Петр Лучинскийи феълан 75-сола дар солҳои 1986-1989 дар Душанбе дар мақоми котиби 2-юми кумитаи марказии ҳизби коммунисти Тоҷикистон кор кардааст ва ба истилоҳ "чашму гӯш"-и Маскав дар ин мустамликаи Шӯравии собиқ маҳсуб мешуд. Баъди бозгашташ ба зодгоҳ – Ҷумҳурии Молдова дар замони шӯравӣ котиби якуми ҳизби коммунисти Молдова ва баъди истиқлоли ин кишвар дар солҳои 1997-2001 дар мақоми президенти Ҷумҳурии Молдова кор кардааст. Ҳоло раҳбарии Бунёди таҳқиқоти стратегӣ ва рушди равобити байналмилалии «Lucinschi»-ро ба ӯҳда дорад.
Лучинский рӯзи 16 декабр меҳмони қароргоҳи радиои Озодӣ дар шаҳри Прага буд ва дар як сӯҳбати ихтисосӣ дар бораи мавқеи Тоҷикистони шӯравӣ дар чашми Маскав, ҷараёни бунёди сохтмони нирӯгоҳи Роғун дар он солҳо ва ҳамчунин масоили доғи замони имрӯз дар кишварҳои пасошӯравӣ изҳори назар кард.
Радиои Озодӣ: Шумо дар Тоҷикистон дар охири солҳои 1990 дар мақоми баланди котиби дуюми ҳизб кор кардаед, ки аз ҷониби Маскав таъин мешуд. Он давра ҳам ин ҷумҳурии Осиёи Марказӣ дар чашми Кремл дар муқоиса бо ҷумҳуриҳои дигари минтақа аз мавқеи дуюмдараҷа дошт, чаро?
Петр Лучинский: Вақте мо дар бораи таваҷҷӯҳи Маскав ё марказ сӯҳбат мекунем, бояд бидонем, ки масъалаи дороиҳои ҷумҳурӣ ин ҷо нақши муҳим мебозад. Авлавиятҳои иқтисодӣ он вақт ҳам хеле муҳим буд. Ҳамсояи наздик Ӯзбакистон тақрибан худкифо буд, Қазоқистон ва Туркманистон дорои захираҳои ғании нафту газ буданд. Тоҷикистон он вақт уран дошт. Агар касе надонад, бомбаи аввали атомии шӯравӣ ҳам аз уране сохта шуд, ки дар вилояти Ленинободи онвақта истихроҷ мешуд. Ман худам то Мурғоб, коргоҳи донишманд Скобелтсин рафтаам, ки коргоҳи уран он ҷо буд. Уран тамом шуд, чӣ монд? Пахта? Он ҳам хеле кам буд. Ин ҷумҳурӣ як истеъмолкунанда аст. Ин ҷумҳурӣ, он вақт бо 5 миллион аҳолӣ ва 93 дар сади қаламрави кӯҳистониаш ба эътибор гирифта мешуд ва мисле, ки ҳоло роиҷ аст, он вақт ҳам манфиатҳои иқтисодӣ аз рӯи принсипи “талабот ва пешниҳод” кор мекард. Корхонаи алюминийро дар Тоҷикистон ҷой доданд, тамаркуз болои гидротехника карда мешуд. Ман танҳо ҳамин рӯз фаҳмидам, ки нирӯгоҳи Роғунро то ҳол насохтаанд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Радиои Озодӣ: Як саволи дигари ман ҳам ба шумо ҳам марбут ба Роғун буд
Петр Лучинский:Ман фикр мекунам, ки ин ҷо сабабҳои субъективӣ вуҷуд дорад. Муносибатҳои ҳамсояҳои наздик Тоҷикистону Ӯзбакистон чандон хуб нест.
Радиои Озодӣ: Бале, дар маҷмӯъ баъди ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон ин муносибатҳо бад шуданд/
Петр Лучинский: Бале, мо дар муҳосираи Ӯзбакистон мондаем. Замоне, ки мо кор мекардему Рафиқ Нишонов раҳбар буд, мо масъалаҳои мавҷуда, аз ҷумла масоили марбут ба тоҷикҳои Самарқандро дар музокира ҳал мекардем. Вале баъд муносибатҳо бад шуд. Роғун як тарҳи хеле калоне буд, ман мутмаинам, ки бояд ба ин тарҳ дубора баргарданд. Ин як тақозои табиӣ аст. Ин кишвар чӣ тавр метавонад бидуни энергетика рушд кунад?
Радиои Озодӣ: Шумо ёд надоред, ки чаро ин нирӯгоҳ сохтаношуда монд?
Петр Лучинский: Дар давраи кори ман ин тарҳ кор мекард. Мо ҳатто сардабири рӯзномаи “Правда” Афанасевро даъват кардем, аксу мақолаҳо ҳанӯз ҳам дар дасти ман ҳаст. Ин як тарҳи бузургтарин дар Шӯравӣ буд. Вале Шӯравӣ суқут кард, пули ин тарҳро Маскав таъин ва пардохт мекард. Бояд сармоягузор меёфтанд. Русия, ки метавонист ин корро кунад, солиёни зиёд амалан имкон надошт, ки дар берун аз кишвар сармоягузорӣ кунад. Вале ба ин тарҳ баргаштан зарур аст. Кишвари кӯҳистоние бо имкониятҳои гидротехникие, ки дорад, ва бояд обёрӣ кунад, ба Роғун эҳтиёҷманд аст.
Радиои Озодӣ: Пас чӣ бояд кард, вақте ҳамсояи наздикаш мегӯяд, на, намесозӣ?
Петр Лучинский: Ҷавоби ман хеле содда аст. Бояд як сармоягузореро пайдо кард, ки ҳам ба ҳарфи Ӯзбакистон ва ҳам Тоҷикистон гӯш кунад. Ин як ширкати ҷаҳонӣ буда метавонад.
Радиои Озодӣ: Дар Тоҷикистон қонуни “Пешвои миллат”-ро қабул мекунанд, ки мавқеи президенти амалкунандаро ҳатто баъди тарки қудрат карданаш хеле боло ва муҳим мекунад. Назари шумо ба ин қонун чист?
Петр Лучинский: Ман 26 сол дар Тоҷикистон набудам ва бисёр чизҳоро намедонам. Вале эҳтимолан, барои қабули чунин қонун ду сабаб аст. Дар баъзе кишварҳо баъди аз сари қудрат дур шудани президентон таъқиби ҷиноии онҳо шурӯъ мешавад. Дар Покистон ҳамингуна шуд. Дар баъзе давлатҳои аврупоӣ ҳам чунин буд. Ба ҷуз Амрико ва ҳатто Русия, ба фикрам, дар бисёр ҷойҳо чунин шудааст. Ман ба наздикӣ дар расми кушоиши маркази Елтсин иштирок кардам. Воқеан кори хубе кардаанд. Сабаби дигар ин аст, ки аслан сӯҳбат кардан дар бораи демократия душвор аст, бахусус вақте як стандарт ба ҳайси намуна хизмат мекунад. Тоҷикистон ҳам, ба назар мерасад, сабабҳои худро дорад. Ба наздикӣ, шунидам, ки боз як кӯшиши исёне шудааст. Медонам, ки Назарбоев ҳам тахминан чунин як қонун дорад. Шояд ҳар президент дар кишварҳои Осиёи Марказӣ мехоҳад барои худ баъди рафтанаш замонат бигирад. Медонед, вақте вазъ дар кишвар дуруст нест, ҳеҷ як қонун ё конститутсия ҳам ба додат намерасад. Воқеияти ин давра ҳамин аст. Агар ин иқдомҳо ба манфиати субот ва ҳам идомаи қудрат бошад, ин як тарафи масъала аст, ва агар дар ҷомеа вазъ чандон хуб набошад ва низову норизоиятҳо зиёд бошад, ҳеҷ як қонун ҳимоят намекунад.
Радиои Озодӣ: Дар Тоҷикистон соли 2015 ҳодисаҳои зиёд рӯй дод. Нозирон мегӯянд, баъди интихоботи парлумоние, ки ба маҷлис ҳеҷ як намояндаи мухолифинро роҳ надод, дигар умеде барои бунёди як ҷомаи демократӣ аз даст рафт. Шумо дурнамои ин кишварро бо назардошти ин таҳаввулот чӣ гуна арзёбӣ мекунед?
Петр Лучинский: Ман аз Тоҷикистон хотираҳои хеле хуб дорам. Мардумаш фавқулодда аст. Ин мардуми форсинажод анъанаҳои хеле хуб доранд. Вале ингуна қонунҳо баёнгари вазъи нохуб дар ҷомеа ҳастанд. Фикр накунам, ки ин қонун бо ташаббуси худи президент рӯи кор омадааст, ҳатман касе инро пешниҳод кардааст. Вале назари ман ин аст, ки кор бояд тавре ба роҳ монда шавад, ки баъди раҳбар кору ормонҳои ӯро идома диҳанд. Ҳеҷ кас, ҳатто худи президент намедонад, ки ҳодисаҳо чӣ ранг шакл хоҳанд гирифт. Қонун вазъи ҷомеаро бозгӯ мекунад. Агар қонун ҷавобгӯи набзи ҷомеа набошад, онро тағйир медиҳанд, такмилаш мекунанд. Бояд бомасъулият амал кард, то ки баъдан дар ҷомеа баҳонае барои табдили ин вазъ пеш наояд.