Нодир Турсунзодаи 49-сола ахиран аз сафари дувуми худ ба Антарктида ё қутби ҷанубии сайёра ба Душанбе баргашта, барои фатҳи севуми нуқтаи ҷанубии ҷаҳон омодагӣ мегирад. Дар маҷмӯъ вай ба беш аз 60 кишвари ҷаҳон сафар карда, дар ҳама ҷо таблиғи ватани худ Тоҷикистонро анҷом медиҳад.
Дар сӯҳбати ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ ҷаноби Турсунзода гуфт, ки қабл аз сафар ба Антарктида мехоҳад бори дувум қуллаи Турсунзода дар Бадахшонро фатҳ кунад, ки соли 1981 ба он номи бобояш Мирзо Турсунзода, қаҳрамони Тоҷикистон гузошта шудааст.
Радиои Озодӣ: Нодирҷон, ба Радиои Озодӣ хуш омадӣ ва нахуст бигӯ, ки ҳадафи ин сафарҳоят ба Антарктида чӣ аст?
Дар маҷмӯъ Нодир Турсунзода ба беш аз 60 кишвари ҷаҳон сафар карда, дар ҳама ҷо таблиғи ватани худ Тоҷикистонро анҷом медиҳад.
Нодир Турсунзода: Дуруст аст, ки сафар ба Антарктида танҳо ба хотири сафар анҷом намешавад. Ҳарчанд солҳои охир дар Тоҷикистон низ ҷаҳонгардӣ рушд ёфтааст, аммо ман ин даъфа барои сафар ба Антарктида ҳамчун узви як ҳайати алоқамандони иртиботи радиоӣ, рафта будам. Ба ин ҳайат як мутахассиси соҳаи иртиботи радиоӣ зарур буд ва ман пешниҳоди ин сафарро қабул кардам. Барои чунин сафарҳо алоқамандони иртибототи радиоӣ маъмулан минатақаҳои дастнорасро интихоб мекунанд ва ин даъфа мо озими ҷазираҳои Ҷанубии Оркней дар Антарктида шудем. Сайёҳон мегӯянд, ки аз ин ҷазираҳо теъдоди ҷаҳонгардон аз теъдоди қайҳоннавардон камтар дидан кардаанд.
Радиои Озодӣ: Мо медонем, ки ин дувумин сафари ту ба Антарктида буд, дуруст аст?
Нодир Турсунзода: Бале, соли 2014 ман ба минтақаҳои ҷанубии Антарктида, дақиқан ба ҷазираи Амстердам сафар карда будам. Дар қисмати ҷанубии уқёнуси Ҳинд ҷазираҳое ҳастанд, ки Амстердам, Киргиленд ва Крозе шомили он мебошанд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Радиои Озодӣ: Аз сомонаи иҷтимоии Фейсбук иттилоъ гирифтам, ки қабл аз сафари охиринат ба Антарктида, аз чанд кишвари Америкаи Лотинӣ ва қораи Африқо низ дидан кардаӣ, ин чӣ кишварҳо буданд?
Нодир Турсунзода: Ман дар маҷмӯъ аз беш аз 60 кишвар дар ҳамаи кораҳо дидан кардаам. Ҳадафи ин сафарҳо мухталифанд, ҳам ҷаҳонгардиву ҳам аз пайи шуғли дӯстдоштаам, яъне иртибототи радиоӣ.
Радиои Озодӣ: Пас, сафарҳоят ба Антарктида низ ба хотири иртибототи радиоӣ буд?
Нодир Турсунзода: Ҳар ду сафарам ба қутби ҷанубии сайёра маҳз ба хотири иртибототи радиоӣ буд. Алоқамандони иртибототи радиоӣ хеле дӯст медоранд ба кишварҳое сафар кунанд, ки дар он ҷо алоқаи радиоӣ ё аслан вуҷуд надорад ё хеле кам тавсеа ёфтааст. Дар ҷазираҳое, ки номбар кардам аҳёнан инсонро вохӯрдан мумкин аст, чӣ расад ба алоқамандони иртибототи радиоӣ. Ҳар ду сафарам ба Антарктида дар ҳайати Тими амрикоии антарктидаӣ анҷом шуда буд. Соли 2011 мо бо ин ҳайат талош доштем ба ҷазираи Крозе дар минтақаи субантарктида сафар кунем, аммо мақомоти Фаронса бароямон иҷозаи вуруд ё виза надоданд. Замони сафари мо бо замони наслгирии паррандагон дар ин ҷазира мувофиқ афтод ва ба ин хотир мақомоти Фаронса ба манзури ҳифзи муҳити зист нагузоштанд, ки мо ин сафарро анҷом диҳем.
Радиои Озодӣ: Метавонӣ бигӯӣ, ки дар ин сафар ба чӣ амалҳои мушаххаси алоқаи радиоӣ машғул будӣ?
Нодир Турсунзода: Нахуст бояд бигӯям, ки дидор аз Антарктида заҳматталаб аст, зеро бояд ҳуҷҷатҳои зиёдеро ҷамъоварӣ кард.
Радиои Озодӣ: Ҳатто заҳмати бештар аз дарёфти виза?
Ҳолномаи Нодир Турсунзода
Нодир Турсунзода соли 1968 дар шаҳри Душанбе таваллуд шуда, мактаби миёнаи рақами 9-и пойтахтро хатм кардааст. Сипас, дар бахши таърихи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон таҳсил кардааст. Ҳамзамон бо таҳсилот машғули алоқаи радиоӣ буд. Соли 1997 яке аз Донишгоҳҳои Австралияро хатм кардааст. Ҳоло раҳбари ширкати алоқаи радиоии “НЭЛТ” мебошад. Оиладор. Соҳиби ду писар, ки ҳар ду дар Олмон таҳсил мекунанд.
Нодир Турсунзода: Бале. Антарктида қораест, ки дар ҳолати бунёдиаш ҳифз карда мешавад. Ба ин далел мақомот талош мекунад, ки ба ин қора ҳеҷ чизи бегонае аз заминҳои дигар ворид нашавад ва ба ин хотир таҳияи асноди зиёде, бештар аз дарёфти визаро талаб мекунанд. Барои мисол, мо ба Антарктида бо киштӣ шино мекунем ва барои ҳатто ҳамин сафар маҷбурем ҳуҷҷатҳои зиёдеро пешкаш созем. Вақте ба ҷазирае фуруд меоем, дар он ҷо урдугоҳ таъсис дода, воситаҳои зиндагониро фароҳам месозем. Сипас таҷҳизоти иртиботи радиоӣ ва антенаҳоро насб карда, бо ҳамтоёни худ дар тамоми сайёра дар иртибот мешавем. Ҳамарӯза аз он ҷо 8-10 соат бо дӯстдорони алоқаи радиоӣ дар кишварҳои мухталиф дар иртибот мешавем. Ин ҳам шуғл асту ҳам варзиш, аммо шахсан ман алоқаи радиоиро бештар ҳамчун шуғл арзёбӣ мекунам. Зеро, ин шуғл бидуни назардошти тахассуси инсон донишҳои бунёдии шахсро, назири забондониву ҷуғрофия такмил медиҳад.
Радиои Озодӣ: Маълум аст, ки чунин сафарҳо маблағи зиёдеро тақозо мекунад. Ҳазинаи онро аз куҷо пайдо мекунӣ?
Нодир Турсунзода: Ба ин саволи шумо намехоҳам посух диҳам.
Радиои Озодӣ: Бошад. Нодирҷон, медонем, ки набераи Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода ҳастӣ, ки тамоми эҷодиёти худро ба таблиғи ватани худ бахшидааст. Оё сафарҳои худат низ чунин ҳадаф доранд?
Нодир Турсунзода: Хоҳу нохоҳ вақте инсон ба дуриҳо сафар мекунад, муаррифии кишвараш бар дӯши вай вогузор мешавад. Зимни сафарҳоям талош мекунам ба ин талабот ҷавобгӯ бошам.Чун ватани худро сахт дӯст медорам, ҳамеша ба ҳамроҳонам ва сокинони кишварҳои мухталиф аз кишвари худ қиссаҳои ҷолиб мекунам. Тоҷикистон дорои табиати зебо ва мардуми наҷиб аст. Шояд таблиғи ман асар мегузорад, ки баъд аз ҳар як сафарам теъдоди дӯстони навам, ки ба Тоҷикистон барои сайёҳӣ ташриф меоваранд, афзоиш меёбад.
Радиои Озодӣ: Нодирҷон, метавонӣ аз сафарҳоят барои мо қиссаеро ёдоварӣ бикунӣ, бахусус аз сафарат ба Антарктида, ки шароити иқлимиаш аз Тоҷикистон фарқияти зиёде дорад.
Нодир Турсунзода: Саволи хубе, аммо воқеият ба ин тартиб нест. Дар Тоҷикистон сардиҳову яхбандиҳои мисли Антарктида дар Бадахшон дида мешаваду, дар ҷануби кишвар биёбонҳои африқоӣ ҳастанд. Тоҷикистон дорои ҳамаи иқлимҳои ҷаҳонӣ мебошад, вале ба ҷузъ аз баҳрҳо. Дар бобати баҳрҳову уқёнусҳо шояд бигӯям, ки барои тоҷикон чандон шинос нест. Чун бархи аъзами сафарҳои мо тавассути киштиҳо мегузарад, ҷунбиши киштӣ дар тӯфонҳои баҳрӣ як ҳолати ноошно барои мо, тоҷикон аст. Дар сафари нахустинам ба Антарктида мо аз гулӯгоҳи Дрейта убур мекардем, ки минтақаи аз ҳама осебпазири тӯфонҳои баҳрӣ дар ҷаҳон мебошад. Баландии мавҷҳои баҳрӣ дар ин гулӯгоҳ беш аз 10 метр буду баландии пеши киштии мо ҳамагӣ 4 метр. Дар чунин вазъият мо то ин ҷазира тӯли 5 шабонарӯз шино кардем.
Радиои Озодӣ: Тӯли ин сафарҳо сокинони маҳаллӣ аз ту дар бораи Тоҷикистон иттилоъ мегирифтанд?
Нодир Турсунзода: Инсонҳои таҳсилкарда ҳамеша мехоҳанд донанд, ки дар паҳлӯяшон кӣ қарор дорад. Албатта, ман ба онҳо дар бораи Тоҷикистон қиссаҳо мекардам ва онҳо маро бо кишвари худ ошно месохтанд. Ман аз тамоми минтақаҳои Тоҷикистон дидан кардаам ва дар ҳолатҳои зарурӣ барои ҳамроҳонам ва сокинони кишварҳои дигар ватани худро муаррифӣ месохтам. Ҳатто ахиран дар як ҳамоише дар Америка бо аксҳо Тоҷикистони худро муаррифӣ кардам. Зиёд ҳолатҳое буданд, ки вақте Тоҷикистон мегӯям, онҳо мегӯянд, ки ин ҳамон “истонҳо” аст, зеро баъд аз фурӯпошии Иттиҳоди шӯравӣ чанд кишваре пайдо шуданд, ки дар охири номашон “истон” вуҷуд дорад. Вазифаи мо низ аз он иборат буд, ки дар бораи кишвари худ иттилои мушаххас бидиҳем.
Радиои Озодӣ: Дар канори шуғли дӯстдоштаат – алоқаи радиоӣ дар ин сафарҳо боз ба чӣ кор машғул мешудӣ?
Нодир Турсунзода: Бароям бештар зарфиятҳои табииву таърихии ҳар як минтақа бештар ҷолиб аст. Қабл аз сафар ба минтақае аз таърихи пайдоиш ё кашфи он иттилоъ мегирам. Масалан, бароям ҷолиб буд, ки пойгоҳи британиягӣ дар ҷазираҳои Акнейри Ҷанубӣ чӣ тавр пайдо шудааст. Ман ба ин пойгоҳ рафта, бо мардуми он ҷо сӯҳбат кардам ва иттилои дақиқеро дар бораи онҳо пайдо кардам. Ҳамзамон хеле дӯст медорам, ки табиати нотакрори минтақаҳои ношиносро аксбардорӣ кунам, зеро бояд барои хотира ин аксҳоро ҳифз кунам.
Радиои Озодӣ: Пас, мо метавонем интизор бошем, ки дар оянда аксҳову хотираҳоят аз ин сафарҳо нашр ё дар намоишгоҳе пайдо мешаванд?
Нодир Турсунзода: Дар бораи баргузории намоишгоҳе ҳоло ҳарфе задан барвақт аст. Вале аксҳои бардоштаам дар маҷаллаҳои мухталифи ҷаҳонӣ нашр мешаванд. Дар маҷаллаҳои соҳавӣ мақолаҳои ман низ нашр мешаванд. Аммо барои дар ихтиёри хонандаҳои бештар гузоштани ин мақолаҳо ман ҳанӯз омода нестам. Шояд дар оянда чунин тасмиме бигирам. Ҳоло сафарҳои ман бештар ба хотири алоқаи радиоӣ ва насби антенаҳо анҷом мешаванд, зеро ба ин кор ниёз зиёд аст.
Радиои Озодӣ: Нодирҷон, медонам, ки падарат низ аз дӯстдорони алоқаи радиоӣ мебошанд ва ҳоло худ ин шуғлро идома медиҳӣ. Оё дар таҷрибаи шумо буданд ҳолатҳое, ки мақомоти амниятӣ ба фаъолиятатон мудохила мекарданд?
Нодир Турсунзода: Шояд ҳеҷ мудохилае нашуда буд, зеро алоқаи радиоӣ ба давлат судовар аст. Барои ин шуғл иҷозати сохторҳои амниятӣ зарур аст. Шумо медонед, ки алоқаи радиоӣ барои интиқоли иттилоъ метавонад истифода шавад ва ба ин хотир муҷаввизи онро ба ҳар кас намедиҳанд. Аммо алоқаи радиоӣ барои донишандӯзӣ нақши бузург дорад. Дар ойинномаи дӯстдорони алоқаи радиоии ҷаҳонӣ зикр шудааст, ки мо вазифадорем дар ҳолатҳои изтирорӣ ба сохторҳои давлатӣ кӯмак кунем. Тоҷикистон як кишвари осебпазири аз нигоҳи ҳолатҳои фавқуллодаи табиӣ аст ва мо ҳамеша омода ҳастем, ки дар чунин ҳолатҳо ба мақомот кӯмак кунем, зеро аз таҷрибаи бойи истифодаи алоқаи радиоӣ дар минтақаҳои офатзада бархурдорем. Ин нуктаро ҳам мо дарк мекунему ҳам сохторҳои амниятиву назораткунанда ва ба ин далел ҳамдигарфаҳмии хубе дар ин замина вуҷуд дорад.
Радиои Озодӣ: Чун набераи қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода ҳастӣ, оё дар сафарҳоят бобоятро таблиғ мекунӣ ё нусхае аз осорашонро бо худ мебарӣ?
Нодир Турсунзода: Шояд дар ин масъала ман каме ақаб мондаам, зеро як инсони сирф фаннӣ мебошам. Албатта, осори бобоям фарох аст, аммо ман табиатан бештар муҳандис ҳастам. Бобоям барои ман пеш аз ҳама бобо буданд, на адиб. Шояд ҳанӯз ман ба дарки асосҳои назм нарасидаам ва эҳтимол дорад ҳоло ин кор дар пеш аст.
Радиои Озодӣ: Чӣ сафарҳои дигаре дар пеш аст?
Нодир Турсунзода: Баъд аз як ҳафта ба Бадахшон сафар мекунам, ки ҳадафи аслиаш аксбардорӣ аст. Соли 1981 қуллаи ба номи Турсунзода, ки 6038 метр баландӣ дорад, фатҳ карда будам. Он замон таҷҳизоти муосири аксбардорӣ бо худ надоштам ва ҳоло мехоҳам аз ин баландӣ боз аксҳои хубтаре бардорам. Дар моҳи январи соли 2018 ман бо ҳайате озими ҷазираи Буве дар Антарктида мешавам.
Радиои Озодӣ: Боз ҳам Антарктида, намехоҳӣ ба Арктика сафар бикунӣ?
Нодир Турсунзода: Мутассифона, дар Арктика мавзеъҳои ҷолиб барои дӯстдорони алоқаи радиоӣ нест. Аммо, агар даъват карданд, хеле мехоҳам аз ҷазираи Франс Иосиф, ҷазираҳои Новосибирск ва ҷазираи Врангел дидан кунам.