Шоир ва таронанависи маъруф Орзу Исоев ба муносибати Наврӯзи соли 2018 чанд шеъри тозаи худро тақдими ҳаводорони Радиои Озодӣ кард.
Шоири 41-солаи сокини Душанбе дар соли нав ҳам ба фаъолияти эҷодии худ идома дод ва дар баробари иншои шеъру оҳанг, корро дар шабакаи телевизионии “Сафина” идома медиҳад.
Орзу Исоев муаллифи чандин оҳанги маъруф, аз ҷумла, «Нагӯ-нагӯ»-и Нозияи Кароматулло, «Ту бигӯ ошиқами»-и Нигина Амонқулова, «Сабад-сабад»-и Муҳаммадрофеъ, «Ҷойи ту холӣ»-и Садриддини Наджмиддин, «Ошнои гумшуда»-и Юлдуз Усмонова, «Сояҳо»-и Ҳабиб Ҳакимов, «Кифоя нест»-и Меҳрнигор, «Танҳоӣ»-и Шабнами Сурайё, «Ҳамсоябача»-и Нигора Холова ва дигарҳо мебошад.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Соли 2016 дар як сӯҳбаташ бо Радиои Озодӣ Орзу Исоев гуфта буд, ки аз хурофотпарастии мардум нигарон мешавад. Ӯ, аз ҷумла, чунин гуфт:
“Ман ҳамеша, аз хурдӣ аз хурофотпарастии мардум нигарон будам. Як умр бо ҳамин чиз мубориза бурдаам, аз ҷумла бо аҳли байтам. Пеши ҳаргуна рамзҳо таслим шудан, рамзҳоро ба зиндагии воқеӣ рабт додан, имон овардан ба чизҳое, ки як чизи моддӣ ҳастанд – ин хурофот аст. Масалан, бовар кардан ба ҳарфи мулло ё фолбин ё каси дигар... Аксаран дар занҳо ин чиз мушоҳида мешавад. Ин ҷаҳолат аст, беирфонӣ аст. Вақте инсон падидаҳои физиологиву мазҳабиву моддиро таҳлил карда наметавонад, ба хурофот дода мешавад».
Орзу Исоев Хатмкардаи факултаи рӯзноманигории ДДМТ аст. Дар шӯъбаи кор бо ҷавонони ҳукумати шаҳри Қӯрғотеппа, 2000-2003 – корманди ТВ “Хатлон”, дар нашрияҳои вилоятӣ кор кардааст. Аз соли 2005 дар ТВ “Сафина”, Шабакаи аввали телевизион, радиоҳои “Имрӯз”, “Азия-Плюс”, рӯзномаи “Имрӯз-Нюс”, маҷаллаи “Бонувони Тоҷикистон” кор карда ҳоло дар муассисаи давлатии “Сафина” кор мекунад. Соли 2002 бо Маҳбуба Шарифова оиладор шуда, соҳиби се фарзанд аст.