Дилшоди Фарҳодзод: Дар Самарқанд мардум ташнаи шеъри тоҷикианд

Акси Дилшод Фарҳодзод аз вебсайти Радио Замона гирифта шудааст

Шоираи 42-солаи сокини Самарқанд Дилшоди Фарҳодзод номзади ҷоизаи адабии АвроОсиё шудааст, ки дар Лондон аз ҷониби Ҷашнвораи бози адабии Авроосиё ташкил шудааст.

Маҷмӯаи ашъори Дилшоди Фарҳодзод дар бахши ниҳоии озмун дар баробари даҳҳо номзади дигар аз кишварҳои мухталифи ҷаҳон рақобат мекунад. Ҳақи барандагӣ дар ин озмун ба адибон шонси чопи китобашон

Мухотаб дар ин шеър модари ман аст. Ман мехоҳам дар зиндагӣ ҳама мубориз бошанд. Нагӯянд, ки замони мо гузаштаст. Ин замон замони ҷавонҳост. Яъне онҳо бояд кор кунанд, яъне фурсат барои ҳама дода мешавад

аз ҷониби бунёди АвроОсиё дар Лондонро фароҳам меорад.

Дар як тамоси телефонӣ Дилшоди Фарҳодзод аз Самарқанд дар бораи эҷодиёти худ сӯҳбат кард.

Радиои Озодӣ: Хонум Фарҳодзод, шумо дар Самарқанд омӯзгори адабиёту забони тоҷикӣ ҳастед. Чӣ тавр аст шароити кори як муаллими забони тоҷикӣ дар Узбакистон дар шароити имрӯза?

Дилшод Фарҳодзод: Мо дар ватани худамон ҳастем. Касби худро дӯст медорам, муаллими фанни адабиёти тоҷик будан бароям гуворо ва дилнишин аст. Шоири тоҷик будан дар Ӯзбакистон ин ҳам чизи нодир нест, зеро дар саросари Ӯзбакистон, дар аксари вилоятҳо адабдӯстони тоҷикро дорем, шеърнависон, насрнависон дорем. Хонандаи худро дорем, хушбахтона.

Радиои Озодӣ: Пеш хабарҳои зиёде дарёфт мекардем, ки дар Узбакистон мактабҳое, ки ба забони тоҷикӣ дарс медоданд, баста шуданд. Ҳоло мегӯянд вазъият тағйир меёбад, дуруст аст?

Дилшод Фарҳодзод: Шумо дуруст гуфтед. Теъдоди мактабҳои тоҷикӣ дар ин солҳои охир нисбатан кам шудааст, аммо умед дорем, ки шояд шароит хубтар шавад ва ин аз ҳар шахс бастагӣ дорад. Хушбахтона имсол шумо хабар доред, ки дар вилояти Фарғона ҳам факултаи тоҷикӣ боз шуд. Факултаи забон ва адабиёти тоҷик. Донишҷӯёни худро дорем. Умед мекунем, шумораашон зиёд мешавад.

Кулли явминро на бадтар, балки беҳтар мекунем...

Радиои Озодӣ: Аз шеъри худ бигӯед. Дидам, ки шеърҳои сафед ҳам доред. Масалан, ғазали "Кулли явминро на бадтар, балки беҳтар мекунем..." - манзури Шумо чӣ аст? Чиро мехоҳед беҳтар кунед? Чиро мехоҳед ислоҳ кунед, нав кунед?

Дилшод Фарҳодзод: Мехоҳам муҳити зиндагии худамро беҳтар кунам,

Ғазалворае аз Дилшоди Фарҳодзод

Кулли явминро на бадтар, балки беҳтар мекунем,

Эй азизи беҳтар аз беҳтар, биё, сар мекунем.

Чунки беҳ аз беҳтаронӣ, бадтар аз бадтар манам,

Эй Худо, инсоф деҳ, аз худ то сар мекунем.

Дар ҷаҳони танги худ дунёи дигар офарем,

Аз дили ту то дили ман дори акбар мекунем.

Модари бар содагӣ содиқи бар ғам дилсупор,

Бар сари гӯри ғамонат санги мармар мекунем!

Ашкҳоят бар сари санги дилам беҳудааст,

Кор агар бо ашк созад, баҳри Мармар мекунем!

Модари осонтаслими ғамони беамон,

Дар ҷиҳод аз баҳри шодӣ кори барбар мекунем!

Гунг то кай менишинӣ, безабони розҳо,

Шеърро дар бозгӯи роз ёвар мекунем.

ободтар кунам. Мухотаб дар ин шеър модари ман аст. Ман мехоҳам дар зиндагӣ ҳама мубориз бошанд. Нагӯянд, ки замони мо гузаштаст. Ин замон замони ҷавонҳост. Яъне онҳо бояд кор кунанд, яъне фурсат барои ҳама дода мешавад. Ин маънии онро надорад, ки ман пиронсол шудам, зиндагии ман, ҳаёти ман, замони ман гузаштааст. Ман ҳатто дар як шеърам ба ин маънӣ мегӯям, бо солхурдагӣ, бо пирӣ зиндагӣ ба охир намерасад, зиндагӣ идома меёбад. Яъне мехоҳам, ки модарамро ба ҳаётдӯстӣ даъват кунам, аз ғамҳо хаста ва афсурда набошад.

Радиои Озодӣ: Шумо дидед, ки бо шеъри худ тавонистед ба модар ё наздиконатон кумак кунед?

Дилшод Фарҳодзод: Ман фикр мекунам, шеър буд, ки ман ҳаётдӯст шудам. Фикрҳои ман дар шеърам ифода меёбад. Фикр мекунам, ки баъди ин ба модарам таъсир кардам. Агарчи ӯ дигар шеъри маро намехонад, ман мехоҳам ӯро ба зиндагӣ ва ҳаётдӯстӣ хонам.

Радиои Озодӣ: Барои чӣ модаратон дар чашми шумо як улгу ҳастанд? Бардошти ман ин аст, ки аз нигоҳи аҳамияти эҷодӣ, Шумо ба модаратон нақши муҳиме ҷудо кардаед. Ё шумо дар ихтилоф ҳастед бо андешаҳои модаратон?

Дилшод Фарҳодзод: Бале, мехоҳам фазои зиндагии худро дигар кунам. Муносибати ман бо модарам зеботар бошад. Модарам шеърҳои маро бихонад ва якдигарро хубтар дарк кунем. Мехоҳам, ки модарон ва умуман занҳо худшиносу бомаърифат бошад. Ҳарчанд мегўянд, ки сутуни хонавода мард аст, аммо фазои солим дар хона аз зан хеле вобастагй дорад. Зане, ки равшанфикру солимақл аст, фарзандҳоро ба роҳи дурусти зиндагй метавонад раҳнамой кунад ва боиси саодати онҳо дар рўзгорашон гардад ва худаш ҳам хушбахту ризоманд зиндагй кунад.

Радиои Озодӣ: Ба истилоҳ ин нофаҳмии шумо ва модаратон чӣ сабабҳо дорад? Ҷанбаъҳои анъанавӣ, суннатӣ ё решаҳои иҷтимоӣ дорад?

Дилшод Фарҳодзод: Ҳам ину ҳам он. Хуб, ин муаммову дардҳои ман аст. Яъне ҳамин сабаб шудааст, ки шеърҳо эҷод шаванд. Ман мехоҳам миёни насли ҷавон ва куҳансол як робитае бошад. Онҳо аз ҳамдигар дур набошанд. Модарон духтаронро хубтар дарк кунанд. Ҳастанд чунин модарон. Масалан, улгуи беҳтарин барои ман Фарзонаи Хуҷандӣ ва модарашон ҳастанд. Ман ашъори Фарзонаро барои модарашон хондам, хеле ҳавасам омад. Ба дӯстонам ҳам гуфтам, беҳтарин улгуи муносибати байни модару духтарро ман дар шеърҳои Фарзона мебинам. Дар равобити онҳо ҳамдигарфаҳмӣ ва муҳаббат ҳаст. Фарзона дар модари худаш як паноҳгоҳ меёбад. Вақте ман шеър мегӯям, пеш аз ҳама дарди худро менависам ва ба шунаванда ҳавола мекунам. Фикр мекунам, нафароне ҳастанд, ки дар шеъри ман розҳои худро ҳам пайдо мекунанд.

Дилшоди Фарҳодзод, шоираи самарқандӣ номзади ҷашнвораи китоби АвроОсиё шудааст

Дилшоди Фарҳодзод

Дилшоди Фарҳодзод соли 1975 дар Самарқанд ба дунё омадааст. Солҳои 1992-97 дар бахши суханшиносии факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Самарқанд таҳсил карда баъдан дар нашриёти "Овози Самарқанд" кор кардааст. Аз соли 2002 ба фаъолияти омӯзгорӣ ва илмӣ пардохта, дар донишгоҳи Самарқанд аз ихтисоси адабиёти муосир дарс медиҳад. Муаллифи маҷмӯаи ашъори “Як қалам рӯшноӣ”, “Шабҳои Маҳовез” аст. Дар чаҳорчӯби корҳои таҳқиқотии донишгоҳӣ “Поэтикаи шеъри Фарзона”-ро нашр кардааст.

Модари ду фарзанд аст.

Радиои Озодӣ: Чаро ба шумо шеър гуфтан муҳим аст? Бархе мегӯянд, даври шеър гузашт. Шумо ба онҳо чӣ посух медодед?

Дилшод Фарҳодзод: Ба фикрам, чунин ақидаҳо дар Аврупо шояд ҳаст. Аммо дар ин муҳимт, дар маъракаҳои Самарқанд мардум ҳатман шеър мехонанд. Шеър дар ҳама давру замон як рисолате дорад, ки инсонро тарбия мекунад. Ҳатто завқу табъро бедор мекунад. Барои шинохти зебоӣ шеър муҳим аст. Яъне шеър дар ҳама давру замон барои забондонӣ ва инкишофи фикри мо саҳмгузор аст.

Радиои Озодӣ: Шумо дар ҷашнвораи китоби Авруосиё ширкат кардед. Кадом асаратонро пешниҳод кардед ва интизоратон чӣ аст?

Дилшод Фарҳодзод: Ман намунаҳои хубу беҳтарини шеърҳоямро, ки дар солҳои гуногун навишта шудааст, ба ин ҷашнвора фиристодам. Албатта, фикр намекардам, ки шеърҳои ман дар чунин як ҷашнвораи бонуфуз ба назар гирифта шавад. Аммо ғайриинтизори ман арзиш ёфтанд шеърҳои ман. Ман мехостам худам ширкат кунам ва бо шахсиятҳои маъруф рӯ ба рӯ суҳбат кунам, аммо аз нигоҳи молӣ чунин имкон надорам.