Баҳманёр "Айсберг"-ро бо дастони худ нобуд кардааст (ВИДЕО)

Баҳманёр мегӯяд, ки "Айсберг"-ро бо ҳамин "машинка"-и сохти Шӯравӣ чоп карда буд

Баҳманёр, нависандаи тавонои тоҷик ва муовини сардабири маҷаллаи "Садои Шарқ", дар сари қаҳр романи "Ғӯтях" ("Айсберг")-ашро, ки ҳанӯз дар шакли китоб чоп нашуда буд, ба партовгоҳ андохта, то ҳоло натавонистааст дубора барқарор кунад. Вай 29 июн дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, "Айсберг" аз 237 саҳифа иборат буд ва дар даҳ соли охир навишта шудааст.

Баҳманёр мегӯяд, ҳангоми таҳрири шакли ниҳоии "Айсберг" дарк намуд, ки романи ҷадид ба поя ва андозаи асари пешинааш "Шоҳаншоҳ" ҷолиб нест ва асабонӣ шуда, онро ба партовгоҳ андохтааст. Ҳоло нависанда рафтори худро бештар ба падаре монанд мекунад, ки фарзанди худро бо дастони худаш нобуд кардааст ва пушаймониашро – ба нӯшдоруи баъд аз марг.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Баҳманёр "Айсберг"-ро бо дастони худ нобуд кардааст

"Вақте аз аспи қаҳр фаромадам, романи "Ғӯтях" ба ёд расид. Ба тарафи партовгоҳ шитофтам, вале ба ҷуз аз чанд варақи дарида ва олуда чизи дигареро наёфтам. Аз баҳраш гузаштам ва вақте ба хона омадам, баъд фаҳмидам, ки кори хато кардам. Ҳиссе, ки шояд романро барқарор кардан мумкин аст ё не, дар мағзам чархиду боз аҳволам бадтар шуд," - мегӯяд Баҳманёр.

Муовини сардабири маҷаллаи "Садои Шарқ" ба суоли инки оё ягон нусхаи роман ҳифз нашуда буд ва магар сиёҳнависашро надошт? - гуфт, ӯ романҳояшро асосан дар мошинкаи чопии сохти Шӯравӣ як нусха чоп карда ва баъдан бо қалам таҳрир мекард. "Барои ҳамин, ҳоло ягон нусхаашро надорам. Танҳо бахшҳое аз он дар хотирам мондаасту бас," - гуфт ӯ.

Баҳманёр дар иртибот ба сужаи романи нобудшудаи худ гуфт, дар ин асар кӯшиш карда буд, баъзе аз масъалаҳои иҷтимоии мардуми тоҷикро аз чашми бегонаҳо нишон диҳад.

Лаҳзае аз суҳбати Мирзонабии Холиқзод бо Баҳманёр

Барои мисол гуфт, "як марде аз соҳили Балтик бо номи Янис ба Самарқанд меояд ва аз онҷо ба Панҷакент мегузарад. Сипас ба деҳаи хаёлии “Сармаддеҳ” меояд. Янис паҳлӯҳои ахлоқии мардуми моро дар хотироташ сабт мекунад, ки тоҷикҳо бо он зиндагӣ мекунанд, вале ҷолиб буданро мушоҳида намекунанд. Масалан, ҷанҷоли занони тоҷик, ки вақте хархаша мекунанд, ҳатто сурини худро ба якдигар нишон дода дашному ҳақорат мекунанд, вале баъди чанд лаҳза гирди дастархон нишаста боз сӯҳбат мекунанд."

Баҳманёр мегӯяд, дар гузашта низ ҳодисаҳое будааст, ки нависандагону шоирон шояд ба ҳолатҳои руҳӣ гирифтор шуда, асарҳои худро оташ задаанд ё нобуд кардаанд. Ба гуфтаи ӯ, аз ҷумла нависандаи машҳури рус Гогол ҷилди дувуми “Ҷонҳои мурдаро” оташ зада, вале баъд пушаймон шудааст. Ё Франс Кафка қабл аз маргаш дар васият ба дӯсташ Макс Брод гуфтааст, тамоми осори ӯро оташ занад, вале Брод ҳифз намуда ва баъди маргаш асарҳои чопнашудаашро нашр кардааст.

Баҳманёр мегӯяд, "Айсберг" ҳосили заҳматҳои даҳсолааш буд ва бо ҳамин дигар асари бузург наменависад. "Шояд дар оянда баъзе аз пораҳои "Ғӯтях"-ро, ки ба шакли пароканда дар ёд мондаанд, дар ҷомаи ҳикоя ё сарво ба чоп расонем," – мегӯяд ӯ.

Баҳманёр

Баҳманёр Аминии 62-сола дар Панҷакент дида ба ҷаҳон кушода, фориғуттаҳсили шӯъбаи арабии забонҳои шарқи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст. Дар идораи киносозии тоҷик, рӯзномаи “Маданияти Тоҷикистон” ва “Адабиёт ва санъат” кор кардааст. Ҳоло дар маҷаллаи “Садои Шарқ” фаъолият дорад.

“Ишқи сайёд” ,“Аспи обӣ”, “Зарринаи Зарнигор” маҷмӯи ҳикояҳо ва қиссаҳои нависанда буда, “Сармаддеҳ” ва “Шоҳаншоҳ” романҳои Баҳманёр мебошанд. Вале романи севумаш “Ғӯтях” ё “Айсберг” бо дасти худи нависанда нобуд шудааст.