Меҳрона: "Худо ба ҳар кас дасту пой додааст, бояд зиндагиро сохт"

Меҳрона Ғайбуллоева, духтари ятими тоҷик, ки ба даври дувуми озмуни байналмилалии "Ту беҳтаринӣ" (Ты супер) дар Русия роҳ ёфт, бо як паём ба ҳамтақдирони худ гуфт, "руҳафтода набошанд, зеро зиндагӣ идома дорад ва муваффақият дар дасти худи инсонҳост". Ғайбуллоева дар курси аввали Коллеҷи мусиқии ба номи Аҳмад Бобоқулов мехонад.

Озмуни "Ту беҳтаринӣ!" тавассути телевизони НТВ роҳандозӣ шудааст ва дар он намояндаҳои беш аз 10 кишвар иштирок доранд.

Орзуи кӯдакони ятим

Ин о​возхони 17-солаи тоҷик рӯзи 27-уми феврал дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ аз осоишгоҳи "Красная гвоздика"-и Маскав гуфт, ин шабу рӯз ҳамроҳ бо даҳҳо иштирокдорони озмун аз кишварҳои ИДМ дарси мусиқӣ меомӯзад ва барои расидан ба орзуяш тамрин мекунад.

Дар озмуни "Ты супер!" ки аз тариқи телевизиони НТВ-и Русия намоиш дода мешавад, ба кӯдакони ятим имкон медиҳанд орзуи худро амалӣ кунанд. Меҳрона ҳам мегӯяд, модараш нӯҳ сол пеш аз дунё гузашт ва падараш, ба гуфтаи ӯ, пештар аз ин ҳодиса хонаводаро тарк карда буд.

"Модарам беҳтарин буд"

Меҳрона, ки аз хурдсолӣ аз модар ятим мондааст, хотираҳои зиёд надорад, вале мегӯяд, модараш беҳтарин буд ва ҳеч гоҳ касе натавонист ҷои ӯро бигирад. "Намедонам, дигарон чӣ мегӯянд, вале кӯдаки хушбахт будам. Хурд будам ва дарк мекардам, ки чӣ қадар модари ман беҳтарин буд. Модарам ҳар субҳ барои ман ширинӣ мехарид, инро фаромӯш намекунам", - ба ёд овард Меҳрона.

Баъд аз ин, Меҳрона Ғайбуллоева бо хоҳараш як муддат дар мактаб-интернат зиндагӣ карда, баъдан тарбияи онҳоро холаашон ба ӯҳда гирифт. Тавре худи ин духтари ҷавон мегӯяд, дар пайи як нофаҳмӣ аз хонаи холааш рафт ва муддате дар хобгоҳ зиндагиро идома дод.

"Самимона бахшиш мепурсам"

"Зиндагӣ барои ман дар хобгоҳ писанд набуд. Одамони гуногуне бо рафторҳои ҳархела онҷо зиндагӣ мекарданд. Намехостам зиндагӣ дар чунин ҷойро интихоб кунам. Ҳоло бо хоҳарам дар хонаи иҷора зиндагӣ мекунем, шароити мо хуб аст. Метавонам гӯям, ки ҳоло ҳам холаамро дӯст медорам. Чун ӯ моро аз фарзандонаш дида беҳтар дӯст медошт. Аз ӯ самимона бахшиш мепурсам. Медонед, ӯ барои ман ҳар рӯз занг зада, комёбӣ орзу мекунад", - афзуд ӯ.

Меҳрона дар бораи рафтан аз хонаи холааш ошкоро сӯҳбат накард. Аммо гуфт, пас аз пирӯзияш дар даври аввал нахустин нафаре, ки бо ӯ тамос гирифт ва табрик кард, холааш буд. Меҳрона мегӯяд, бо вуҷуди онки овозхониро аз хурдӣ дар мактаб оғоз кард, барои боз кардани роҳаш дар ин роҳ, маркази дилхушии кӯдакон “Мадагаскар” низ кумак кардааст.

Чун ӯ пас аз дарс дар чорабиниҳои фарҳангии ин марказ ҳунарнамоӣ ва гоҳе бо ин роҳ барои худ пул кор мекард. Ин ҷавондухтар аз дӯстонаш дар ин марказ изҳори сипос мекунад, ки ба ӯ дар зиндагӣ ёрӣ карданд ва тавонист натанҳо аз номи худ, балки аз номи Тоҷикистон дар ин озмун ширкат кунад. Мегӯяд, зиёд мехоҳад дар ин озмун ғолиб шавад.

"Ба ин бовар дорам. Вале агар ҳам ғолибият насиби ман нашуд, ҳеч гап нест, чунки аллакай муваффақ шудам. Худро ҳамчун намояндаи Тоҷикистон муаррифӣ карда тавонистам", - гуфт ӯ.

Дар озмуни байналмилалии "Ту беҳтаринӣ!", ки тавассути телевизони НТВ-и Русия роҳандозӣ шудааст, намояндаҳои Русия, Белорус, Молдова, Эстония, Латвия, Қазоқистон, Узбакистон, Тоҷикистон, Арманистон, Озарбойҷон, Осетияи Ҷанубӣ ва Олмон иштирок мекунанд.Меҳрона бо як паём ба ҳамтақдирони худ тариқи Радиои Озодӣ гуфт, ҳеч кас набояд баъди аз даст додани хонаводааш ақибнишинӣ кунад. Чун Худованд ба ҳар нафар дасту пой додааст ва бояд зиндагиро сохт, муваффақ шуд. Ӯ гуфт, "ҳар нафаре, ки дар оила волидонашро аз даст додааст, бояд афроди хушсалиқа бошад, на инки руҳафтода. Чун зиндагӣ идома дорад ва зиндагӣ омадану рафтан аст."