Дар ин суҳбат мушкили аккредитатсия, вазъи озодии баён ва фишор ба хабарнигорон баррасӣ шуд. Президенти Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ изҳори умед кард, ки мақомоти Тоҷикистон аккредитатсияро ба ҳайси фишор болои хабарнигорон истифода намекунанд. Ҷеймӣ Флай натиҷаи мулоқоташро бо мақомоти тоҷик дар суҳбат бо хабарнигори телевизиони “Настоящее время” Анӯшервон Орифов баён кард.
“Настоящее время”: Салом, ҷаноби президент Ҷеймӣ Флай. Ба Тоҷикистон хуш омадед. Мо шунидем, ки қариб буд сафари Шумо ба Тоҷикистон баргузор нашавад...
Ҷеймӣ Флай: Ман корро дар Радиои Озодӣ ба тозагӣ шурӯъ кардам. Аввалин сафари ман ба Тоҷикистон бо назардошти он буд, ки Радиои Озодӣ ва телевизиони “Настоящее время” бисёр муваффақ ҳастанд. Мо чанд ҳафта боз бо мақомоти Тоҷикистон дар мукотиба будем ва вазъият то охирин лаҳза рӯшан набуд. Хушбахтона, ман виза гирифтам ва бо мақомот ҳам дидору гуфтугӯ кардам.
Видеои суҳбатро дар ин ҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
“Настоящее время”: Оё воқеан ҳам мақомоти Тоҷикистон намехостанд мулоқот кунанд?
Ҷеймӣ Флай: Медонед, то лаҳзаи охир рӯшан набуд. Хеле хушҳолам, ки вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо мо вохӯрд ва дар бораи мавқеи ҳукумати Тоҷикистон нисбат ба кори Радиои Озодӣ дар Душанбе ибрози назар кард. Ман нигарониҳои худро ҳамчун президенти Радиои Озодӣ дар бобати муносибат бо хабарнигоронамон ба мақомот расондам. Ман ба зарурати аккредитатсияи ҳамкоронамон ишора кардам, то ин ки хабарнигорони Радиои Озодӣ ва телевизиони “Настоящее время” тамоми ҳаводиси кишварро бозтоб дода тавонанд. Хушҳолам, ки тавонистам бо вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар ин бора табодули назар кунем.
“Настоящее время”: Бо вазири корҳои хориҷӣ боз кадом масъалаҳоро баррасӣ кардед?
Ҷеймӣ Флай: Ман ба вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон рӯшан кардам, ки Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ дар бораи ҳар кишваре, ки гузориш медиҳад ва ҳар кишваре, ки дар он бюро дорад, меъёрҳои рӯзноманигориро риоя мекунад. Мо бетарафии худро ҳифз мекунем. Имкон медиҳем, ки назарҳои гуногуни сиёсӣ шунида шаванд. Ман аз вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон даъват кардам, ки мисли сӯҳбати ҳозираи мо, бо Радиои Озодӣ ва ё “Настоящее время” ҳамсӯҳбат шавад. Ба фикри ман, хуб аст, ки мақомоти давлатӣ тавассути расонаҳои мо назари худро ба мардум расонанд. Мо назари онҳоро дар масъалаҳои мухталиф пахш хоҳем кард, ҳамчунон имкон медиҳем, ки мухолифони онҳо ҳам чизе бигӯянд. Аз ин нуқтаи назар Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ ба ҳама имкони баробар медиҳад. Умед дорам, ки вазири корҳои хориҷӣ ва мақомоти дигари ҳукуматӣ дар оянда дар муқобили Радиои Озодӣ аз мавқеи созанда кор хоҳанд гирифт.
“Настоящее время”: Дар бораи озодии баён дар Тоҷикистон чӣ назар доред?
Ҷеймӣ Флай: Дар кишварҳое ба монанди Озарбойҷону Узбекистон Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ бюро надорад ва озодона амал карда наметавонад. Ба фикрам, аз ин нуқтаи назар, ҳукумати Тоҷикистон бояд ифтихор кунад, ки чунин имконро ба Радиои Озодӣ фароҳам овардааст. Масъалаи дигар ин аст, ки кормандони мо набояд мавриди фишор қарор бигиранд, бояд ба онҳо аккредитатсияи муносиб дода шавад ва онҳо имкони иҷрои вазифаҳои касбии худро дошта бошанд. Муколамаи мо бо ҳукумати Тоҷикистон рӯи ҳамин масъала аст. Ва агар мо натавонем корамонро ба таври муносиб иҷро кунем, ин масъала метавонад воқеан ҳам мавриди нигаронӣ аз назари озодии баён хоҳад буд ва фикр мекунам, ки ҳукумат ҳам инро мефаҳмад.
“Настоящее время”: Аккредитатсия ба як “силоҳ”-и ҳукумат табдил шудааст...
Ҷеймӣ Флай: Бале, ин масъалае аст, ки дар бюрои мо вуҷуд дорад. Ман ҳамчунон шунидам, ки дастрасӣ ба баъзе вебсайтҳо масдуд шудааст. Бо истифода аз василаҳои мухталифи фишор озодии баён маҳдуд карда мешавад. Ба фикрам, ҳукумат бояд нишон диҳад, ки масъалаи аккредитатсияро ҳамчун василаи фишор ба хабарнигорони мустақил истифода намекунад.
“Настоящее время”: Назари Шумо дар бораи дурнамои озодии матбуот дар Тоҷикистон чӣ аст?
Ҷеймӣ Флай: Умедворам... мефаҳмам, ки мо ба як марҳилаи ҳассос ворид мешавем, зеро соли оянда интихоботи порлумонӣ ва президентӣ доир мешаванд. Дар ин мавсими сиёсӣ муҳим аст, ки расонаҳо ҳадди имкон озодона фаъолият карда, кори худро пеш баранд ва мардумро аз мавқеи гурӯҳҳои гуногун огоҳ кунанд. Оморе, ки мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ мебинем, баёнгари он аст, ки мардуми Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ ва “Настоящее время” майли зиёд доранд. Фикр мекунам, ҳукумати Тоҷикистон ҳам инро дарк мекунад ва ба нафъи ҳукумат аст, ки мардуми тоҷик аз доираи васеътари назарҳои сиёсӣ огаҳ бошад.