Сафири Бритониё: "Қасди дахолат ба корҳои Тоҷикистонро надорем"

Сафири нави Бритониё гуфт, кишвараш ба ҳеч ваҷҳ қасди дахолат ба корҳои Тоҷикистонро надорад, аммо афзуд, онҳо нафақат бо мақомот, балки бо созмонҳои мустақили сиёсӣ низ ҳамкорӣ хоҳанд кард.

Ҳю Стэнли Филпотт, сафири нави Бритониё дар Душанбе, ки ба фаъолияти дипломатияш оғоз кардааст, мегӯяд, кишвараш ба ҳеч ваҷҳ қасди дахолат ба корҳои дохилии Тоҷикистонро надорад. Аммо ӯ дар сӯҳбати ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, онҳо нафақат бо мақомоти расмӣ, балки бо ҳизбҳои сиёсӣ ва созмонҳову гурӯҳҳои мустақил низ ҳамкорӣ хоҳанд кард.

Оқои Филпотт, ки бо забони тоҷикӣ низ ҳарф мезанад, дар мақоми сафири Бритониё дар Душанбе Робин Орд-Смитро иваз намуд, ки соли гузашта дар пайи ноамниҳои Хоруғ, боздошту раҳоии Александр Содиқов ва, инчунин, Манучеҳр ном гузоштани писараш дар сархатти расонаҳо қарор гирифта буд. Ҳоло ӯ сафири Бритониё дар Қирғизистон таъин гардидааст.

Хабарнигорони Озодӣ дар оғози сӯҳбат аз Ҳю Стэенли Филпотт дар Душанбе пурсиданд, чигуна забони тоҷикиро аз худ кардааст?

Ҳю Стэнли Филпотт: “Вақте хабари таъин шуданам ба мақоми сафири нави Бритониё дар Тоҷикистонро ба ман расонданд, лозим донистам, забони тоҷикиро омӯзам. Бо кумаки муаллимони тоҷик дар Лондон ба омӯзиши ин забон машғул шудам. Албатта, ҳоло забони тоҷикиро кам медонам, зеро ҳамагӣ 4-5 моҳ шуд, ин забонро меомӯзам. Бештар бо забони русӣ сӯҳбат мекардам. Бояд бигӯям, хеле хушнудам, ки дар Тоҷикистон ҳастам.”

Радиои Озодӣ: Назокат ва ҳассосияти сафир будан дар кишварҳое мисли Тоҷикистон аз чӣ иборат аст?

Ҳю Стэнли Филпотт: “Барои ҳар як дипломате, ки ба Тоҷикистон сафар мекунанд, донистани нозукӣ ва ҳассосияти зинадгии ин мардум муҳим мебошад. Бояд ҳурмате, ки аз мардуми тоҷик мегиранд, кумаки худро ба фарҳангу анъанаи тоҷикон нишон диҳанд. Ба ин далел маслиҳати ман низ ин аст, ки фарҳангу суннати мардумро бояд эҳтиром кард.”

Радиои Озодӣ: Шумо фаъолиятро ба унвони сафири Бритониё дар Тоҷикистон, ки ҳамакнун ду ҳафта шуд, бо чӣ шурӯъ кардед?

Ҳю Стэнли Филпотт: “Нахуст бо кормандони сафорати Бритониё дар Душанбе шинос шуда ва баъдан дар маросими супоридани эътимоднома ба вазири корҳои хориҷӣ ва раисиҷумҳури Тоҷикистон ширкат намудам. Худи ҳамон рӯзи супоридани эътимоднома ба раисиҷумҳур онро ба хонаводаам, ки дар Лондон ҳаст, қисса намудам. Ҳамчунин бо Лондон дар тамос шуда ва натиҷаи дидору гуфтугӯ ва супоридани эътимоднома ва ба хусус паёми раисиҷумҳур ва вазири корҳои хориҷиро расонидам, ки густариши равобиту ҳамкориҳои дуҷониба ва таъмини суботу амният ва оромӣ дар минтақа аз ҳадафҳои аслӣ мебошад. Дар рӯзҳои баъд, барномаи ташриф ба манотиқи Тоҷикистонро ҳамоҳанг кардам ва омодагиҳоро гирифтам.”

ВИДЕО: Сӯҳбати сафири Бритониё бо забони тоҷикӣ

Радиои Озодӣ: Шумо нақши худро ҳамчун сафири Бритониё дар пуштибонӣ аз ҳуқуқи инсон ва озодии сухану матбуот дар чӣ мебинед?

Ҳю Стэнли Филпотт: “Ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва ҳамин тавр баёну андеша асоси тамаддуни башариро дар бар мегирад. Ман бо ҳукумати Тоҷикистон ва мақомоти ин кишвар барои ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва иҷрои тааҳҳудоти худ дар ин замина ҳамкориро густариш хоҳам дод. Истифодаи ин ӯҳдадориҳо, ба хотири рушду пешрафти инсонҳо хоҳад буд. Ба ин хотир вазифаи худ медонам, ки дар ҳолатҳои лозим барои дифоъ аз ҳуқуқи инсонҳо талош кунам.”

Лаҳзае аз гуфтугӯи Хуршеди Ҳамдам бо сафири нави Бритониё дар Душанбе

Радиои Озодӣ: Муносибати Шумо бо ҳизбу ҳаракат ва нерӯҳои сиёсии Тоҷикистон чӣ гуна шакл хоҳад гирифт?

Ҳю Стэнли Филпотт: “Ҳамчун сафири Бритониё дар Тоҷикистон на танҳо бо мақомоти ҳукуматӣ, балки бо дигар табақаҳои мухталифи сиёсӣ, иқтисодӣ ва тиҷорату соҳибкорӣ ҳамкорӣ хоҳам кард. Ҳадафи аслии мо рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва таъмини суботу амният дар Тоҷикистон ва минтақа аст. Ба ин далел, мулоқоту ҳамкориҳои мо маҳдуд нахоҳад буд ва бо ҳама нерӯҳо ва табақаҳои Тоҷикистон густариш хоҳад ёфт.”

Радиои Озодӣ: Он сатҳи ҳамкориҳое, ки миёни ду кишвар аст, Шуморо қонеъ месозад? Кадом риштаҳоро дар ҳамкории байни кишвари худ ва Тоҷикистон муҳимтар аз бақия мешуморед ва чаро?

Ҳю Стэнли Филпотт: “Бритониё бо Тоҷикистон дар арсаҳои мухталиф равобиту ҳамкориҳо дорад. Ин ҳамкориҳо дар ҳоли ҳозир дар сатҳи хеле хуб қарор дорад. Мо бо ҳукумати Тоҷикистон дар бахши мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи байналмилалӣ, тероризм ва маводи мухаддир ҳамкории хуб дорем. Дар арсаи илму маориф ва фарҳанг низ равобит густариш меёбад. Дар ин робита байни осорхонаҳои Бритониё ва Тоҷикистон ҳамкории зич ба роҳ монда шудааст. Дастовардҳои вазорати рушди байналмиаллии Бритониё дар Тоҷикистон низ мояи хурсандист. Зеро онҳо дар бахшҳои мухталифи иқтисоди Тоҷикистон, аз ҷумла кишоварзӣ ва соҳибкории хурд тарҳҳоеро мавриди иҷро гузоштаанд.”

Радиои Озодӣ: Соли 2014 барои сафорати Бритониё дар Тоҷикистон соли вазнин буд. Баъди нооромиҳои шаҳри Хоруғ дар баҳори соли гузашта, мақомоти Тоҷикистон ба таври қариб мустақим дипломатҳои аврупоиро дар мудохила ба умури ин кишвар муттаҳам карданд. Ҳатто

Робин Орд-Смит, сафири собиқи Бритониё дар Тоҷикистон

пас аз қазияи боздошти Александр Содиқов, исми сафири пешинро дар ин иртибот ба забон меоварданд. Ҳатто мақомоти амниятии Тоҷикистон дар гузашта, борҳо ниҳоду ҳамкорони байнулмилалии худро ба он мутааҳам кардаанд, ки ба созмон ва гурӯҳҳои зидди амнияту субот сармоягузорй мекунанд. Аз ин огоҳед ва посухи Шумо чист?

Ҳю Стэнли Филпотт: “Ман аз ин воқеаҳо ва ҳодисаҳо огоҳам. Таъкид карданияам, ки ҳукумати Бритониё нияту қасди мудохила ба умури Тоҷикистон ва ҳар давлати дигарро надорад. Албатта, барои сафирони байналмилалӣ дуруст аст, ки дар кишвари мизбон озодона сафар кунанд ва сӯҳбату вохӯриҳо бо табақаҳои мухталиф ва одамони касбу кори гуногун кунанд. Ин кори мо сафирон аст, ки дар кишваре, ки сабти ном ҳастем, бояд он кишварро пурра омӯзем. Ба ин далел, ният дорам, тӯли фаъолиятам ба минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон сафар намояму бо вазъи зиндагии мардуми ин кишвар ошно шавам. Албатта, мақомоти амниятӣ ва ҳамин тавр, сафирон вазифаҳои худро доранд, ки меҳвари ин ҳадафҳои муштарак, таъмини сулҳу субот ва оромӣ барои мардум аст, то онҳо тавонанд, зиндагии худро ба таври осуда пеш баранд. Ин ӯҳдадории мо сафирон ва ҳамин тавр мақомоти Тоҷикистон аст, ки муштарак барои ба даст овардани ҳадафҳои умумӣ талош кунем.”

Радиои Озодӣ: Ҳамон гуна, ки гуфтед, пас аз супоридани эътимодномаи сафирӣ, шумо дидорҳое бо мақомоти Тоҷикистон, ба хусус вазири корҳои хориҷӣ доштед, оё вазъ дар Украина ва таниш миёни Русияву Ғарбро низ баррасӣ кардед?

Ҳю Стэнли Филпотт: “Бритониёи Кабир кӯшиши дипломатии ба даст омадани оташбас дар Украинаро хеле хуш истиқбол мекунад. Созишномае, ки дар Минск қабул шуд ва Шӯрои амнияти Созмони Милал низ онро тасдиқ кард, тарафҳоро барои иҷрои ӯҳдадориҳо ташвиқ мекунад. Мехоҳам таъкид кунам, ки бояд ба истиқлолият ва тамомияти арзии Украина эҳтиром қоил шуд, чун Украина соҳибихтиёр аст. Аммо дар дидор бо Сироҷиддин Аслов, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ва дигар мақомоти ин кишвар дар масоили густаришу тақвияти ҳамкориҳои дуҷонибаи иқтисодӣ, фарҳангӣ ва илму маориф сӯҳбат кардем.”

Радиои Озодӣ: Чӣ заминаҳо ва имконот барои густаришу тақвияти ҳамкориҳо миёни Британиё ва Тоҷикистон вуҷуд дорад?

Ҳю Стэнли Филпотт: “Ман дар гузашта сардори раёсати илму маорифро дар Англия бар дӯш доштам ва таҷрибаи хубе дар ин замина дорам. Ба ин далел мехоҳам, то ҳамкориро дар соҳаи илму маориф ва инноватсия густариш бахшам ва бо донишгоҳҳои Тоҷикистон, равобити хуб барқарор намоям. Зеро бовар дорам, илму маориф ва инноватсия барои рушди иқтисодии кишвар, кумаку мусоидат хоҳад кард. Ҳамчунин ба манзури тақвияти фаъолияти дипломатӣ ва ҳамин тавр, густариши ҳамкориҳо бо Тоҷикистон ният дорам, то дар сафар ба Лондон бо мақомоти дахлдор дидорҳоеро анҷом бидиҳам, то битавонем ҳамкориҳоро ба манзури рушди иқтисодии Тоҷикистон, ба хусус дар заминаҳои обу энержӣ, кишоварзӣ ва ғайра ривоҷ бидиҳем. Аз сӯи дигар бо мақомоти Тоҷикистон барои фароҳам кардани фазо ва муҳити сармоягузорӣ дар ин кишвари Осиёи Марказӣ ҳамкорӣ хоҳам кард. Ин кор барои ҷалби сармояи хориҷӣ ва рушди иқтисодии кишвар хеле муҳим аст. Бар ин назарам, ки ҳукумати Тоҷикистон барои амалӣ шудани ин кор бояд дар ҳамкорӣ бо шарикони байналмилалии худ инфрасохтори хуби сармоягузорӣ ташкил намояд ва назоратро дар ин замина бештар кунад.”

ШАКЛИ ПУРРАИ ГУФТУГӮ БО САФИРИ БРИТОНИЁ

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Мусоҳиба бо сафири Бритониё дар Тоҷикистон

Радиои Озодӣ: Таҳдидҳо аз сӯи “Давлати исломӣ” дар ин авохир бештар сари забонҳост ва ҳатто хабарҳо ҳокист, ки ин гурӯҳ ба марзи Тоҷикистон, манзур шимоли Афғонистон наздик мешаванд. Албатта, ин вазъ мояи нигаронии мақомоти аввали Тоҷикистон аст. Аммо аз назари шумо ин нигарониҳо то чӣ ҳад ҷиддӣ ва воқеӣ ҳастанд?

Ҳю Стэнли Филпотт: “Албатта ҳамаи мо аз ин таҳдиду хатарҳои “Давлати исломӣ” тариқи расонаҳо, пахши хабару мақолаҳо ва аксу наворҳо хабар дорем ва эҳсос ҳам мекунем. Хабари дар қаламрави Афғонистон, кишвари ҳаммарз бо Тоҷикистон фаъол шудани ин гурӯҳро низ мутолиа кардам. Ҳарчанд дар мавриди таҳдиди “Давлати исломӣ” ба Тоҷикистон иттилои зиёде надорам, аммо мубориза алайҳи ин гурӯҳ аз вазифаҳои ҳар яки мост. Бояд ба ҷомеа ҳадафҳои нопоки ин гурӯҳ расонда шавад. Ин на танҳо вазифаи мансабдорону сафирон аст, балки вазифаи ҷомеаи маданӣ, ба хусус расонаҳо ва марказҳои пажӯҳишӣ низ ҳаст.”

Радиои Озодӣ: Дар ин замина, ба хусус ба манзури ҷилавгирӣ ва мубориза алайҳи гурӯҳҳои ифротӣ ва терористӣ, Бритониё ва Тоҷикистон чӣ ҳамкориҳоеро ба роҳ мондаанд?

Ҳю Стэнли Филпотт: “Албатта, посух ба ин суол баъзе нозукиҳо дорад, ки наметавонам ҷузъиёташро баён созам. Аммо байни ду кишвар ҳамкориҳо дар заминаи мубориза алайҳи ҷиноятҳои байналмилалӣ, тероризму қочоқи маводи мухаддир вуҷуд дорад. Зимни ҳамкорӣ бо ниҳодҳои зидахли Тоҷикистон, кумакҳои фаннӣ, назири таҷҳизоту дастгоҳҳои муосири кашфи маводи мухаддир ироа мешаванд ва ҳамчунин табодули таҷриба сурат хоҳад гирифт. Намунаи беҳтарини ин ҳамкорӣ бо оҷонсии назорат бар гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири Тоҷикистон аст. Албатта, дар асри 21 таҳдидҳои дигаре, ба хусус хатари ҷиноятҳои кибернетикӣ низ вуҷуд дорад. Ин таҳдидҳо бештар алайҳи бонкҳо ва технологияҳои муосир аст. Дар ин соҳа низ нияти густариши ҳамкориҳо бо Тоҷикистонро дорем.”

Радиои Озодӣ: Муддати ду ҳафтаи буду бош дар Тоҷикистон Душанберо чӣ гуна дарёфтед.

Шарҳи ҳоли сафири нави Бритониё дар Душанбе

Ҳю Стэнли Филпотт фаъолияташро дар вазорати корҳои хориҷии Бритониё дар соли 1980 оғоз кардааст. Аз соли 1985 дар сафоратхонаҳои Бритониё дар Будапешт, Ироқ, Амрико, Уммон кор кардааст. Соли 2007 дубора ба вазорати корҳои хориҷии Бритониё баргашта ва дар мақоми муовини раҳбари гурӯҳи илмӣ ва инноватсионӣ ифои вазифа намудааст. Баъдан, аз соли 2008 то соли 2012 дар вазоратҳои корҳои хориҷӣ ва соҳибкорӣ, инноватсия ва ҳунарҳои дастии Бритониёи Кабир кор кардааст. Ҳю Стэнли Филпотт соли 2014 ба унвони сафири Бритониё дар Тоҷикистон таъин гардид ва 8 марти соли ҷорӣ эътимодномаи худро ба Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон супорид. Оиладор. Хонумаш Ҷанин Фредерика Филпотт - дипломати собиқадор буда, ҳоло бознишаста шудааст. Онҳо соҳиби як духтар ҳастанд.

Ҳю Стэнли Филпотт: “Дар ин муддати кӯтоҳ то андозае ба Душанбе ошно шудам. Боғу гулгаштҳо, осорхонаи миллӣ ва бозорҳои Душанберо ҳамчун сайёҳ тамошо кардам. Ният дорам, театрҳои Тоҷикистон, аз ҷумла Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айниро зиёрат намуда ва намоишномаеро низ тамошо кунам. Ба шаҳри Хуҷанд, маркази вилояти Суғд низ сафари кӯтоҳмуддат доштам. Ман, ки кӯҳро дӯст медорам ва аз панҷараи манзили худ кӯҳҳои атрофи Душанберо мебинам, чӣ қадар зебоянд. Ба ин далел мақсад дорам, то дар оянда табиати дилангези Тоҷикистон, яъне кӯҳҳои сарбафалаки онро аз наздик бубинам. Ман мунтазири хонавода - хонум ва духтарам ҳастам, ки ҳамроҳ иди мазҳабии худ, яъне “Пасха” – ро доир кунем. Хонуми ман дипломати собиқадор аст ва ҳоло бознишаста шудааст. Умедворам пас аз омадани онҳо ба Тоҷикистон, мо метавонем ба ҷойҳои дидании ин кишвар ҳамчун сайёҳ сафар кунем.

Радиои Озодӣ: Аммо вақти фароғати худро бештар бо чӣ мегузаронед?

Ҳю Стэнли Филпотт: "Ҳамчун сафир, вақти фароғатӣ камтар дорам. Аммо бо даст додани ин имконият, мехоҳам ҳамроҳи хонаводаам бошам. Тамошои театру синамо, навохтани пианино ва дигар асбобҳои мусиқӣ ва ҳатто ошпазиро дӯст медорам. Забони тоҷикӣ ва русии худро низ сайқал доданиам. Зеро омӯзиши ин ду забон барои ҳам фаъолияти дипломатии ман дар Тоҷикистон ва ҳам муошират бо мардуми тоҷик кумак хоҳад кард."