Профессор Иброҳим Усмонов, мушовири собиқи раиси ҷумҳури Тоҷикистон, дар китоби нави “Савганди сулҳофаринӣ” ба баррасии саҳифаҳои норӯшани ҷангу сулҳи тоҷикон пардохтааст. Дар ин таҳқиқот ҳаводиси 20 соли пеш, аз ҷумла талоши ҷониби ҳукумат ва мухолифин барои дастёбӣ ба сулҳ дар соли 1997 тасвир шудааст. Ӯ рӯзи 2 июн, қабл аз муаррифии китоб дар суҳбати ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, бо гузашти бист сол, ҳоло саҳми як тарафи сулҳ нодида гирифта мешавад.
Сӯҳбати видеоӣ дар инҷост:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Хонанда бояд қазоват кунад, ки кӣ ҳақ асту ва кӣ ноҳақ. Вале наметавонам бигӯям, ки ман комилан бетараф ҳастам. Он солҳо ва ҳоло низ мавқеи ҳукуматӣ дорам, аммо дар навиштани ин китоб ин вижагиамро канор гузоштаам.
Иброҳим Усмонов: Мавзӯи таҳқиқи масоили ҷанг ва сулҳи тоҷикон – пажӯҳиши ман дар бист соли ахир аст. Аз замони оғози ҷанги дохилӣ ва музокироти сулҳи тоҷикон машғули хотиранависӣ ҳастам ва ҳодисаҳои ҷолиби он солҳоро навиштаам. Ба ин манзур аз соли 1997 ба ин сӯ дар ин замина миқдоре китобҳои хотиравӣ ва пажӯҳишӣ ҳам навиштаам. Аммо ҳадафи ин китоб каме дигар аст. Ман аввал шуда дар миёни пажӯҳишгарони ин мавзӯъ гуфтам, ки сулҳ ду ҷониб дорад. Зеро дар ҷанги дохилии тоҷикон пирӯзу мағлуб нест ва ду ҷониб дар ниҳоят ба ҳам омаданд. Сулҳ низ дар пайи ҳамкории ҷониби ҳукумат ва мухолифон ба даст омадааст. Аммо бояд зикр кунам, ки нақшаи сулҳи тоҷикон ба Эмомалӣ Раҳмон марбут аст ва иҷрои он дар пайи талошу пуштибонии мухолифон имконпазир шудааст. Рӯшан аст, ки истиқрори сулҳ танҳо бо хоҳиши як ҷониб имконпазир набуд. Ин нуктаи аслии китоби ман аст. Ҳамзамон бо 42 иқтибос аз навиштаҳои президент Раҳмон дар байни солҳои 1992-2000 талошҳои ӯро барои сулҳофарӣ инъикос кардам.
Ҳолномаи Иброҳим Усмонов
Иброҳим Усмонов зодаи ноҳияи Ашти вилояти Суғд мебошад. Солҳои тӯлонӣ раҳбари факултаи филологияи тоҷик ва сипас факултаи хабарнигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буд. Соли 1995 ба вазифаи мушовири давлатии раиси ҷумҳури Тоҷикистон таъйин шуда, ҳамзамон вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон низ буд. Аз соли 1994 то соли 1997 узви ҳайъати давлатӣ дар музокироти сулҳи Тоҷикистон ва аз соли 2004 то соли 2006 муовини аввали вазири фарҳанги Тоҷикистон низ буд.
Дувум, ба таври мухтасар ба таърихи ҷанги тоҷикон нигоҳе андохта ва дар муқаддимаи китоб низ таъкид кардаам, ки бори аввал пажӯҳиши ин мавзӯъ то ҳадде ба сурати мустақилона анҷом дода шудааст. Яъне, талош кардаам тарафдори ҳеҷ яке аз ҷонибҳо набошам. Ҳар далели овардаам дар ин китоб бар пояи хабарҳои матбуоти он давра таҳия шудааст. Хонанда худ бояд қазоват кунад, ки кӣ ҳақ асту ва кӣ ноҳақ. Вале наметавонам бигӯям, ки ман комилан бетараф ҳастам. Он солҳо ва ҳоло низ мавқеи ҳукуматӣ дорам, аммо дар навиштани ин китоб ин вижагиамро канор гузоштаам.
Севум, ман дар ин китоб тамоми давраҳои музокироти сулҳи тоҷиконро бо овардани таърихи дақиқи баргузориаш шумурдам. Дар гузашта низ чунин талошҳое анҷом шудаанд, аммо пажӯҳишгарон манбаи ин хабарҳоро зикр накардаанд. Ҳарчанд ин мавод танҳо дар бойгонии хусусии ман маҳфуз аст.
Нуктаи ҷолиби дигари ин китоб ба он марбут аст, ки ман бори аввал ҳолномаи ҳамаи ширкаткунандаҳои музокироти сулҳи тоҷиконро навиштам. Ҳамчунин таъкид кардам, ки маҳз ин нафарон дар раванди музокирот ширкат дошта, дар Комиссияи оштии миллӣ фаъолият доштанд. Ҳоло дар матбуот ва пажӯҳишҳо ба унвони сулҳсозон нафароне ном бурда мешаванд, ки дар ин кор аслан саҳм надоштанд ва ширкат ҳам накардаанд. Ман ному акси танҳо нафаронеро истифода кардаам, ки воқеан дар сулҳи тоҷикон саҳм гузоштаанд.
"Ин ҳақиқати адл мешавад"
Радиои Озодӣ: Солҳои охир танқидҳое садо медиҳанд, ки нақши як ҷониби сулҳкунанда аслан нодида гирифта мешавад. Шумо чунин амрро чӣ гуна арзёбӣ мекунед?
Иброҳим Усмонов: Ба ин назарам, ки дар рӯзи ҷашни сулҳи тоҷикон бояд ҳарду ҷониб ёдоварӣ ва ба заҳмату талошҳои ҳарду ҷониб таъкид шавад. Ин ҳақиқати адл мешавад. Ман дар як боби китоби худ таъкид кардам, ки ғояи сулҳофарӣ моли президент буд, гурӯҳе аз мақомот онро иҷро кард ва гурӯҳи севум, яъне мухолифон, дасти дарозкардаи раиси ҷумҳурро гирифтанд. Сулҳ ба ҳамин тариқ ҳосил шуд. Агар мо мехоҳем, ки таҷрибаи сулҳофарии тоҷикон барои кишварҳои дигари ҷангзада мисол оварда шавад, набояд ҳамаи сулҳофаронро фаромӯш кунем.
"Ҳарфҳои гуфтании зиёде дорам"
Радиои Озодӣ: Шумо ба унвони як нависандаву муҳаққиқ тавонистед ҳар он чизеро, ки мехостед, нависед ваё мондаанд хотироте, ки эҳтимол дертар навишта шаванд?
Раиси ҷумҳури собиқи Қирғизистон дар хотираҳои худ дуруст навиштааст, ки дар ин давраи музокирот Эмомалӣ Раҳмонов дигар ба идомаи музокирот эътимоде надошт ва ба тими худ дастур дод, ки ба Душанбе бармегардем.
Иброҳим Усмонов: Мухолифати сиёсӣ аз аввали солҳои 1990-ум шурӯъ шуд ва расман соли 2000 анҷом ёфт. Ҳарчанд баъд аз ин ҳам талошҳои сиёсиву низомӣ буданд ва ҳатто ду сол қабл низ як талоши ҷиддии низомӣ сар зада буд, ки аксуламалҳое низ дар пай дошт. Бояд дар хотир дошта бошем, ки дар солҳои ҷанги дохилӣ беш аз 157 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон қурбон шудаанд. Яъне, ин давраи хеле мураккабе буд. Ин ҳамаро дар як китобу ду пажӯҳише имкон надорад таҳлил кард. Китоби нави ман якҷоя бо китобҳои қаблиаам “Сулҳнома”, “Миротворчество в Таджикистане” ва “Таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол” метавонад оғози пажӯҳиши комили ин мавзӯъ бошад. Бо дарназардошти чанд пажӯҳиши ҳам ҷониби ҳукумат ва ҳам мухолифони собиқ моро зарур аст ба таҳияи пажӯҳиши бузурги ҷанг ва сулҳи тоҷикон асос гузорем. Зимнан, дар маҳфили “Гуфтугӯи тамаддунҳо” Талбак Назаров, Абдумаҷид Достиев, Акбаршоҳ Искандаров, Бӯрӣ Каримов, Давлат Усмон ва дигарон дар ин мавзӯъ назари худро пешниҳод кардаанд. Вале ин ҳама ҳанӯз кофӣ нест, ки ҳодисаҳои он солҳо баҳогузорӣ шаванд. Ҳамзамон ба таъхир гузоштани ин кор ҳам дуруст нест. Зеро аз сулҳи тоҷикон 20 сол сипарӣ мешавад. Таҷлили Рӯзи Ғалаба дар Иттиҳоди Шӯравӣ аз соли 1965, яъне баъд аз бист соли пирӯзӣ шурӯъ шудааст. Ба ин тартиб, ҳоло имконияти таҳқиқу пажӯҳиши бетарафона ва боасоси ҳодисаҳои солҳои ҷанги дохилии Тоҷикистон вуҷуд дорад. Ман ҳам ҳоло ҳарфҳои гуфтании зиёде дорам.
"Аскар Акаев нақши хеле муҳим бозид"
Радиои Озодӣ: Шумо дар солҳои гузашта узви ҳайати музокиракунандаи ҳукумати Тоҷикистон будед. Ахиран дар расонаҳои Русия бархе аз хотироти Евгений Примаков, вазири умури хориҷии вақти Русия ва Аскар Акаев, президенти собиқи Қирғизистон дар бораи раванди музокироти сулҳи тоҷикон нашр шуданд. Дар ин хотираҳо бархе аз тасмимҳои Эмомалӣ Раҳмон дар ин музокирот зери шубҳа кашида шудаанд. Шумо низ дар бораи ин нуктаҳо дар китоби худ ёдоварӣ кардаед?
Иброҳим Усмонов: Бале. Бояд гуфт, ки Евгений Примаков дар чанд маврид дар музокироти сулҳи тоҷикон саҳми арзандае дошт. Нахуст, дар мулоқоти аввалини Эмомалӣ Раҳмон бо раҳбари мухолифони пешин Сайид Абдуллоҳи Нурӣ дар Кобули Афғонистон дар моҳи майи соли 1995. Дувум, дар моҳи декабри соли 1996 ва моҳи марти соли 1997 Евгений Примаков ва ҳамроҳонаш ҳатто дар таҳияи ҳуҷҷатҳои имзошуда ба ҳар ду ҷониби даргири ҷанги тоҷикон кӯмак карданд. Аскар Акаев нахустин раҳбари кишвари хориҷӣ буд, ки ба Тоҷикистон сафари расмӣ анҷом дод. Воқеае, ки шумо ба он ишора мекунед, моҳи майи соли 1997 дар Бишкек рух дода буд ва дар он ҳодиса воқеан вазъ хеле ҷиддӣ шуда буд, ки дар он Аскар Акаев нақши хеле муҳим бозид. Раиси ҷумҳури собиқи Қирғизистон дар хотираҳои худ дуруст навиштааст, ки дар ин давраи музокирот Эмомалӣ Раҳмонов дигар ба идомаи музокирот эътимоде надошт ва ба тими худ дастур дод, ки ба Душанбе бармегардем. Аммо Аскар Акаев барои худ фурсат хост, ки бо ҷонибҳои даргир музокироти ҷудогона анҷом диҳад ва дар ниҳоят ҳамаро ба тағйири бархе аз нуктаҳои протоколи имзошаванда мутақоид сохт. Зимнан, бояд бигӯям, ки дар музокироти сулҳи тоҷикон нақши президентҳо Аскар Акаев, Нурсултон Назарбоев, Борис Елтсин, Рафсанҷонӣ ва Раббонӣ хеле бузург буд.
"Раҳмоновро рӯҳияи ноумедӣ фаро гирифта буд"
Радиои Озодӣ: Тибқи навиштаҳои Евгений Примаков қабл аз имзои созишномаи сулҳи тоҷикон гӯиё Эмомалӣ Раҳмонов аз имзои он худдорӣ кардааст ва танҳо мудохилаи вай ва Борис Елтсин боис шудааст, то раҳбари Тоҷикистон ин ҳуҷҷатро имзо кунад. Чунин иддао воқеият дорад?
Яке аз ин сафарҳо дар соли 1995 ба ноҳияи Рӯшон сурат гирифтааст, ки дар ҷараёни он гурӯҳе аз ҷавонон ба Эмомалӣ Раҳмонов ҳамла кардаанд, аммо занҳои бадахшонӣ президентро ба иҳота гирифта, аз ҳамлагарон эмин доштаанд.
Иброҳим Усмонов: Соли 1997-ро дар назар доред?
Радиои Озодӣ: Бале.
Иброҳим Усмонов: То ҷое, ки иттилоъ дорам, кор ба чунин шева набуд. Дар китоби “Сулҳнома” ман як санадеро зикр кардаам, ки мутаассифона дар борааш ҳоло тақрибан ҳарфе гуфта намешавад. Ин протокол дар бораи мубориза бо терроризм мебошад. Рӯзи 27 июни соли 1996 мо дар Маскав будем ва Талбак Назаров ба ман занг зада, хоҳиш карданд, ки назди президент биравам. Ман омадам ва воқеан вазъи Эмомалӣ Раҳмонов бисёр бад буд. Он касро рӯҳияи ноумедӣ фаро гирифта буд. Гуфтанд, мухолифон шарт гузоштанд, ки то замоне як кореро анҷом надиҳед, мо созишномаро имзо намекунем.
Радиои Озодӣ: Шумо метавонед бигӯед, ки ин чӣ шарт буд?
Иброҳим Усмонов: Онҳо талаб доштанд, ки чанд тан аз террористони боздоштшударо ҳукумати Тоҷикистон аз зиндон озод кунад ва то ҳосил шудани боварӣ дар бораи озодии онҳо, протоколи созишномаи сулҳ имзо намешавад. Бо миёнаравии масъулони Созмони Милал ин нафарон аз зиндон озод карда шуданд. Протокол имзо шуд ва баъд аз як сол барои имзои созишномаи сулҳ мо озими Кремл шудем.
"Касе аз сафари раҳбари Тоҷикистон ба Хоруғ хабар надошт"
Радиои Озодӣ: Боз чӣ хотираҳои ҷолибе аз раванди сулҳи тоҷикон доред?
Иброҳим Усмонов: Хотираҳо зиёданд. Танҳо якеашро мегӯям. Рӯзи 21 феврали соли 1997 дар Машҳади Эрон президент ва раҳбари мухолифони собиқ дар бораи таъсиси комиссияи оштии миллӣ ва низомномаи он тавофуқ карданд. Нимаи шаб миёни ҷаноби Раҳмонов ва Сайид Абдуллоҳи Нурӣ як сӯҳбати самимонаи инсонӣ сурат гирифт. Президент дар ин сӯҳбат аз сафарҳои худ ба Бадахшон қисса карданд. Яке аз ин сафарҳо дар соли 1995 ба ноҳияи Рӯшон сурат гирифтааст, ки дар ҷараёни он гурӯҳе аз ҷавонон ба Эмомалӣ Раҳмонов ҳамла кардаанд, аммо занҳои бадахшонӣ президентро ба иҳота гирифта, аз ҳамлагарон эмин доштаанд. Дар ин китоб ҳамчунин қисса кардаам, ки Эмомалӣ Раҳмонов соли 1993 бори нахуст ба Бадахшон сафар кардааст. Ин ҳодиса чунин сурат гирифтааст, ки касе аз сафари раҳбари Тоҷикистон ба Хоруғ хабар надошта ва Эмомалӣ Раҳмонов ногаҳон дар як ҷаласаи ҳукумати вилоят ҳузур пайдо мекунад. Баъд аз сӯҳбати нимсоата вай толорро тарк карда, дар маҷмӯъ сафари нахустинаш ба Бадахшон ду соат идома доштааст. Сайид Абдуллоҳи Нурӣ дар яке аз сӯҳбатҳояш дар музокироти сулҳи тоҷикон гуфта буд, ки мехоҳад бархе аз номзадҳои арзандаро барои ишғоли вазифаҳо муаррифӣ кунад. Аммо ҷангсолорон ё ба истилоҳ “боевикҳо” ба онҳо иҷоза намедиҳанд. Ин як навъи шикоят аз мушкилот дар дохили сафҳои худи мухолифон буд. Як ҳодисаи дигаре буд, ки ман ба намояндагӣ аз ҷониби ҳукумат ва Отахон Латифӣ аз ҷониби мухолифон протоколи Хусдеҳро таҳия кардем ва қарор гузоштем, ки баъд аз 10 рӯз дар Маскав мулоқот мекунем. Аммо мухолифон ба Маскав бо таъхири дурӯза омада, изҳор доштанд, ки он санадро эътироф намекунанд. Намояндаҳои СММ ба мухолифон гуфтанд, ки агар аз имзо даст мекашед, пас, дигар ҷомеаи ҷаҳонӣ аз шумо пуштибонӣ намекунад. Тӯли се рӯзи дигар мо маҷбур шудем ба ин санад тағйирот ворид карда, сипас, музокиротро идома диҳем.
Радиои Озодӣ: Ахиран бо такя ба хотироти Аскар Акаев хабарҳое пахш шуданд, ки гӯиё Эмомалӣ Раҳмонов мухолифи таъйини Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода ба вазифаи нахуствазири Тоҷикистон будааст ва чунин мавқеъ метавонист боис ба имзо нашудани созишномаи сулҳи тоҷикон шавад. Ин дуруст аст?
Иброҳим Усмонов: Дар худи ҷаласаҳои музокирот ин мавзӯъ матраҳ нашудааст. Шояд дар сӯҳбатҳои ҷудогонаи ду президент ё бо раҳбари мухолифон ин мавзӯъ баррасӣ шуда бошад. Вале ман медонам, ки Тӯраҷонзода пайваста мухолифи таъйини худ ба вазифаҳое буд, ки дар он мустақилият надошта бошад. Ҳамчунин, овозаҳое буданд, ки мухолифон Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзодаро ба вазифаи раҳбари комиссияи оштии миллӣ пешбарӣ кардаанд, аммо Сайид Абдуллоҳи Нурӣ мухолиф будааст. Дар мавриди Тӯраҷонзода танҳо таъйин шуданаш ба вазифаи муовини аввали нахуствазир баррасӣ шуда буд.