Ҳаҷвнигори чиҳилсола Хай Давидов дар Исроил ба дунё омадааст. Волидонаш аз яҳудиёни бухороӣ ҳастанд, ки охири солҳои 70-ум ба Исроил кӯчидаанд. Вай соли 2005 театри мазҳакавии “Ханда-ханда”-ро таъсис дод. Барномаҳои ҳунарии ин театр ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ, ибрӣ ва англисӣ тақдим мешаванд.
Радиои Озодӣ: Театри “Ханда-ханда” чӣ гуна таъсис шуд?
Хай Давидов: Баъд аз хатми донишгоҳи Исроил дар соли 2005 театри “Ханда-ханда”-ро таъсис додам. Ман дар бахши драматургия хондам. Ҳамроҳи ман додарам бозӣ мекунад – Ронен Давидов. Мо 15 сол боз дар театр бо забони модарии худ – забони тоҷикӣ – забони яҳудиёни бухороӣ намоишнома менависем. Ҳар сол як намоишномаи нав. Бо ҳамин намоишномаҳои худ дар Исроилу Аврупо, Амрико, Австралия ва Узбекистон баромад мекунем. Худо хоҳад, ҳаракат мекунем, ба Тоҷикистон ҳам биравем.
Радиои Озодӣ: Забони намоишномаҳои шумо – тоҷикиву русӣ ва англисиву ибрӣ ҳастанд ва баъзан гурҷӣ. Ҳамаи ин забонҳоро тамошобинони шумо мефаҳманд?
Хай Давидов: Бале. Мо дар Исроил ба забонҳои ибрӣ, русӣ, тоҷикӣ гап мезанем. Ба Амрико равем, дар он ҷо ибрӣ ва англисӣ гап мезанем. Дар намоишномаҳо мо забонҳоро омехта мекунем. Мо дар хона бо падару модар ибрӣ гап мезанем, онҳо ба мо ҷавобашро ба тоҷикӣ ё русӣ медиҳанд. Ҳаминро ҳам мо ба саҳнаи театр бароварда, мисли зиндагии имрӯза намоишномаҳо эҷод мекунем.
Радиои Озодӣ: Ҷойгоҳи забони тоҷикӣ ва ё тавре худатон мегӯед – бухории намоишномаҳои шумо хеле хос аст. Ва ин ҳам дар ҳолест, ки шумо дар Исроил таваллуд ва бузург шудаед. Чӣ хел шуд, ки забони тоҷикӣ забони муҳими корӣ шуд дар театри шумо?
Хай Давидов: Ин саволро бисёриҳо медиҳанд. Ман се моҳ баъди ба Исроил кӯчидани падару модарам зода шудаам. Ман – продукт ё маҳсули Бухоро ҳастам, вале фармоишро дар Бухоро кардаанд. Баъди се моҳ модарам сабук мешаванд. Падару модарам дар кор, мани навзодро ба дасти бибиам мемонанд. Боз она-бибӣ ҳам доштам, яъне бибии модарам. Он кас дар синни 80 маро калон карданд. Маро бо забони тоҷикӣ калон карданд. Бо забони тоҷикӣ, гапҳои аҷоиб ва суруду мақолҳо гуфта, ба ман забони тоҷикӣ ёд доданд.
Видеои суҳбатро дар ин ҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Радиои Озодӣ: Он кас муаллимаи забони тоҷикӣ буданд?
Хай Давидов: Бибии ман (Хевсигул Шамуэловна Ушярова) беш аз 36 сол дар Бухоро муаллимаи забони тоҷикӣ буданд ва аммо ман боз аз модарашон забони тоҷикро ёд гирифтаам. Ҳам аз модарашон, ҳам аз худашон.
Радиои Озодӣ: Яъне мешавад гуфт, ки бисёр яҳудиҳои бухороӣ, ки мисли шумо аз Тоҷикистону Узбекистони Шӯравӣ ба Исроилу Амрико ҳиҷрат карданд, бо ҳамин забон муоширатро дар хона имрӯз ҳам давом медиҳанд ва бачаҳои онҳо ҳам ин забонро медонанд?
Хай Давидов: Асос ё фундаменти забони яҳудиҳои бухороӣ забони форсӣ-тоҷикӣ аст, лекин яҳудиҳо калимаҳои ибрии худро ҳам илова кардаанд. Барои ҳамин, мо забони яҳудиҳои бухороӣ мегӯем. Яҳудиҳои Бухоро, Самарқанд, Тошканд, Душанбе, яъне онҳое, ки аз Тоҷикистону Узбекистон баромадаанд, ҳамаашон яҳудиҳои бухороӣ ном доранд.
Радиои Озодӣ: Қаҳрамони бисёр барҷастаи намоишномаҳои шумо – Апи Ҳуснӣ аст, ки русуми яҳудиҳои бухороиро бо анъанаҳои яҳудиҳои Ашкеназӣ муқоиса мекунад. Апи Ҳуснӣ мегӯяд, “дар ҷипиэс шаҳри Ню-Йорк, кӯчаи Одамгарӣ задам, набудааст, дар Австрия ва Австралия ҳам набудааст, фақат дар Бухоро будааст”. Воқеан ҳам, масъалаи одамгарӣ дар Исроил чӣ гуна аст ва шуморо бо ҳунарнамоиҳои худ ба забонҳои тоҷикиву русиву дигар забонҳо он ҷо чӣ гуна қабул мекунанд?
Хай Давидов: Мо тарбияи падару модарро гирифтаем, ки онҳо аз Бухоро овардаанд. Ҳамин одамгарӣ ҳам аз ҳамон ҷо аст. Ин ҷо, дар Исроил ва Амрико одатҳо дигаранд. Халқ дигар шудааст, вақт ҳам одамонро дигар мекунад. Имрӯз дари ҳамсоя қулф аст. Вақтҳои пеш дари ҳамсояҳо кушода буд, ба назди ҳамдигар медаромадем, як тану як ҷон будем. Шумо медонед, ки ҳозир дар Аврупо дари одамро тақ-тақ зада даромада наметавонед, онгуна ки дар Душанбе, Бухоро ё Самарқанд ҳаст. Ҳамин одамгариро ҳам мо аз саҳна нишон медиҳем, ки аз ин ҷиҳат дар мо камбуд ҳаст.
Радиои Озодӣ: Аслан, агар ҷиддӣ бигирем, назари шумо чӣ аст: фарз кардем, агар сиёсат дигар намешуд, агар яҳудиҳои шӯравӣ, падару модари шумо ба Исроил муҳоҷират намекарданду дар Иттиҳоди Шӯравӣ мемондед, барои шумову мардуми яҳудӣ шароити кору зиндагӣ, вазъи сиёсӣ чӣ гуна буд?
Хай Давидов: Ҳамеша яҳудиҳои бухороӣ дар Тоҷикистону Узбекистон ҳунарманд буданд, дар саҳна буданд. Санъаткорони бузури мо Барно Исҳоқова, Борис Наматиев, Сасон Бениаминов, Муҳаббат Шамаева, Толмасовҳо ва боз дигарҳо ҳамеша пешрафта буданд. Ҳама ҷое, ки ҳастанд, тавре мегӯянд, “худо болои сари мо ҳаст”. Агар то имрӯз ҳамаи мо дар он ҷо мемондем, бад намешуд. Дунё ҳамин хел шуд, худо хост. Исроил замини худашон аст, дар мамлакати худамон ҳастем, ҳама якҷо шудем. Худоро шукр. Лекин ҳаргиз Узбекистону Тоҷикистонро фаромӯш намекунем. Моро ҳамеша ёд медиҳанд, ки аз Тоҷикистону Узбекистон нон хӯрдем, хуни нофи падару модарамон он ҷо рехтааст, ба ҳамин сабаб Узбекистону Тоҷикистон ба назари мо гарм аст. Барои ҳамин ба он шаҳрҳо зиёд рафтуомад мекунам.
Радиои Озодӣ: Дирӯз як омор хондам: охирҳои солҳои 1970-ум, вақте ба яҳудиҳо иҷоза доданд, ки аз Иттиҳоди Шӯравӣ бираванд, даҳҳо ҳазор яҳудӣ кишварро тарк карданд ва ҳоло тахминан як миллион шӯравиҳои пешин Исроилро ватани худ меноманд. Шароити интегратсия ё ҳамоиш ёфтани яҳудиҳои советӣ дар Исроил чӣ гуна буд ва оё падару модари шумо аз ин кори худ розӣ ҳастанд?
Хай Давидов: Муҳоҷират ё эмигратсия ҳамеша мушкил аст. Осон нест. Одамон аз забон, аз пул мемонанд. Аз хонаву ҳунар мемонанд. Ба Исроил омада ҳама азоб кашидааст. Лекин мо ҳамеша медонистем, ки ин замин – замини худамон аст. Падару модарам 40 сол пеш омадаанд, дигарон 60 сол, баъзеҳо 25 сол пеш омадаанд, худоро шукр, ҳама розӣ. Ҳама ҷои худро ёфта, ҳунари худро ёфта кор мекунанд.
Радиои Озодӣ: Яъне ҳукумат ҳам ёрӣ кард?
Хай Давидов: Албатта, ҳукумат кумак кард. Яҳудиҳо, ки аз СССР омаданд, ҳамон рӯз хонаву ҷой дод, чиз дод, кор дод, забонро ёд дод. Ҳам дар Исроил, ҳам дар Амрико хуб қабул карданд. Имрӯз агар як нафар ба Амрико равад, гринкорту шаҳрвандӣ гирифтанаш душвор аст, лекин он вақт ҳамаро қабул карданду корашон осон шуд.
Радиои Озодӣ: Шумо дар намоишномаҳои худ шӯхиомез тафовут ё фарқиятҳои яҳудиёни Бухорову Ашкеназиро намоиш медиҳед. Аз ин шӯхиҳои шумо ҳамин хел бардошт кардан мумкин аст, ки яҳудиҳои бухороӣ бештар одамони суннатӣ ҳастанд ва Ашкеназӣ бештар аврупоисифат ҳастанд, маъракаи калонро дӯст намедоранд. Дар зиндагии воқеӣ ҳам ҳамин хел аст? Яъне тавре мегӯянд, маҳалгароӣ дар миёни яҳудияҳо ҳам вуҷуд дорад?
Хай Давидов: Ҳар миллат хаёл мекунад, ки “мо аз дигарон беҳтар ҳастем, аз ҳама зиёд ҳастем, қоидаҳое, ки мо дорем, дигарон надоранд. Хӯрокҳои мо беҳтарин аст.” Лекин ҳақиқат ин аст, ки онҳо ҳам дар бораи мо чунин хаёл мекунанд. Гӯё, ки онҳо аз мо зиёд ҳастанд. Ин чизҳо дар ҳама ҷо ҳаст. Мо ин ҳама масъалаҳоро мисли оина дар саҳна гузошта, намоиш медиҳем, то ки халқ худашро бубинад. Бубинанд, ки муносибати мо бо мардуми дигар чӣ гуна аст. Чӣ гуна дигарон бо мо муносибат доранд. Мо, ҳамчун артист ҳеҷ касро муҳокима намекунам, ман оинаро мемонам, то ки одамон худро бубинанд.
Радиои Озодӣ: Ҷумҳуриҳои Шӯравии пешин ба мисли Тоҷикистону Туркманистон, Қазоқистону Узбекистонро барои он танқид мекунанд, ки дар кишвари худ озодиҳоро маҳдуд мекунанд, намемонанд, ки матбуот озодона кор кунад. Гоҳо ҳазлу шӯхӣ ҳам сензура мешавад. Шумо дар ин бора хабар доред ва назари шумо чӣ аст?
Хай Давидов: Дар Исроил, худро шукр, чунин нест. Демократия аст. Сатира, комедия зарур аст. Ҳамеша ба мо ёрӣ мекунад, ки камбудҳоро гӯем. Умед дорам, ки дунё осонтар мешавад. Умед дорам, ки калонҳо мефаҳманд, ки актёр ё сатирик (ҳаҷвнигор) ҳамеша мехоҳад, ки вазъ беҳтар шавад. Ба ҳамин хотир камбудҳоро нишон медиҳанд, ки одамҳо худро дида, бо раҳи дигар раванд, боз беҳтар шавад. Ягон кас намехоҳад, ки бад шавад. Ҳеҷ актёр ё овозхон намехоҳад, ки одамҳо ба роҳи бад раванд, баръакс, ба роҳи нағз раванд.
Радиои Озодӣ: Медонам, ки моҳи сентябр ба Тошканд барои консерте меравед, ба Тоҷикистон ҳам ният доред, ки биравед? Аслан бо ҳунармандони Тоҷикистон ҳамкорӣ доред?
Хай Давидов: Худо хоҳад, аввали сентябр ба Узбекистон – Тошканд, Бухоро, Самарқанд меравем. Баъд ба Олмон меравем. Ҳоло бо продюсерҳо дар Тоҷикистон машварат дорем, ки ба Тоҷикистон – кишвари забони модарии мо рафта дар саҳна баромад кунем.
Радиои Озодӣ: Имкон доред, ки ба ҳаводоронатон дар Тоҷикистон муроҷиат кунед. Чӣ гуфтанӣ доред?
Хай Давидов: Мехоҳам бигӯям, ки мо ҳамеша мисли бародар ҳастем. Ҳамеша як тану як ҷон бошем. Ҳар куҷое бошед, саломат бошед. Ман ба наздикӣ бори аввал ҳамчун сайёҳ ба Тоҷикистон рафтам. Душанбе бисёр зебост, ба ман маъқул шуд. Боз аз ин зиёд шавад, обод шавад.