҳои ҳифзи қонун аз ҷомеаи ҷаҳонӣ гила кардаанд, ки даъвати мамнӯъ эълон кардани ин ду созмонро нодида ва ҳатто барояшон паноҳгоҳ медиҳанд.

Ин нахустин шарҳи расмии як мақоми масъули ҳукумати Полша роҷеъ ба ҳузури шаҳрвандони Тоҷикистон дар хоки ин қаламрав мебошад. Қаблан сохторҳои мухталифи давлатии Полша гуфтаанд, ки шумори муроҷиатҳои шаҳрвандони Тоҷикистон барои дарёфти мақоми паноҳандагӣ дар хоки ин давлати аврупоӣ якбора афзоиш ёфтааст. Аз ҷумла, вебсайти “Дипломат” соли 2016 шумори тоҷикистониҳои ҷӯёи ҳаққи паноҳандагӣ дар Полшаро беш аз 1000 нафар арзёбӣ карда буд.

Маълумоти нашрия, ки бар пояи омори расмии мақомоти Полша нашр шудааст, мегӯяд, агар соли 2014 шумори аризадодаҳо аз ҳисоби шаҳрвандони Тоҷикистон 105 нафар буд ва соли 2015 ба 527 нафар расид. Дар шаш моҳи соли 2016 иловатан 660 шаҳрванди дигари Тоҷикистон аз Полша дархости паноҳандагӣ карданд. Вебсайти мазкур мегӯяд, шумори аризаҳои шаҳрвандони Тоҷикистон аз дархостҳои ҳамсони шаҳрвандони Украина ҳам бештар шудааст. Сабаби афзоишро вебсайт ба саркӯби мухолифони ҳукумат дар дохили Тоҷикистон ва фирори онҳо аз кишвар арзёбӣ кардааст.

Лаҳзае аз суҳбати Искандари Фирӯз бо Петр Ивашкевич

Дар ҷаласаҳои марбут ба ҳуқуқи башари САҲА, ки дар шаҳри Варшава аз 19 то 30-юми сентябри соли гузашта баргузор шуд, дар баробари мақомоти Тоҷикистон, инчунин, намояндагони ҳизбу гурӯҳҳои мухолифи ҳукумати ин кишвар иштирок карданд. Рӯзи 21-уми сентябр гурӯҳи тақрибан 20-нафарии мухолифони тоҷик ба яке аз толорҳои ҷаласа, ки вазъи Тоҷикистонро баррасӣ мекард, ворид шуда, бо акси аъзои зиндонии ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯъ дар Тоҷикистон саф кашиданд. Ду рӯз баъд – 23 сентябр баъди тамошои як филми мустанади созмони Human Rights Watch (HRW) ва Кумитаи Норвежии Ҳелсинкӣ дар бораи аъзои мухолифон, ки дар хориҷа мавриди таъқиб қарор гирифтаанд, мақомоти тоҷик ҷаласаи САҲА-ро тарк карданд.

Созмонҳои муҳофизи ҳуқуқи башар ва бархе давлатҳои ғаарбиву аврупоӣ мегӯянд, дар Тоҷикистон то рафт озодиҳои сиёсӣ маҳдуд шуда мухолифон саркӯб мешаванд ва мақомот талош мекунанд, аз ин роҳ садои интиқодро хомӯш намоянд.

Дар баёнияи расмӣ гуфта шуд, ки ҳайати Тоҷикистон ба ҳайси узви комилҳуқуқи созмон аз ҳузури афроде, ки “ҷиноят кардаанд ва дар ҷустӯҷуи байналмилалӣ қарор доранд ва дар нишасти созмон ширкат мекунанд”, бисёр нигарон аст. Баъдан САҲА гуфт, ки ҳадаф аз даъвати мухолифон барпо кардани “муколамаи боз” аст.

Тоҷикистон баъд аз ошӯби номуваффақи моҳи сентябри соли 2015 ҲНИТ-ро масъули ин ҳодисаҳо эълон ва ин ташаккулро мамнӯъ ва террористӣ эълон кард. Тахминан 200 нафар боздошту зиндонӣ шуданд. Аммо раҳбарияти ин ҳизб тамоми иттиҳомотро дар ин замина рад карда мегӯяд, ташкили ошӯб баҳонае барои саркӯби ҳизби сиёсии мухолифин буд.

“Гурӯҳи 24” дар фаъолиятҳои зидди давлатӣ муттаҳам ва бо қарори Додгоҳи олиии Тоҷикистон соли 2014 экстремистӣ эълон шуд. Аксар тарафдорони ин созмон дар берун аз Тоҷикистон ба сар мебаранд ва то имрӯз бо дархости Душанбе чанд нафари онҳо дар Русия боздошт ва ба Тоҷикистон истирдод шудаанд.

Петр Ивашкевич

Мақомоти тоҷик дар гузашта дар сатҳи сохторҳои ҳифзи қонун аз ҷомеаи ҷаҳонӣ гила кардаанд, ки даъвати мамнӯъ эълон кардани ин ду созмонро нодида ва ҳатто барояшон паноҳгоҳ медиҳанд. Дар Саммити кишварҳои арабиву исломӣ ва ИМА дар шаҳри Риёз президент Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 21-уми май аз истифодаи сиёсати "меъёрҳои дугона" дар мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ интиқод карда гуфтааст, “ин амр боиси нокомӣ дар мубориза бо ин падидаҳо дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон шудааст”.

Созмонҳои муҳофизи ҳуқуқи башар ва бархе давлатҳои ғаарбиву аврупоӣ мегӯянд, дар Тоҷикистон то рафт озодиҳои сиёсӣ маҳдуд шуда мухолифон саркӯб мешаванд ва мақомот талош мекунанд, аз ин роҳ садои интиқодро хомӯш намоянд.