Заррина Асаншоева, шоираи ҷавони тоҷик маҷмааи шеърҳои худ дар васфи Тоҷикистон, Бадахшон ва Самарқанду Бухороро барои ширкат дар озмуни ҷаҳонии адабӣ маъруф бо номи “Авруосиёи боз-2016” пешниҳод кардааст. Барои ҷоизаҳои озмуни мазкур, ки соли панҷум аст баргузор мешавад, шоиру нависандагон аз 40 кишвар рақобат мекунанд. Озмун аз тариқи овоздиҳӣ дар интернет сурат мегирад ва ҷоизаи аслии он 17 ҳазор доллар аст, ки барои табъу нашри китоби нафари ғолиб дар Лондон ва бо забони англисӣ сарф мешавад. Зимнан, соли 2015 нависандаи дигари тоҷик Гулсифат Шаҳидӣ бо асари “Шаҳри ормонҳои сабз” яке аз барандаҳои озмуни «Авроосиёи Боз» - Ҳамоиши китоби Осиёи Марказӣ дар соли 2015 гардидааст.
Ӯ бо забони русӣ шеър менависад ва мегӯяд, талош дорад бо забони модарии худ ҳам шеърҳое эҷод кунад. Зимни як сӯҳбати телефонӣ бо Заррина Асаншоева мо нахуст аз ӯ пурсидем, ки аз ширкат дар озмуни байналмилалии адабии “Авруосиёи боз-2016” чӣ умед дорад?
Заррина Асаншоева: Медонед, шоирону нависандаҳои зиёди касбӣ ва маъруфе аз кишварҳои мухталиф дар ин озмун ширкат доранд, аз Тоҷикистон ҳам чанд нафар ҳастанд. Ман, албатта, бовар ва умеди зиёде надорам, аммо дар ҳар сурат барои бештар кардани таҷриба ва санҷидани қалами худ шеърҳоямро пешбарӣ кардам. Агар ҳам ман дар ин озмун муваффақ нашавам, умедворам, шеърам ба маҷмааи ашъоре, ки аз ҷониби муассисони ин озмун нашр мешавад, роҳ меёбад ва дар қатори гурӯҳе аз шоирони маъруфи дунё шеъри ман ҳам пешниҳоди хонандаҳо мешавад.
Радиои Озодӣ: Чӣ шуморо водор кард, ки қалам ба даст бигиред?
Заррина Асаншоева: Ман наметавонам бигӯям, ки шоири касбӣ ҳастам.
Аз хурдӣ ба эҷодкорӣ шавқ доштам ва шеърҳои кӯдакона менавиштам. Аммо ҷиддӣ намегирифтам ин кори худро ва ба худам шубҳа мекардам, шояд аз танқид метарсидам ва шояд худбаҳодиҳиам монеа мешуд. Аммо баъдан чун дидам, одамони зиёде маро дастгирӣ мекунанд ва шеърҳоямро таъриф карданду, хостанд ман ба шеърнависӣ идома диҳам, ба ин кор ҷиддитар машғул шудам. Ҳамин тавр дар моҳи феврал дар озмуни умумирусиягии шоирон, ки аз сӯйи созмони “Лабиринт” ташкил шуд, бо як шеъри худ ширкат кардам ва ғолиб омадам. Тибқи қоидаи ин озмун, дар як маҷмааи ҷудогона ашъори ғолибон гирд оварда мешавад. Ҳоло ман интизори ин маҷмаа ҳастам, ки бояд моҳи август нашр шавад. Аз ҳамватанонам хеле миннатдорам, ки дар ин озмун бо овози худ маро дастгирӣ карданд ва аз миёни 4 ҳазор иштирокчӣ, ки ҳамагӣ шоирони рус буданд, ман ба рӯйхати афроди ғолиб ворид шудам. Ин ҳам барои ман, воқеан як муваффақияти бузур буд.
Радиои Озодӣ: Кадом шеъри худро шумо ба ин озмун пешниҳод карда будед?
Заррина Асаншоева: Ман барои ин озмун хеле зиёд шеър интихоб кардам ва тасмим гирифтам шеъре дар бораи Помир ва кӯли Сарез пешниҳод кунам. Ин кӯл дар Осиёи Марказӣ машҳур аст ва дар Русия ҳам бисёриҳо дар бораи он маълумот доранд. Ман дар бораи Сарез аз падару модарам шунидаам ва онро дар шеър тасвир кардам. Дар ин шеър гуфта мешавад, ки Сарез ин як тӯҳфаи Худо барои мо аст, ки онро дар кӯҳҳо ҷойгир кардааст, агарчи он хавфнок аст ва мо метарсем, ки оби кӯл рӯзе сарбандро тахриб карда ба поён сарозер мешавад, аммо аз сӯйи дигар ин кӯл чунон зебо аст, ки одамони зиёдеро ҳатто аз хориҷи кишвар ба худ ошиқ кардааст.
Радиои Озоди: Заррина шумо, ки дур аз Тоҷикистон зиндагӣ мекунед, имрӯз шеъри худро чӣ тавр ба адабиётдӯстон мерасонед ва фикр мекунед хонандаи шеъри шумо кӣ аст?
Заррина Асаншоева: Аслан ин як қиссаи дигар аст. Ман аввал намехостам ва талоши муаррифии шеъри худро ҳам намекардам, хонандаи аслии шеърҳои ман волидон ва дӯстони ман буданд. Ман сахт аз танқид метарсидам ва эродҳо ҳам ба шеъри ман зиёд буд. На ҳама шеъри маро мефаҳмид ва буданд нафароне, ки мегуфтанд, беҳтараш шеър нанавис ё ба забони модарии худат навис, ба русӣ нанавис ё мегуфтанд, ту муваффақ намешавӣ. Вале дугонаи руси ман, ки
Шарҳи ҳоли Заррина Асаншоева
Заррина Асаншоева, ки 30 сол дорад ва ҳоло бо хонаводааш дар Русия кору зиндагӣ мекунад, мехоҳад, бо ғолибият дар ин озмун нахустин китоби ашъори худро ба дасти дӯстдорони шеър бирасонад.
Ин дуввумин озмуни шеър аст, ки Заррина дар он ширкат мекунад. Моҳи феврали соли равон бо ширкат дар як озмуни умумирусиягӣ бо шеъре дар васфи кӯли Сарез соҳиби ҷоиза шуд.
Дар шеърҳои худ Заррина бештар табиату кӯҳ, фарҳангу ҳунар, вижагиҳои зиндагии мардумро дар Бадахшон ва дигар нуқоти Тоҷикистонол тасвир мекунад. Аммо дар баробари ин, ӯ талош кардааст, мавзӯҳои иҷтимоӣ ва доғи рӯзро ҳам ба риштаи назм бикашад. Ӯ аз ҷумла дар бораи нооромиҳои тобистони соли 2012 дар Хоруғ ва кушта шудани мардумони бегуноҳ дар он ҳодисаҳо, дар бораи зани шарқӣ, ки таваллудаш дар баъзе хонаводаҳо фоли хуб дониста намешавад ва ҳамин тавр дар васфи Парвиз Давлатбеков, ҷавоне, ки дар либоси Бобои Барфӣ шаби Соли Нав дар Душанбе кушта шуд, шеър гуфтааст.
Заррина Асаншоева дар Хуҷанди Тоҷикистон ба дунё омада, дар Душанбе ба воя расидааст. Аммо волидонаш зодаи Бадахшонанд ва солҳои зиёде ҳам хонаводаи онҳо дар минтақаҳои мухталифи Бадахшон зиндагӣ кардаанд. Соли 2007 хонаводаи Заррина якбора ба Русия кӯч баст. Ӯ мегӯяд, давоми ин ҳама солҳо ӯ дигар имкони бозгашт ба Тоҷикистонро надошт. Ҳамин дурӣ ва ёди зодгоҳу ватан ва дӯстон дар Тоҷикистон, ба гуфтаи Заррина ӯро водор ба он кард, ки қалам бигираду дар бораи зодгоҳу ватани худ бинависад.
Екатерина ном дорад, бисёр хоҳиш кард, ки иҷоза диҳам шеърҳои маро дар сайти русии Stihi.ru нашр кунад. Мо ҳам як кӯшиш кардем ва як шеър нашру муваффақ шуд, хонандаи зиёд пайдо кард. Ҳоло ҳар шеъри навиштаамро дар ин сомона ҷой мекунам. Хонандаи шеъри ман мардуми оддӣ ҳастанд, фикр мекунам бештар онҳое ҳастанд, ки дур аз кишвар ва бо ёди ватану зодгоҳи худ зиндагӣ мекунанд. Тавассути ин шеърҳоям дар интернет ман дӯстони зиёде пайдо кардам. Баъзан онҳо бароям идеяву илҳом ҳам мебахшанд.
Радиои Озодӣ: Дар ҳар сурат аз нақли шумо чунин бардошт мешавад, ки бештар дар берун аз Бадахшон зиндагӣ кардаед ва беш аз 8 соли ахир ҳам дар Русия ҳастед, аммо дар шеърҳои шумо бештар фарҳангу расм ва оини Бадахшон тасвир мешавад. Дар ин бора бештар аз куҷо маълумот мегиред?
Заррина Асаншоева: Ман аз падару модарам бисёр миннатдорам, ки ҳамеша ба ману бародарам дар бораи ҳодисаҳо, фарҳанг ва зиндагӣ дар Помир қисса мекунанд. Падарам фарҳангшинос ҳастанд ва донишкадаи санъатро хатм кардаанд. Модарам ба фолклору фарҳанги Помир таваҷҷӯҳ доранд. Маҳз меҳру муҳаббати онҳо ба зодгоҳашон дар ниҳоди мо ҳам ин меҳрро бедор кардааст. Волидони мо талош мекунанд ба мо ҷолибтарин ҳолат ва қиссаҳо аз ватанро кунанд ва коре мекунанд, ки мо бештар дар бораи зодгоҳи худ бидонему бихонем. Ман фикр мекунам, дар тарбияи кӯдакону наврасоне, ки зери таъсири фарҳанги кишвари дигаре бузург мешаванд, нақши волидон хеле бузург аст. Онҳо бояд коре кунанд, ки дур аз ватан ҳам меҳри кӯдак ба фарҳангу миллати худ кам нашавад ва забону фарҳанги худро фаромӯш насозад.
Радиои Озодӣ: Аммо чаро бештар бо забони русӣ менависед?
Заррина Асаншоева: Бисёриҳо ба ман ин суолро медиҳанд. Замони мактабхонӣ дар Тоҷикистон бо забони адабии тоҷикӣ хуб сӯҳбат мекардам ва дар ҷамъомадҳои мактаби шеърҳоро хуб мехондам. Аммо баъдан бо забони русӣ дар донишгоҳ хондаму ба Русия кӯч бастем ва ҳоло барои ман бо ин забон эҷод кардан роҳаттар аст. Албатта, бароям ин шармовар аст ва талош мекунам оянда бо забони тоҷикӣ ва помирӣ ҳам эҷод кунам. Аммо медонед, ҳоло орзуи аслии ман ин аст, ки бо шеърҳои худ бо забони русӣ ба мардумони миллатҳои дигар дар бораи фарҳанги зебои Тоҷикистон бигӯям ва онҳоро бо ватани худам шинос кунам. Ҳама медонем, ки адабиёти форсу тоҷик дар ҷаҳон маъруф аст, аммо дар хориҷ бештар Тоҷикистонро на бо шеърҳои аслии шоирони бузурги мо, балки тавассути тарҷума мешиносанд. Тарҷума на ҳамеша метавонад дуруст бошад ва паёми аслии шеър ё шоирро бирасонад.
Радиои Озодӣ: Ҳоло дар бораи мушкили муносибати мардуми Русия ба муҳоҷирони тоҷик зиёд менависанд. Оё шумо дар миёни русҳо ҳамин мушкилро эҳсос мекунед ва муносибат бо шумо чӣ гуна аст?
Заррина Асаншоева: Албатта, буданд ҳолатҳое, ки дар Русия ман ҳам ба монеаву мушкили зиёде дучор шудаам. Бо вуҷуди он, ки 8 сол боз дар миёни русҳо зиндагӣ дорам наметавонам пурра ба ин муҳит ворид шавам ва ин кори содда ҳам нест. Ҳолатҳое буданд, ки аз ман мепурсиданд, чаро шумо ба ин ҷо омадаед? Ман аз ин ҷиҳат азият мекашидам. Вале бо гузашти вақт фаҳмидам, ки на ҳама одамон баданд. Шукри Худо ман бештар бо одамоне рӯ ба рӯ шудаам, ки муносибаташон бо ман хуб буд. Намешавад гуфт, ки ҳама бад аст ё ҳама хуб аст. Одамон мухталифанд.
Радиои Озодӣ: Дар таҳрири шеърҳо бароятон кӣ кӯмак мекунад, аслан бо шоиру нависандаҳои рус ҳамкорӣ доред?
Заррина Асаншоева: Не, шеърҳоямро ба касе барои таҳрир нишон намедиҳам, на ба он хотир, ки шеъри ман ба таҳрир ниёз надорад, на. Баъзан шоирон эрод мегиранд, ки шеъри ту як чаҳорчӯба надорад ва баъзе аз меъёрҳои адабиётро риоя намекунӣ. Барои ман ин муҳим нест, муҳим ин аст, ки шеъри маро мардуми оддӣ бифаҳмад. Муҳим ин аст, ки вақте як нафар шеъри маро мехонад, эҳсоси маро дарк кунад.
------------------------------------------------------------------------------------------
Шеъри Заррина Асаншоева
Мой Памир Нозум Помирте
Я за закатом золотого солнца наблюдаю,
Вдыхая сладкий воздух Родины моей..
Во тьме высоких гор костер свой разжигаю,
Под тихий шорох крон пирамидальных тополей.
Смотрю в огонь, и с грустью вспоминаю
Сюжеты жизни,словно череда ролей..
Под яркий звездопад в ночи- я замираю,
Под музыку дехкан,которая доносится с полей...
Картину детства в мыслях разбираю
Под тусклый свет хорогских фонарей..
Лепешки мамины отведать вновь мечтаю,
И папино благословенье получить скорей...
Лишь в снах своих родных людей встречаю,
Где листья осыпают серый тротуар аллей...
Я свежесть горной,бурной речки ощущаю
И слышу песнь, что исполняет утром гордый соловей..
Далекий,горный Бадахшан!- я по тебе скучаю
И мысли эти с каждым божьим днем ясней...
С тоской по Родине я на дорогу взгляд свой устремляю
Туда,где отчий дом и множество мерцающих огней...