Фарзонаи Хуҷандӣ, аз маъруфтарин шоирони муосири тоҷик тирамоҳи имсол ба синни 50 мерасад. Фарзона, шоираи тоҷик 3-юми ноябри соли 1964 дар шаҳри Хуҷанд чашм ба олам кушодааст. Хатмкардаи Донишкадаи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд мебошад. Нахустин маҷмӯаи ашъорашро бо номи “Тулӯи хандарез” соли 1987 бо пешниҳоди Лоиқ Шералӣ ба нашр расонидааст. То кунун беш аз 20 китоби ашъори Фарзона, аз ҷумла “Қатрае аз Мӯлиён”, иборат аз 3 ҷилд, “Муҳри гули мино” ва “Себарга” ва китобҳои гулчини ашъори ӯ ба забонҳои анлисиву русӣ дар Маскаву Лондон ба чоп расидааст. Дорандаи ҷоизаи ба номи Рӯдакӣ ва унвони “Шоираи халқии Тоҷикистон” мебошад.
Хабарнигори Радиои Озодӣ дар остонаи 50-умин солгарди Фарзона пойи сӯҳбати ӯ нишаст ва ибтидо пурсид, ки зодрӯзашонро бо чӣ ҳолеву рӯҳияе истиқбол мегиранд?
Фарзона : Шукри Худо, ки дар обонмоҳ таваллуд шудаам, дар моҳи зардии чанорҳову сурхии анорҳо, рангомезии зебоии табиат ва ҳама сунъи ҳазрати парвардигор. Бо ҳазор шукру сипос ин солҳоро мепазирем ва аз Худованди раҳмон мехоҳем, ки барои кулли ҳамватанонамон, барои Банӣ башар ва дар ин миёна барои мо ҳам гавҳари саодат ва саломат бубахшад.
Эй Худо, халқро саломат бахш,
Аз ҳамон гавҳарат ба мо ҳам деҳ.
Озодӣ: Фарзона, шумо беш аз 30 сол аст шеър мегӯед. Оё ба он чӣ умед доштед, бо шеър ба дили хонанда бирасонед, то куҷо муваффақ шудед ?
Фарзона: Фикр мекунам, ки хонандаи рамзошнову ростфаҳму адодон худаш метавонад ба ин савол посух гӯяд.
Он кас ки зи шаҳри ошноист,
Донад, ки матои мо куҷоист.
Яъне, ҳар сиришти муҳаббатпазиру башоратпазир ин муждаҳои моро дар дил ҷо дода бошад, чунонки дар як байт гуфтем:
Ба қалби ман, ки чун мамнуъгоҳ аст,
Иҷозатномаат додам, гузар кун.
Аслан ки дилҳои мову шумо як мануъгоҳи баста аст. Аммо касе, ки ба сухан пайванд шуд, касе, ки ба роҳи шеър, ишқу отифа қадам монд, ин мануъгоҳро барои пазирандагон, ояндагон ва имрӯзиён боз мекунад ва ҳар кас мехоҳад, ба он иҷозати вуруд дорад. Ва умедворам ҳастам, ки Худованди бузург ба килки мо қувват ва қудрат ва мадори тоза бахшад, ки паёмҳои диламонро ба дилҳои дигар бирасонем:
Аз дили ман то дили ту нуктаҳост
В - аз чӣ раҳаст аз дили ту то дилам ?!
Охир, ним аср кори хурд нест, кори сода нест, дар ин солҳо агар ба қадри қатрае, заррае коре карда бошем, бисёр ҳам барои мо мояи нишот ва ифтихору саодатҳои бузург аст.
Озодӣ: Фарзона, паёми шумо ба хонанда, як инсони муосир чӣ аст? Дар шеърҳои шумо як вижагиеро, солҳои охир бештар, мебинам. Муроҷиат ва хитоби шумо ба ба хонанда, ба як инсон. Мисли “Бар наҷоти ман садоятро фирист, Раҳмати бемунтаҳоятро фирист.”
Фарзона: Дуруст гуфтед. Мухотаби ман ҳамеша сонеи санъатсоз аст ҳам сунъи ӯ – инсон аст. Вақте ки “Бар наҷоти ман садоятро фирист” мегӯям, яке фикр мекунад, ки мавриди хитоб эзиди ҷонофарин аст, дигаре мегӯяд - модар аст, сеюмӣ меандеша - мухотаби мо як инсони дӯстдори мо аст. Ва ҳама дуруст фикр мекунанд. Масалан, як муаллима ба ман гуфтанд: вақте дар мусофират бемор будам, модарамро ба ёд овардам ва гуфтам: “Бар наҷоти ман садоятро фирист”. Гуфтам: дуруст гуфтед, бигзор модар бошад.
Агар зиёд вожаи “Ишқ”-ро мегӯем ва пиромуни он гардиш мекунем, ин ҳам ба он хотир аст, ки чархонандаи ин фалак ва чанбари ин чарх дар дасти муҳаббат аст, ки мову шуморо ҳамеша зинда медорад. Ва ман ҳамеша мегӯям ки: Муҳаббат. Аммо на он муҳаббати зоҳирӣ, муносибати зоҳирии ду одам. Ҳаргиз не ! Муҳаббати як инсон ба кулли инсонҳо ва офарандаи дунё. Аз мӯру мор оғоз мешавад то офтоб. Аз хурдтарин аҷзои ҷаҳон то кӯҳ. Аз устод - Абдуманнон ёд кардед, рӯҳи азизашон шод бошад ва рӯҳи устодон – Лоиқ, Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ, Улуғзода, Муҳаммад Осимӣ, Одина Ҳошим, ҳамаи ин азизон, ки аз суҳбатҳои мутабаррикашон илҳом гирифтем, қути маънавӣ дарёфт кардем.
Озодӣ: Вале хонандаи худро шинохтед ва хонанда ҳам шеъри шуморо шинохтааст, Фарзона, он чӣ дар мағзи шеъри шумо ҳаст, паёми шуморо даёфтааст?
Фарзона: Маъсумҷон, ман ба шумо як ҳақиқатро мегӯям, ки дили мардумро бо фақат як шеър фатҳ карда намешавад, ростӣ. Ман ҳамин сон фикр мекунам. Масалан, тамоми бузургӣ, азамат ва ҷалолати Мавлонои моро бо як вожа ва мартабаи шоирӣ наметавонад ифода кунам ва танҳо ҳамин калима гунҷоиш диҳад. Зеро хеле вусъатмандтар, густардатар ва берунтар аз ҳудуди як шеър ё шоир ҳастанд. Ҳамин тавр, бо як унвони “шоир”, унвони маънавӣ, ҳастӣ, шаҳомат ва ҷалолати рӯҳонии Ҳаким Фирдавсиро, Ҳазрати Ҳофизро, Аллома Иқболро, аз шоирони ҳамзамонамон - устод – Лоиқ, Муъмин Қаноат ва Гулрухсорро наметавон баён кард. Ин ҳама кам аст. Ҳатто ин калима эҳсоси аҷз мекунад дар баробари эҷоди бузургоне мисли Мавлоно.
Озодӣ: Ва шеъри онҳо як василае ҳаст барои шинохти онҳо...
Фарзона: Ва муждаҳои худро ба дили дигарон расонидан. Барои роҳ ёфтан ба ҷонҳои дигар. Шоире гуфтааст :
Маро аз шоирӣ худ ор н – ояд,
Ки дар сад қарн чун Аттор н –ояд.
Ё ки Анна Аҳмадова, вақте хост аввалин маҷмӯаи ашъорашро ба чоп расонад, падараш иҷозат надод, чунки шоириро як рутбаи бисёр поин медонист. Дар Русия ва бисёр кишварҳо ва дар гузашта дар Хуросони мо ҳам шоириро як рутбаи баланд намедонистанд. Аммо Мавлоно, Ҳазрати Аттору Саноӣ, Шайх Камол ин рутбаро бо ҳузури нуронии худашон баланд карданд .
Дар мавриди худамон ҳич ҳарфе надорем. Агар хонандае бигӯяд, ки ин шеърҳо дархӯрди дили мо нестанд, мепазирем. Чунки бо як шаст намешавад миллион моҳиро сайд кунед, агар яке моҳӣ ҳам афтод, барои мо мояи саодат аст.
Озодӣ: Фарзона, Шумо як шоири шинохта ва матраҳ дар қаламрави шеъри форсӣ ҳастед. Ба наздиқӣ як мақолаи устод Абдунабӣ Сатторзодаро дар бораи шеъри шумо хондам, ки шуморо ба унвони “Фарзонаи шеъри форсӣ” ном бурдаанд. Вале чаро шумо боре ба фаъолияти иҷтимоӣ сахт даст назадед ва боре ҳам талоши соҳиб шудан ба вазифаеву масалан, соҳиб шудан ба курсии парлумонӣ талош намекунед ?
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Фарзона: Саломат бошед, аз устод Сатторзода ёд кардед. Чандин устодон ин ҳама ҳарфҳои хуш ва лутфҳоро бароям арзонӣ доштаанд. Ҳазрати Ҳофиз мегӯяд, ки :
Ман ки бошам, ки бад - он хотири отир гузарам,
Лутфҳо мекунӣ, эй хоки дарат тоҷи сарам.
Дуруст аст, ки ягон мақоми иҷтимоиро соҳибӣ накардем. Ва ҳаргиз иддао ҳам накардем. Ҳатто иддаои шоирӣ ҳам надорем. Вақте ки аввалин маҷмӯи шеърҳоямро ба устод Лоиқ бурдам, гуфтанд, ки ту духтарчаи хурду даъвоҳоят бузург будааст. Байни он ғазалҳоям як ғазале буд, ки “Чун мавҷи боз ман танҳову танҳо” ва як байти он ҳам ин буд :
“Андар ин шаҳри хамӯшон бо дили масту хурушон
То насозам шӯр барпо боз ман танҳову танҳо.
Ва устод Лоиқ дуои нек дода буданд.
Аммо дар мавриди корҳои иҷтимоӣ мо рисолат ва тааҳҳуди худро як андоза дигаргуна дидем.
Куфр - кофаррову дин – диндорро,
Заррае дардат - дили Атторро.
Яъне, ҳар кас ба сӯи чизе меравад, ки ҷозиб бошад барояш, хушоянд бошад. Ва ман ҳамин роҳро интихор кардам, рутбаеро пазируфтам, ки ки аз он маро касе сабукдӯш ҳам карда натавонад, ё ба он нишонда ҳам натавонад (механдад). Як маснади комилан рӯҳонӣ, ки касе гутфан наметавонад, ки “ту боло рафтӣ ё поин омадӣ”. Агар дар ҳамин мақоме, ки Худованди бузург моро нишондааст, мақомот ҳам инсонҳое ҳастанд, ки дилшиносӣ, лутф мекунанд нисбат ба мо ва агар дили афтодаеро бибардорем, ба ҷони касе марҳам бигузорем, барои мо шодии беназира аст.
Бедирам будаму бар мардуми бебаргу наво,
Гавҳари меҳр маро буд, ки эҳдо кардам.
Мисли ин ки ба додгоҳ мебиёянд, баъзан пеши шоирашон ҳам мебиёянд. Агар мақомоти додгустарӣ онҳоро чора карда натавонад, ақаллан ҳарфе барои марҳами захмҳои дилашон мехоҳанд. Ҳам маҳрам аст, омаду ҳам марҳаму даво”. Яъне як инсони суханофарин ва дилошно ҳам маҳрами халқ бояд бошад, ҳам марҳами ҷони одамҳо. Агар шоири хуб бошад. Захмбанди дили миллат ва ҷони Банӣ Башар, захмбанди марзҳову дилҳои пора – пора, чорасози ҷонҳо бояд бошад.
Озодӣ: Оё Шеър, манзурам - шеъри хуб метавонад дар ин замони фанновариҳои маснуӣ қалби одамро, хилқати инсонро ба сӯи некӣ дигаргун кунад?
Фарзона: Дилҳое, ки ҳанӯз асолат набохтаанд, ҷонҳое, ки ҳанӯз маъсумиятро ҳифз кардаанд, панҷараҳое, ки ҳанӯз ба шодбоди баҳор боз мешаванд ва боз ҳамон дилҳое, ки ба мақдами муҳаббат руфтаву шуста мешаванд, боз ҳам ба шеъри Одаммушшуаро Рӯдакӣ, Ҳаким Фирдавсӣ, Анварӣ рӯ меоваранд. Бинед, Анварӣ чӣ хел ширин мегӯяд “Ёрам, туӣ ба олам...”. Мисли оне, ки як ҳамзамони мову шумо бошад, ҳол он ки фосила ҳазор сол аст.
Ёрам, туӣ ба олам , ёри дигар надорам,
То дар танам бувад ҷон, дил аз ту барнадорам.
Ошиқони дигар баъди чандин асрҳо ҳоло низ ҳамин чакомаҳоро чакомаҳои дили худашон медонанд. Вале ҳоло низ дар ин айёми суръатҳову компутеру айёми филизу атому техникаи модерн ҳам дилҳое пайдо мешаванд, ки ба сӯи ишқу отифа руҷӯъ мекунанд.
Вақте ашъори нав, муосир мегӯем, он низ ашъори Ҳофиз аст, аз муждаи имрӯзиён тозатар паёми Мавлоност, вагарна чаро масалан дар беморхонаҳои бисёр мамлакатҳои ҷаҳон “Маснавии Маънавӣ” – ро барои беморон қироат мекунанд. Дарси ирфони Мавлоною ҳазрати Аттору Саноиву Шаҳобиддини Суҳравардӣ меомӯзанд, ба чӣ хотир? Зеро ки навтар аз нав аст. Паёмест, ки дигар кӯҳнагӣ намепазирад. Мисли либоси классикие аст, ки аз мӯд хориҷ намешавад. Он шеърҳо чунинанд, ки майл ба тозагиҳо доранд.
Озодӣ: Фарзона, зодрӯзатон, ки дар рӯзи 4-уми ноябр дар Қасри Арбоб ҷашн гирифта мешавад, чӣ гуна хоҳад гузашт, ба чӣ тарзе дар назар аст баргузор шавад. Аслан медонам, ки шумо ба чунин тантанаҳову ҷашнвораҳои мутантан, ҳатто марбут ба худатон бошад, чандон хуш надоред ?
Фарзона: Аслан, чуноне ки медонед, дар тамоми дунё дар рӯзи таваллуд ҳадяҳо мегиранд. Бузургтарин ҷоиза, ҷоизаи эзидист, саломатӣ аст, саодат, муҳаббат аст, шодиҳои олам аст, ки барои худаму мардумамон аз Худованд орзу мекунам. Аслан, каме хиҷолат ҳам мекашам, ки сарвари давлат ба мо манзил ҳадя карданд.
Ҳоло мо дар ҳамин хонаи меросӣ, хонаи бобоямон зиндагӣ мекунем ва ният дорем зимистонро дар хонаи нав сипарӣ кунем. Зимистони гузашта барқро дар ин ҷо якчанд соат хомӯш мекарданд, лекин он боз рӯшан мешуд. Аммо имсол ваъда шуд, ки барои тамоми аҳолии шаҳрҳо дар зимистон барқи доимӣ бошад.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Вале муҳимтар он аст, ки барқҳои ростӣ, даруниро шахсиятҳои маънавӣ бояд ба мардум бахшанд. Ростӣ, бидуни хоҳиш ва огоҳии мо сарвари вилоят, Абдураҳмон Қодирӣ қарор кардаанд ва таҷлилҳои бошаҳомат дар худи рӯҳи мо нест. Аммо мардумро агар мебинед, милоди моро милоди худашон меҳисобанд, ҳамнишину ҳамнишоташон мешавед.
Мисли оне ки дирӯз як зане наздам омад, ки барои мо боғи гул ҳадя кунад. Ӯ чаҳор сол аст, ки ҳамон боғи гулро ба умеде парвариш мекарлааст, ки барои мо эҳдо кунад. Дар баробари ин одамҳо чӣ ҳарфе метавонем гӯем?! Аз раҳбари кишвар то ин одами оддӣ, ки мехоҳанд ин ҳама муҳаббатро барои як одаме, ки ин арзишро дорад ё не, ҳадя кунад .
Ишқро бо чӣ тавонам пардохт,
Ки фақат Ишқ ҷавоби ишқ аст.
Яъне, дар зодрӯзам аслан ман боғи гул ба ҳама ҳадя кунам. Аммо чун боғи гул надорам, шеърҳоямро тақдим мекунам.
Озодӣ: Фарзона, то ин замон дар зиндагии хонаводагиатон чӣ навгониҳое иттифоқ афтодааст. Медонем, ки ҳамсари шумо Толиби Озарахш, аз шоирони тавонои тоҷик ҳастанд.
Фарзона: Ҷуброн Халил мегӯяд, ки агар як зан машҳури ҷаҳон ҳам шаваду дар ҳама корҳои иҷтимоӣ тавфиқ ёбад, аммо аз назари хонаводагӣ заъфе, рахнаҳое дар ҳаёташ дошта бошад, саодатманд нест. Шукри Худо, ки хонаводаи борафоҳе дорем. Модари дуогӯе, ки ҳам морову ҳам кулли одамонро дуо мекунанд. Ҳамсарам Толибҷон, ки ҳамдили мо ҳастанд. Ҳамеша раҳкушои мо ҳастанд, бисёр инсони ҳунарманд ... Фарзандони азизамон: Шоҳонаву Шаҳнавозу Ҳумоюн. Ва шукри Худо, ки ба хонаводаи мо паёме, як нафари дигаре тоза аз коргоҳи офариниш омад: кӯдаки яксолаи мо, наберачаи мо – Суҳайл. Дар бораи Суҳайл гуфтам ки :
Ин кӯдаки якрӯза бар ту хати пирӣ дод,
Эй дил, дили девона, аммо ту ҷавонӣ кун,
Тақвимдаронӣ кун.
Инак, туву афсона, овози Суҳайл омад.
Толибҷон ҳам як шеър гуфтанд:
Суҳайло, эй Суҳайло, эй Суҳайло,
Манам Маҷнуну бибии ту – Лайло. (механдад.)
Озодӣ: Худо бар Суҳайлову фарзандону шумо, аҳли оилаи шумо умри дароз бидиҳад !
Фарзона: Саломат бошед, саломат бошед. Аз Худо мехоҳем ки :
Эй Худо, ин васлро ҳиҷрон накун,
Сархушони ишқро ҳайрон накун.
Каъбаи уммеди мо ин даргаҳ аст,
Каъбаи уммедро вайрон макун!
Каъбаи уммеди мо, ки Тоҷикистон аст, Хуросони бузург аст, дар маҷмуъ сайёраи мост, поянда бошад!
Озодӣ: Фарзона, хоҳиш мекунам барои мухлисон, барои касоне, ки дур ҳастанду дар маҳфили зодрӯзатон иштирок карда наметавонанд, шеъре тақдим бикунед.
Фарзона: Албатта. Ташаккур. Раиси вилоят аз ман пурсиданд, ки чанд хеш доред, то мо дар толор ҷо бидиҳем. Ман ҷавоб додам, ки 7 миллиард хеш, дӯстон, пайвандон, дилбандон дорам, ки мо наметавонем, дар 1 толори нозанини Арбоб ҷо диҳем. Вале як толори дигаре ҳаст, ки дар он ҳамаашон ғунҷоиш меёбанд.Он ҳам :
Умедворем, ки ин номаҳои ишқ ба нишонӣ мерасад. Агар касе напазируфт, ҳақ дорад дигареро дӯст дорад. Агар пазируфт - қурбонаш.
Туро зи хотираҳои азалӣ меёбам, эй ишқ,
Туро зи сурхии себе маърифат хоҳам кард.
Ё зи як гул?
Оре, зодгоҳи ишқ як гули ёсуман аст.
Ишқ, шояд қафаси пур – пури озодист,
Салом эй Маҷнун,
Қафаси пур – пури озодиро ба куҷо хоҳӣ бурд ?
Чун ту мехоҳам зоғро зебо бинам, ба гунаи товус,
Чун ту мехоҳам аз гардани шер оғӯш кунам,
Ва зи чашмони оҳу оинае дошта бошам.
Нигоҳ кун - аз кӯчаи ту кавкабаи ишқ меравад.
Ман барои чӣ ишқ мегӯям?
Барои он, ки вуҷуди ишқ зи қайдҳои замону мазҳабу макону кеш озод аст.
Ишқ зангиву фарангиву хуросонӣ, моли ҷопонӣ нест.
Ишқ ҳам оташи Брометей аст, ҳам шуои кафи Мӯсо,
Ҳам салиби Исо,
Ҳам Нилуфари буддо,
Ҳам тулӯи Митро.
Ишқ меъроҷи Мустафост.
Ишқ зеботарин хулосаи тамоми маърифатҳост.
Ишқ таркиби Худост.
Пас, фаротар зи хештан қадаме бояд монд
Ва бояд андешид,
Ки агар мӯрчаеро пахш кардӣ, - ишқ мемирад.
Дуи дубора бу дунё салом мегӯям,
Ба офтобу ба дарё салом мегӯям,
Дилам чу ҳуҷҷати сурхи баҳор пеши шумост,
Ба муҳри он гули мино салом мегӯям
Баҳортар зи баҳорам миёни чиллаи дай,
Ба ғунча – ғунча таманно салом мегӯям.
Ба шодбоши нигоҳи ҳанӯз шаффофат
Ба субҳи оинаполо салом мегӯям .
Ғубори пастхами сифлагон барафшондам,
Ба он баланду мубарро салом мегӯям .
Ба килки айб раҳи килки ғайб натвон баст,
Ба дасти ёрии боло салом мегӯям.
Бипурс тарҷимаи ишқро зи кафтарҳо,
Ба масҷиду ба калисо салом мегӯям.
Дусад алайки ту омад ба як саломаки ман,
Ба луфтҳои таоло салом мегӯям.
Ба шодбоши ваҳйи ту, эй ҷовидонаи ишқ,
Ба зиндагиву ба фардо салом мегӯям.
Салом мегӯем ба субҳи мелодамон, ба ҳар рӯзи Худованд, ки аслан барои дили мову шумо ҳам навиди хуш асту ҳам иди хуш аст.
Озодӣ: Бар шумо низ салом, Фарзона ! Ва бори дигар сипосу ташаккур аз шумо барои суҳбат.