Имиҷи нав ва таронаи "Ғарибӣ"-и Меҳринигор дар Соли нав

Меҳринигори Рустам

Меҳринигори Рустам, овозхони ҷавони тоҷик, дар сотонаи Соли нав имиҷи худро тағйир дода ва барои нахустин бор дар рӯ ба рӯи дурбини Озодӣ таронаи нави "Ғарибӣ"-яшро замзама кард.

Меҳринигори Рустам, овозхони тоҷик, соли 2015-ро бо баргузории дувумин консерти академияш гусел карда, соли нави 2016-ро бо имиҷи наваш истиқбол мегирад. Ӯ, ки бештар миёни ҳаводорони мусиқӣ бо таронаҳои поп маъруф аст, орзуи доир кардани барномаи ҳунарияшро дар ин жанр низ ба соли нав мебарад.

Ин овозхони ҷавони тоҷик мегӯяд, ки дар соли ҷорӣ ҳаводорони таронаҳояш афзуда, танҳо як клипи "Таронаборон"-и ӯро дар шабакаи Ютуб беш аз як миллион нафар тамошо кардаанд. Меҳринигор ба ҷуз ах забони тоҷикӣ боз бо забонҳои англисӣ, паштуӣ, русӣ, туркӣ ва арабиву итолиёвӣ низ оҳанг мехонад ва ҳамин истеъдод ӯро имсол ба маҳфилҳои ҳукуматӣ низ кашондааст.

Меҳринигор нахустин таронаашро дар панҷсолагӣ хонда буд ва то имрӯз ҷоизадори озмунҳои бешумори дохилӣ ва байналмилалист. Ӯ аввалин бор бо имиҷи нави худ дар рӯ ба рӯи бинандаи Озодӣ қарор гирифт ва таронаи “Ғарибияш”-ро низ барои нахустин бор замзама кард:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Меҳринигори Рустам: Мехоҳам дигар шавам