Давлаталӣ Давлатзода, яке аз бунёдгузорони Ҳизби ҳокими халқӣ- демократӣ ва собиқ муовини раиси ин ҳизб, китоби нави худ бо номи “Мусалмонон. Таърихи воқеии инкишоф ва таназзул”-ро нашр кард.
Барои таълифи ин китоб, ки аз таърихи ислом ва дастоварду кашфиёти мусалмонон қисса мекунад, муаллиф беш аз 3 сол таҳқиқ кардааст. Ин таҳқиқот дар бораи таърихи пайдоишу ташаккули ҷомеаи мусалмонон ва саҳми онҳо дар пешрафти тамаддуни ҷаҳонӣ баҳс мекунад. Дар китоб гуфта шудааст, ки мусалмонон дар дастоварду кашфиётҳои зиёди ҷаҳони имрӯз саҳм гузоштаанд.
Давлаталӣ Давлатзода ба чанд саволи Радиои Озодӣ посух дод.
Радиои Озодӣ: “Мусулмонон: таърихи воқеии инкишоф ва таназзул” - паёми аслии ин китоб чӣ аст?
Давлаталӣ Давлатзода
71 сол дорад. Зодаи деҳаи Ҷуибодоми ноҳияи Рӯдакӣ, хатмкардаи Донишкадаи шарқшиносии Академияи илмҳои СССР, муттахассиси соҳаи таърихи муносибатҳои байналмиллалӣ ва кишварҳои шарқ аст. Солҳои 1968-1973 ба ҳайси тарҷумони ҳарбӣ дар Сурия ва Миср фаъолият кардааст. Барандаи ордени олии ҳарбии президенти Миср дар соли 1972 мебошад.
Солҳои 1991-1995 - муовини мудири шӯъбаи робитаи байналхалқии дастгоҳи иҷроия ва мушовири президенти Тоҷикистон буд. Соли 1994 ҷонишини аввали раиси ҳизби халқии демократӣ интихоб шуд. Соли 2001 раиси кумита оид ба корҳои байналмиллалии Маҷлиси намояндагон ва то соли 2010 - ҷонишини аввали раиси ҲХДТ буд. Ду соли ахир, ҷонишини раиси Шӯрои собиқадорони ҳизб аст ва бештар ба корҳои илмӣ ва пажӯҳиш машғул аст.
Давлаталӣ Давлатзода: Мусулмонон дар давоми беш аз 500 сол -- аз асри VIII то асри XIII дар зинаи баландтарини пешрафт қарор доштнд. Аз рӯйи маълумотҳо, сатҳи тараққиёти халқи мусалмон, нисбат ба мардуми Аврупо садсолаҳо пешрафтатар буд. Яъне, имрӯз вақте баъзан олимони Ғарб мегӯяд, дини ислом барои пешрафти мусалмонон монеа шудааст, иштибоҳ мекунанд. Маҳз бо такя ба дастоварду бозёфтҳои ҷаҳони ислом, баъд аз 500 сол дар Аврупо давраи тараққиёти илму фан шурӯъ шуд. Ҳама чизе, ки мо имрӯз мебинем ва барои пешрафти инсоният хидмат мекунанд, асоси он аз ҷониби олимони мусалмон ва хусусан тоҷикон гузошта шудааст. Аввалин донишгоҳҳо ва академияи илмҳо дар ҷаҳони инсонӣ маҳз дар шаҳрҳои бузурги мусалмонон пайдо шуда буданд. Ҳукуматдорони он давра аз халифа то султону маликҳое, ки дар ҷаҳони ислом буданд, як фазои озоди илмиву эҷодиро ташкил карда буданд.
Радиои Озодӣ: Чӣ зарурат аст, ки Шумо як намояндаи Ҳизби ҳоким ба мавзӯи дин ё ислом рӯ биёред?
Давлаталӣ Давлатзода: Аслан ман аз рӯйи ихтисосам шарқшинос ва арабшинос ҳастам. Кайҳо боз мехостам дар бораи таърихи халқҳои мусалмон ва халқи тоҷик чизе рӯйи коғаз биёрам. Баъдан ин як тавсияи устодам Бобоҷон Ғафуров ҳам буд. Аз сӯйи дигар, ин китоб посухест ба олимоне, ки фикр мекунанд, маҳз ислом монеа барои пешрафти инсоният аст ва ислом намегузорад, ки мусалмонон пешрафта бошанд. Тасаввур кунед, аз асри 8 то асри 13, яъне то ҳуҷуми муғулон дар ҳар гӯшае, ки мусалмонон буданд, ҳам Мовароунҳру Хуросон ва ҳам ҷаҳони араб танҳо пешрафту тараққиёт буд. Дин баръакс барои пешрафти инсоният фазое хубе барпо карда буд.
Радиои Озодӣ: Пас аз нигоҳи шумо, чӣ сабаб шудааст, ки тавре худатон мегӯед, бархе исломро монеа барои пешрафт медонанд?
Давлаталӣ Давлатзода: Вақте муғулҳо ҳамаро ба итоати худ дароварданд, шаҳрҳоро вайрон карданд, китобу китобхонаҳоро сӯзонданд, донишмандонро аз байн бурданд. Ҷойи онҳоро қабилаҳои муғул пур мекарданд. Вақте, ки саркардаҳо, зиёиёнро аз байн бурданд, мадрасаву академияҳоро аз байн бурданд, ҳеҷ чиз намонд ва ба гардани халқи боқимонда ақидаҳои худро бор карданд. Дар давоми ин 100-солаҳо, урфу одату расму русуми муғулӣ дар ҷаҳони ислом паҳн гашт. Бинед, ки то имрӯз ин чизҳо ҳаст. Дар Тоҷикистон қонун дар бораи танзими расму оинҳо қонун қабул шуд. Ин ҳам яке аз иқдомҳо барои раҳо кардани мардум аз ҳамон расму русуми аз муғул меросмонда аст.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Радиои Озодӣ: Шумо 8 сол шахси дуввуми ҳизб будед. Ба сиёсати имрӯзаи давлат нисбати дин чӣ назар доред?
Давлаталӣ Давлатзода: Ман фикр мекунам, сиёсате, ки имрӯз давлати Тоҷикистон бурда истодааст, барои халқи мусалмони мо мутобиқ аст. Барои он, ки ҳамин меросу урфу одатҳое, ки аз муғулҳо ба мо мондаанд, барои пешрафти халқи мусалмон монеаи ҷиддӣ шудаанд. Имрӯз ҳимояи дин ва арзишҳои динӣ дар назди роҳбари давлат ва Ҳизби халқӣ- демократӣ дар мақоми аввалиндараҷа меистад.
Радиои Озодӣ: Созмонҳои байналмилалӣ мегӯянд, дар Тоҷикистон озодиҳои мазҳабӣ ва ҳақи шаҳрвандон ба дин то рафт маҳдуд мешавад. Онҳо мегӯянд, тадбирҳои мисли манъи пӯшидани либосҳои мазҳабӣ, манъи рафтани то 18-солаҳо ба масҷид, манъи гузоштани риш барои мардон, нақзи ҳуқуқи инсон аст. Шояд сиёсати давлат дар ин замина бояд нармтар ва бо назардоштани манфиатҳои мардуми мусалмони кишвар таҳрир шавад?
Давлаталӣ Давлатзода: Мо бояд арзишҳои диниро аз арзиши миллии халқҳо фарқ кунем. Вақте мо арзиши миллии як халқро мехоҳем ба гардани халқи дигар бор кунем, ин албатта нодуруст аст. Ман солҳои зиёд дар Сурия ва Миср кору зиндагӣ кардаам. Аҳолии деҳот, сару либоси дигар мепӯшиданд, мисли сатр. Дар шаҳр бошад ҳамон арабҳо либоси аврупоӣ мепӯшиданд. Имрӯз ҳамон либоси деҳотии онҳо ба сифати либоси расмии исломӣ тарғиб мешавад. Ҳол он, ки вай ба ислом ҳеҷ рабте надорад. Дар тасвирҳои китоб ҳам ҳаст, ки занҳо вобаста ба минтақа либоси махсуси худро доштанд. Мехоҳам таъкид кунам, ки муносибати давлат ба риш ё сару либос ин муносибат ба дин нест. Дар ҳадисҳои ҳазрати пайғамбар, дар бораи риш чизҳои тамоман дигар гуфта шудааст. Мусалмонӣ дар зоҳир не, дар ботини инсон аст. Намуди зоҳирии инсон аслан ба дин муносибат надорад. Имрӯз дар кишварҳои араб ҳам монегузорӣ нест, касе чизе мехоҳад мепӯшад.
Радиои Озодӣ: Баъзеҳо бар ин назаранд, ки ҳар қадар, ки фишор зиёд шуд, ҷомеа мазҳабитар мешавад. Шумо чӣ мегӯед?
Давлаталӣ Давлатзода: Ман фикр мекунам, ҳоло касеро ба коре маҷбур карда намешавад. Ин кор оқибати хуб ҳам надорад. Ба фикри ман, фишору маҳдудият нест. Агар қонуни танзимро дар назар доред, ба фикри ман ин ба манфиати ҷамъият аст. Ҳатто баъзе кишварҳои исломӣ ҳам имрӯз таҷрибаи Тоҷикистонро омӯхта истодаанд. Давлат имрӯз бештар ба халқи босаводу муттахассис ниёз дорад.
Радиои Озодӣ: Ҳоло Ҳизби халқии демократӣ як ҳизби яккатоз дар фазои сиёсии Тоҷикистон шудааст. Бархе мунтақидон мегӯянд, баъди аз саҳна берун кардани Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон гуногунандешӣ аз байн рафт, маҳдудияти сиёсӣ ба миён омад. Назари шумо чист?
Давлаталӣ Давлатзода: Ба назари ман гуногунандешӣ ҳанӯз ҳам ҳаст. Вале гуногунандешӣ аз тахрибкорӣ, аз фишороварӣ ба давлат фарқи калон дорад. Мо худамон кӯшиш мекардем, ки фазои гуногунандешӣ вуҷуд дошта бошад. Ҳам аз ҷониби Ҳизби наҳзати исломӣ ва ҳам аз ҷониби ҳизбҳои дигар. Ҳатто Ҳизби коммунистӣ ҳам ақидаҳои фарқкунанда дошт. Имрӯз ҳам мо мехоҳем, ки ҳамин гуна бошад, вале на бо роҳе, ки онҳо интихоб кардаанд -- ҷангу муборизаи муссалаҳона бо давлат. Дар кадом давлате, ки набошад, вақте ба муборизаи мусалаҳона мехезед, давлат аз тамоми қувваи худ истифода мекунад, то суботи ҷомеаро нигоҳ дорад. Ин вазифи давлат аст.