Алишер Гулов, узви дастаи мунтахаби Тоҷикистон, дар сабқати таэквондо WTF аз рӯи барномаи Бозиҳои XVII Осиё дар Инчони Кореяи Ҷанубӣ бо медали биринҷӣ сарфароз гаштааст. Вай дар сабқати мардон дар вазни беш аз 87 кило бар асоси қуръакашӣ қувваозмоиро аз даври чорякниҳоӣ шурӯъ карда, бар Янг Йи аз Чин бо ҳисоби 4-3 пирӯз шуд ва ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфт. Вале Алишер дар нимфинал аз Дмитрий Шохин (Узбакистон) шикаст хӯрд ва дар натиҷа мақоми севумро касб кард.
Ёдовар мешавем, мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои XVII Осиё, ки аз 19-уми сентябр то 4-уми октябри соли равон дар Инчони Кореяи Ҷанубӣ баргузор шуданд, дар 16 намуд рақобат карда, 5 медал (1 тилло, 1 нуқра ва 3 биринҷӣ ) ба даст овардааст.
Нахуст Дилшод Назаров дар гурзандозӣ дар сабқати мардон бо натиҷаи 76 метру 82 сантиметр мақоми аввалро касб карда, бо медали тилло сарфароз гаштааст. Баъдан Залимхон Юсупов дар сабқати гуштии озод дар вазни то 65 кило бо медали нуқра мукофотонида шудааст.
Сипас дар сабқати таэквондо WTF байни мардон Фарҳод Неъматов дар вазни то 80 кило, Алишер Гулов дар вазни беш аз 87 кило ва миёни занон Моҳрӯ Ҳалимова дар вазни беш аз 73 кило ба мунтахаби Тоҷикистон се медали биринҷӣ овардаанд.
Бояд гуфт, ки шумораи медалҳои ба даст овардаи варзишгарони тоҷик нисбат ба теъдоди медалҳои мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои XVI Осиё соли 2010 дар Гуанҷоуи Чин як адад бештар аст. Инчунин мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои Инчон нисбат ба Бозиҳои Гуанҷоу дар ҳисоби умумидастаӣ бо назардошти сифати медалҳо 5 зина боло - 23-юм шуд. Ин натиҷаи беҳтарини мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои Осиё аз соли 1994 то кунун мебошад.
Маълумотномаи РО
Алишер Гулов 24-уми августи соли 1989 дар ноҳияи Рӯдакии Тоҷикистон таваллуд шудааст. Вай узви дастаи мунтахаби таэквондо (WTF)-и Тоҷикистон аст ва аз соли 2009 таҳти роҳбарии мутахассиси куриёӣ Ҷон Ҷонг Фи ва мураббии тоҷик Ҷаҳонзеб Қармишев тамрин мекунад. Ӯ соҳиби медали нуқраи мусобиқаи қаҳрамонии Осиёи Марказӣ (Тошканд, 2006), ғолиби мусобиқаи кушодаи қаҳрамонии Узбакистон (Тошканд, 2008), барандаи ҷоизаи биринҷии мусобиқаи байналмилалии “Ҷоми Фаҷр” (Теҳрон, 2009), барандаи медали нуқраи мусобиқаи қаҳрамонии Осиё (Алмаато, 2010), соҳиби нишони нуқраи мусобиқаи интихобии қораи Осиё (Тайланд, 2011) ва роҳхат ба Олимпиадаи Лондон-2012, барандаи медали биринҷии мусобиқаи қаҳрамонии Осиё (Тошканд, 2014), барандаи медали биринҷии Бозиҳои XVII Осиё (Инчон, 2014), қаҳрамони бисёркаратаи Тоҷикистон аст.
Хабарнигори Радиои Озодӣ дар Деҳаи Бозиҳои XVII Осиё дар Инчони Кореяи Ҷанубӣ бо Алишер Гулов суҳбате анҷом дод, ки ин ҷо метавонед тамошо кунед.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад