Дар пайи тағйироти сохторӣ дар муассисаи давлатии телевизиони "Пойтахт" аз сӯи шаҳрдории Душанбе, Абдуқодири Абдуқаҳҳор, раиси ин шабака довталабона истеъфо дод.
Истеъфое, ки то кунун дар сатҳи мансбадорони тоҷик ба як фарҳанг табдил нашудааст. Ҳамакнун раёсати телевизиони "Пойтахт" ба Шаҳло Мӯсоева, собиқ сардори раёсати фарҳанги ҳукумати шаҳри Душанбе вогузор гардид. Дар гуфтугӯе бо Абдуқодири Абдуқаҳҳор, журналисти шинохта ва ҳамакнун раиси пешини муассисаи давлатии телевизиони "Пойтахт" нахуст ин суолро матраҳ кардем, ки "наҳваи истеъфои вай аз ин мақом эътирозист, чаро?":
Абдуқодири Абдуқаҳҳор: Шумо хуб медонед, ки дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бори нахуст барои мансаби директори телевизион, шаҳрдории Душанбе озмун эълон карда буд. Ман роҳбари дувуми расонаи миллӣ будам ва тахассусам телевизион буд ва як майдоне, як расонае холӣ шуд, хостам, ба қавле, ки ҳунару истеъдод ва ғояи худро нишон бидиҳам. Ҳарчанд аъзои ҳайати мушовараи Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон будам, вале ба шаҳр омадам ва дар озмун иштирок кардам. Дар озмун 18 нафар будем, дар ин миёни ин ҳама номзадҳо пирӯз шудам ва бо як консепсия фаъолиятамро дар шабакаи "Пойтахт" оғоз кардам. Мақсади ман таъсиси телевизиони асри 21 буд. Аммо шароит ва муҳит даст надод, дар шаҳри Душанбе, ки чанд банди консепсияи ман амалӣ шавад ва гумон буд, ки амалӣ шавад. Чун яке аз ҳадафҳои ман ин буд, ки телевизиони "Пойтахт"-ро ба шабакаи 5-уми миллӣ табдил диҳам. Дар охир ба пахши моҳворавӣ гузарем то ин, ки дар ақсои олам ин шабакаро тамошо кунанд. Вале барои инҳо имкон нашуд, дурусттараш имкон надоданд, ки ин ниятҳоро иҷро кунам ва дигар зарур надонистам дар ин симмат фаъолият кунам. Ба ин хотир истеъфо додам.
Радиои Озодӣ: Албатта, истеъфои шумо марбут мегирад ба тағйироти сохторӣ дар мудирияти шабакаи телевизионии "Пойтахт", ки тасмими шаҳрдорӣ аст. Чаро тасмими шаҳрдорӣ розӣ нашудед?
Абдуқаҳҳори Абдуқаҳҳор: Рӯзи душанбеи 27-уми январ баъд аз нисфирӯзӣ раиси шаҳри Душанбе, ҷаноби Убайдуллоев маро даъват карданд ва дар сӯҳбате, ки сурат гирифт, гуфтанд, муовини якуми шуморо ман таъин мекунам ва ин муовин ҳамзамон масъули таҳияи барномаҳо, яъне директори барномаҳо, масъул ва ҷавобгари кулли барномаҳои "Пойтахт" хоҳад шуд. Яъне тамоми вазифаҳои раиси телевизиони "Пойтахт" ба дӯши муовинии якуми раиси телевизион гузошта шуд. Бар дӯши Шаҳло Мӯсоева, ки то ин замон сардори раёсати фарҳанги ҳукумати шаҳри Душанбе буд. Ба ҳамин тартиб дастони ман баста гардид, дигар ҳеҷ имкони барнома сохтан, идея пешниҳод кардан вуҷуд надорад. Гуфта метавонам, ки фаъолияти ман ҳамчун директори техникӣ ё директори рамзӣ сурат мегирад.
Радиои Озодӣ: Аммо дар сӯҳбате, ки бо шаҳрдор Маҳмадсаид Убайдуллоев доштед, пешниҳодҳои шумо мавриид қабул қарор нагирифт?
Абдуқодири Абдуқаҳҳор: Мо андешаҳои гуногун ва ихтилофи назар доштем. Ман мехостам телевизиони "Пойтахт" дар моҳвора бошад. Чун Душанбе дили Тоҷикистони азиз аст ва ин телевизионро дар тамоми дунё тамошо кунанд. Ҳол он ки мо медонем, ки танҳо дар шаҳри Маскав 30 шабакаи телевизиони моҳворавӣ фаъолият мекунад. Вале шаҳрдор, ҷаноби Убайдуллоев мехоҳанд, ки «Пойтахт» танҳо телевизиони соҳавӣ бошад, яъне танҳо сухан даро бораи партов, роҳҳо, нақлиёт ва мушкилоти шаҳр равад. Ман зимни сӯҳбат гуфтам, ки бо дигар шудани сохти ҷомеа, телевизион ҳам маънояшро дигар кардааст. Фаразан, дар замони Шӯравӣ як телевизион буд ва он ҳам телевизиони идеологӣ шуда буд. Мо мехостем намехостем, чун дигар интихоб набуд, ин телвизионро тамошо мекардем. Ман борҳо таъкид кардам, ки акнун шеваи кори телвизионҳои дунё дигар шудааст. Шиори телевизионҳои дунё ин иттилоот, фароғат, маънавиёт шудааст, яъне телевизон акнун бозор шудааст. Вақте телевизиони шаҳриро сирф ба партов, ба нақлиёт ва ба роҳ ва дигар мушкилот ихтисос медиҳем, ин шабакаро касе тамошо намекунад. Пас ба мавҷудияти ин телевизион чӣ зарурат аст? Пешниҳод карда будам, ки барномаҳои ин телвизион дар ҳамбастагӣ бо барномаҳои фарҳангӣ - фароғатӣ сурат бигирад, вале онҳо гуфтанд, ки не, ин шабака танҳо мушкилии пойтахтро гӯяд.
Радиои Озодӣ: Абдуқодир, тавре маълум аст, баъд аз роҳбар таъин шудани шумо ба "Пойтахт", сатҳу сифат, мӯҳтаво ва ҳатто саоти пахши барномаҳо дигар шуд. Ин ба афзудани теъдоди тамошобинон ҳам боис гардид. Пас аз назари шумо, чаро шаҳрдорӣ тасмим гирифт, ки шуморо аз масъулияти тарҳрезии барномаҳо куллан озод кунад? Ин тасмими худи шаҳрдорӣ аст ё чизи дигар?
Абдуқодири Абдуқаҳҳор: Ростӣ, ба саволи шумо пурра ҷавоб дода наметавонам. Аммо дар авали сухан шумо гуфтед, ки бозор. Дуруст гуфтед. Акнун телевизион, расона бозор шудааст. Дар бозор танҳо маҳсулоти хушсифатро мехаранд. Ба ҳамин хотир ман гуфтам, ки агар мо телевизионро сирф соҳавӣ кунем, дар он сурат мардум ҳоло интихобашон хеле зиёд шудааст. Агар телевизиони шуморо тамошо намекунанд, пас СD ё DVD - ро мехаранду тамошо мекунанд. Ё ба интернет рӯ меоранд ва ё аз тариқи моҳвора, аз ҳазор то 1400 канал дар хонаҳояшон аст. Яъне, барои он, ки тамошобин шуморо тамошо кунад, бояд дар ин бозор бо маҳсулоти хуб ворид шуд, то ин ки маҳсулоти шуморо харидорӣ кунанд. Дар ҳақиқат, ман сифат намекунам, таъриф намекунам, вале "Пойтахт" шояд ягона расонае буд, ки вақте ман реформа ё ислоҳот эълон кардам, баъди 24 рӯз шабака 24 соата шуд. Вале то кунун ман намефаҳмам, ки чаро шаҳрдор нахост, ки ин шабака 24 соата бошад ва он кас гуфтанд, ки ҳамчун муассис ҳақ дорад, ки соатҳои эфири "Пойтахт" -ро ба ҳашт соат расонад. Ростӣ барои ман ин муаммост.
Радиои Озодӣ: Шумо муддати як сол фаъолият кардед ва аз ин пеш, манзур қабл аз истеъфо, дар фаъолияти шумо ва шабакаи телевизионии "Пойтахт" фишорҳо вуҷуд дошт?
Абдуқодири Абдуқаҳҳор: Ошкоро фишорҳоро эҳсос намекардам, вале аз оне, ки дар як сол худи директор ҳуқуқи таҳияи ҷадвали барномаҳояшро надошта бошад, худи директор интихоби мавзуъҳоро надошта бошад, ин ба чӣ маънист. Мову шумо хуб медонем, ки дар Тоҷикистон сензура манъ аст, ин меъёри қонунист ва ҷомеа демократист. Аммо дар ҳар сурат, мо тайи як сол озодона ва аз рӯи фаросати касбиамон бо аҳли эҷодамон фаъолият карда натавонистем.
Радиои Озодӣ: Абдуқодир шумо, ки дар гузашта раиси Радиои Тоҷикистон будед ва ин мансаби давлатӣ буд. Вале ин мақомро канор гузоштед ва омадед ва албатта бо ихтиёри худ дар озмун ширкат кардед ва раёсати шабакаи телевизионии "Пойтахт" -ро ба ӯҳда гирифтед. Ҳарчанд шумо медонистед, ки ин шабакаи ҷамъиятӣ аст, аммо боз ҳам зери назари ҳукумати шаҳр аст, яъне, давлатист. Чаро чунин тасмимеро он вақт гирифтед?
Абдуқодири Абдуқаҳҳор: Дуруст қайд кардед. Ман шашу ним сол, маҳз бо тасмими сарвари давлат, авлбатта бо пешниҳоди раиси Кумитаи радио ва телевизион роҳбари расонаи дуввуми миллӣ будам. Хуб огаҳ ҳастед, ки дар он ҷо мо ду радио кушодем: "Фарҳанг" ва "Овози тоҷик", ки бевосита таъсис додем ва соати барномаҳои Радиоро аз 41 ба 96 соат расонидем, вале худам аслан соҳибтахассуси телевизионӣ ҳастам. Он замон ҳар чор шабакаҳои миллӣ банд буданд, роҳбар доштанд ва гумон мекунам тағйироти кадрӣ дар назар набуд. Ва ман бисёр мехостам, ки худамро ҳамчун роҳбари як телевизион муаррифӣ кунам. Чун давраҳо ё курсҳои академиро дар Кореяи Ҷанубӣ, Эрон ва Чин хатм кардам ва 15 сол таҷрибаи телевизион доштам ва мехостам, ки телевизионе таъсис бидиҳам, ки мардум тамошо кунанд. Мову шумо мебинем, ки болои биноҳои шаҳри Душанбе лаълиҳои моҳвораӣ хеле зиёд шудаанд ва ин нишони он аст, ки мардум ташнаи як расонаи воқеан ҳам ҷолиб ҳастанд. Мехостам як шабакаи воқеан миллие таъсис бидиҳам, ки мардум дигар расонаҳоро тамошо накунанд, тамошо ҳам кунанд, қисман ё лаҳзаҳои хеле хубро. Вале мо бояд як расонае дошта бошем, ки мардум ӯро интизор шаванд. Шумо тавре, ки эҳсос кардед, муддати як соли ахир мо ба ҳама минбар додем: ба ҷавону ба пиронсол, ба нафаре, ки андешаи гуногун дорад, ба нафаре, ки назари нав дорад, ҳатто ба реп, яъне ки мо минбар кушодем. Ҳатто барномаҳои русӣ, англисӣ фаъол шуд. Шаҳри Душанбе дили Тоҷикистони азиз аст, халқиятҳои гуногун зиндагӣ мекунанд. Ман дар орзуи телевизионе будам, ки тамоми тоҷикистониён новобаста ба миллат ин шабакаро тамошо кунанд. Ба ҳамин ормон ман гуфтан мумкин аз мақоми баланд, аз роҳбари дуввуми расонаи миллӣ омадам ба шаҳр. Ниятам ҳамин буд. Хуб, мутаассифона ният амалӣ нашуд, вале дунё ба умед аст.
Радиои Озодӣ: Хуб агар хулоса кунем, оё шумо фикр намекунед, ки маҳз касбият, яъне ҳирфавияти шумо, диди нав доштан ва озодандеш будан, шояд монеи фаъолияти ҳам журналистӣ ва ҳам раҳбарии як расонаи телевизионии шумо шудааст?
Абдуқодири Абдуқаҳҳор: Албатта фикр мекунам ва мутмаин ҳам ҳастам. Ман парвардаи мактаби худораҳматӣ - Сайф Раҳимзоди Афардӣ ҳастам. Ман ассистент ё ёрдамчии реформаи ӯ будам. Дар таъсиси шабакаи радиоии "Садои Душанбе" ва дар нияти кушодани шабакаи дуюми телевизионӣ ва дар дигаргун кардани барномаҳои телевизиони Тоҷикистон дар паҳлӯяш будам, шабу рӯз, то рӯзи фавташ. Ва ҳатто, шояд барои аввалин бор ман инро изҳор медорам, Сайф Раҳимзоди Афардӣ гуфта буд, ки баъди як моҳ роҳбари телевизиони Тоҷикистон мешавӣ, вале дар рӯзи 20-ум ӯро куштанд ва бо ҳамин реформаи телевизион тамом шуд ва бо ҳамин ҳама ун мақсаду ниятҳо, ормон ва орзуҳое, ки 15 - 20 нафар мо ҷавонон аз ноҳияҳо ва минтақаҳои гуногун дар атрофи шодравон Сайф будем, нотамом буд ва пароканда шудем. Раҳматии Сайфро низ касбияташ кушт.
Радиои Озодӣ: Пас канор гузоштани раёсати Радиои Тоҷикистон, дуввумин расонаи миллӣ аз сӯи шумо ба хотири ҷорӣ кардани ислоҳоти соҳаи телевизион дар дар дигар расона буд, бале?
Абдуқодири Абдуқаҳҳор: Бале, ормони Сайфро мехостам пиёда кунам. Вале дар ин ҷо низ насиб набудааст.
Радиои Озодӣ: Акнун, ки аз мақоми раиси муасиссаи давлатии телевизиони "Пойтахт" истеъфо додед, иқдоми баъдии шумо чӣ хоҳад буд. Фаъолияти журналистиатонро идома медиҳед, ё хайр?
Абдуқодири Абдуқаҳҳор: Мову шумо хуб медонем, ки ҳунарманд ҳеҷ гоҳ хор намешавад. Мехоҳам, ки як муддат ба қавле дам гирам, як муддат фурсати андеша дошта бошам. Дар тарҷумаи китобҳо низ таҷриба дорам. Ду суол муаллими алифбои ниёгон будам ва ба хатти форсӣ хуб баланд ҳастам. Корманди радио ва телевизион будам ва раҳбар ҳам будам. Гумон мекунам, ки дар як ҷое кор мекунам.
Радиои Озодӣ: Муддати ин ду рӯз ба шумо пешниҳоде нашуд?
Абдуқодири Абдуқаҳҳор: Аз ҷониби шаҳрдор пешниҳод шуд, вале ман гуфтам, ки андеша мекунам. Ин пешниҳод дар сохторҳои ҳукумати шаҳри Душанбе буд, ростӣ, қабул накардам.
Абдуқодири Абдуқаҳҳор: Шумо хуб медонед, ки дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бори нахуст барои мансаби директори телевизион, шаҳрдории Душанбе озмун эълон карда буд. Ман роҳбари дувуми расонаи миллӣ будам ва тахассусам телевизион буд ва як майдоне, як расонае холӣ шуд, хостам, ба қавле, ки ҳунару истеъдод ва ғояи худро нишон бидиҳам. Ҳарчанд аъзои ҳайати мушовараи Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон будам, вале ба шаҳр омадам ва дар озмун иштирок кардам. Дар озмун 18 нафар будем, дар ин миёни ин ҳама номзадҳо пирӯз шудам ва бо як консепсия фаъолиятамро дар шабакаи "Пойтахт" оғоз кардам. Мақсади ман таъсиси телевизиони асри 21 буд. Аммо шароит ва муҳит даст надод, дар шаҳри Душанбе, ки чанд банди консепсияи ман амалӣ шавад ва гумон буд, ки амалӣ шавад. Чун яке аз ҳадафҳои ман ин буд, ки телевизиони "Пойтахт"-ро ба шабакаи 5-уми миллӣ табдил диҳам. Дар охир ба пахши моҳворавӣ гузарем то ин, ки дар ақсои олам ин шабакаро тамошо кунанд. Вале барои инҳо имкон нашуд, дурусттараш имкон надоданд, ки ин ниятҳоро иҷро кунам ва дигар зарур надонистам дар ин симмат фаъолият кунам. Ба ин хотир истеъфо додам.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад