Коргардон Шарофат Арабова қиссаи фарзандфурӯшии як зани ҷавони тоҷикро дар меҳвари сужаи филми нави худ қарор додааст. Қиссаи Парвонаи 27-сола, ки дар ҳолати моҷаробарангезе ҳомиладор шуда мехоҳад тифли батнашро бар ивази пул бифурӯшад, ба забони тоҷикӣ ва дар Тоҷикистон бардошта шуда, ба бозори ҷаҳонии синамо ба фурӯш меравад. Дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ Шарофат Арабова дар бораи филми худ нақл кард.
Радиои Озодӣ: Шарофат, қиссаи духтари кӯдакфурӯш чӣ мавзӯъ аст?
Барои филми ман тахминан 300 ҳазор доллар зарур аст. Бо ин миқдор пул одатан дар Аврупо филмҳои арзон бардошта мешавад. Барои мо ин пули калон аст
Шарофат Арабова: Ин қиссаи як филми комили бадеӣ аст. Қаҳрамони асосӣ – Парвонаи 27-солаест, ки бар асари мушкилоти иҷтимоӣ ва ҳам дар паи ҳомиладории бисёр пурмоҷаро, тасмим мегирад аз ин фарзандаш даст кашад. Дар фикри фурӯши кӯдаки таваллуднашудааш мешавад. Тарҳи филмро ба Asian project market – як бозори синамо дар Бусани Кореяи Ҷанубӣ гузоштам. Ин филми тоҷикиву ҳиндӣ аст. Ҳоло мо як продюссери иловагӣ ҷустуҷӯ дорем. Сенарияи филм ҳоло дар сатҳи таҳия қарор дорад.
Радиои Озодӣ: Чаро ба ин масъала рӯ овардед?
Шарофат Арабова: Ин мавзӯъ маро зиёд ташвиш медиҳад. Ин як моҷарои иҷтимоӣ аст. Қисса дар жанри реализми тахайюлӣ гуфта мешавад. Дар меҳвари қисса – эҳсосту андешаҳои қаҳрамони филм қарор дорад. Филм бар асоси қиссаҳои воқеии як қатор қаҳрамонҳо аз зиндагӣ гирифта шудааст.
Радиои Озодӣ: Масъалаи ахлоқӣ барои ин духтар муҳим аст?
Шарофат Арабова: Ҳатман муҳим аст. Филм бар асоси арзишҳои муҳими инсонӣ гирифта мешавад. Ин духтар бояд барои худ қарори ҷиддӣ қабул кунад, ки чӣ тавр ҷони тифли батни худро ба фурӯш гузорад. Масъала аз он ҷиҳат муҳим аст, ки ба мавзӯи қочоқи инсон бармехӯрад.
Радиои Озодӣ: Ҳадаф доред, ки бо ин филматон тамошобинро тарбия кунед?
Шарофат Арабова: Ман ба масъалаи тарбия назари худро дорам. Бешубҳа, ҳама филм ҳадаф дорад, ки тамошобинро ба андеша водор кунад, кино принсипнҳои худро дорад. Чӣ тавр як коргардони 20-сола метавонад тамошобини 50-40-соларо тарбия кунад? Вале ҳикмати филм ҳамин аст, ки ҷони инсонро фурӯхта намешавад. Бовар дорам, ки принсипҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ дар давраи эҳё ҳоло хеле муҳим шудаанд. Ин қисса бояд гуфта шавад, чунки он аз дарунмоя ва дардҳои як зани тоҷик қисса мекунад. Дар асл, сужаи филм бар асоси чанд қиссаи занҳои дигар сохта шудааст. То андозае, ин филм эҳсоси шахсии маро ҳам бозгӯ мекунад. Шояд баъди се-чор сол аҳамияти ин масъала камтар шавад, вале ҳоло гуфтанаш муҳим аст.
Радиои Озодӣ: Дар эҷодиёти худи шумо ин филм чӣ ҷойгоҳе дорад?
Шарофат Арабова: Ин филми дуюми калонҳаҷми ман мешавад. Филми аввалини ман “Дар байн” (“In between” ба забонҳои англисӣ, русӣ, форсӣ, ҳиндӣ ва непалӣ эҷод шудааст) дар Донишгоҳи синамову телевизиони Ҳинд бардошта шуд. Он соли 2013 дар ҷашнвораи синамои Қирғизистон бо номи “Қирғизистон – кишвари филмҳои кӯтоҳҳаҷм” барандаи шоҳҷоиза шуд. Филм дар бораи муҳоҷироне қисса мекунад, ки аз як аёлат ба аёлати дигари Ҳинд сафар карда, дар дохили кишвари худ ҳамоно бегона ё муҳоҷир боқӣ мемонанд. Дар филм қиссаи духтари русе гуфта шудааст, ки дар ҷустуҷӯи бахт ба як мегаполиси ҳиндӣ меравад ва он ҷо бо саргузаштҳои зиёде рӯбарӯ мешавад (https://www.viddsee.com/video/in-between/7lx47) Филми аввалини калонҳаҷми ман бо номи “Тасфия” соли 2014 аз рӯи як қиссаи Темур Зулфиқоров бардошта шуда, саргузаштҳои мардеро қисса мекунад, ки баъди куштори занаш азоби виҷдон мекашад. Қиссаи “Парвона” филми дуюми калонҳаҷми ман мешавад.
Радиои Озодӣ: Кино як кори серхарҷ аст, дар ниҳоят, ҳама коргардон орзу мекунад, ки филмаш фурӯхта шавад. Вале дар Тоҷикистон ҳанӯз бозори синамо рушд накардааст.
Шарофат Арабова: Бале, дар Тоҷикистон бозори синамо ташаккул наёфтааст. Кино, ки сохта мешавад, хароҷоти худро намепӯшонад. Бо DVD филмро фурӯхта намешавад, филмҳои хуби диданӣ аз ду то се ҳафта, на бештар аз ин дар толорҳои синамо ба намоиш медароянд. Ҳама гуна продюсер дар фикри даромад мешавад, чунки ин тиҷорат аст. Умеди ман ин аст, ки баъди сохтани филм бо сифати хуб, он аз роҳи бозори ҷаҳонӣ ба фурӯш медарояд.
Радиои Озодӣ: Зимнан, буҷаи филми “Парвона”-и шумо чанд мешавад?
Шарофат Арабова: Тахминан 300 ҳазор доллар. Бо ин миқдор пул одатан дар Аврупо филмҳои арзон бардошта мешавад. Барои мо ин пули калон аст ва шояд, ки мо тавонем ин пулро қисм-қисм ҷамъоварӣ кунем.