Браҳма Челлонӣ - профессори Маркази мутолеоти сиёсӣ дар Деҳлӣ аз имкони моҷаро бар сари манобеи энержӣ ё об дар Осиёи Марказӣ изҳори нигаронӣ кардааст.
Вай дар китоби худ бо номи “Об: Масъалаи навбатии моҷарои Осиё” навиштааст, ки дар Осиё об ба ҳар сари аҳолӣ нисбат ба қораҳои дигар камтар аст. Ин моҷаро дар кадом қисматҳо бештар имконпазир аст? Профессор Браҳма Челлонӣ дар посух ба ин суоли радиои Озодӣ чунин гуфт:
Челлонӣ: Ман мушоҳида мекунам, ки об дар Осиёи Марказӣ беш аз пеш ба масъалаи тафриқаандоз дар қисмати бузурги Осиё, аз ҷумла дар Ховари Миёна, Осиёи Марказӣ ва Қафқоз табдил меёбад. Ман мебинам, ки он як муҳаррики муноқиша мешавад.
Озодӣ: Дар робита бо ин масъала дар оянда вазъро дар Осиёи Марказӣ чӣ гуна тавсиф мекунед?
Челлонӣ: Дар Осиёи Марказӣ об яке аз масъалаҳои асоситарини ҷудоиандоз хоҳад буд. Як ҷо марзҳои тақсимношудаи об ҳатто ба як бушкаи тарканда шабоҳат дорад. Шумо мебинед, ки дар баъзе аз қисматҳои Осиёи Марказӣ то ҳол марзҳо аломатгузорӣ нашудаанд. Барои ҳамин истифодаи якҷояи об ё тақсими он ва оби рӯдхонаҳои фаромарзӣ мушкил пеш меорад. Ин доғ мешавад ва ба баҳсҳову муборизаҳои байнидавлатҳо барои об табдил меёбад.
Об ба таври рӯшан дар миёни ҳамаи масъалаҳо яке аз масъалаҳои хатарзои Осиёи Марказист, ки метавонад вазъро ноором кунад. Кишварҳои хурди болооб Қирғизистону Тоҷикистон таъминкунандагони оби кишварҳои поёноб Узбакистону Туркманистон ва Қазоқистон мебошанд.
Озодӣ: Шумо дар китоби худ навиштаед, ки Покистон кишвари ба об ниёзманд аст ва Ҳиндустон 80 дарсади оби Покистонро таъмин мекунад. Чунин ҳол ба таъмини об дар худи Ҳиндустон таъсири манфӣ мерасонад. Шумо метавонед дар ин робита вазъи Покистонро шарҳ диҳед?
Челлонӣ: Афзоиши содироти маводи хурокӣ ба хориҷ вазъи таъмини оби Покистонро шадидтар кардааст. Покистон кишвари камоб аст ва маводе тавлид мекунад, ки обталаб аст. Парвариши биринҷу пахта намунаи он мебошад. Ин ду навъи зироат дар кишоварзӣ хеле ба об ниёз доранд. Покистон кишвари севвуми содиркунандаи биринҷ дар ҷаҳон ба шумор меравад ва чаҳорумин кишвари тавлидкунандаи пахта дар ҷаҳон мебошад. Ин нишон медиҳад, ки Покистони мувоҷеҳ ба камбуди об дар иқтисоди худ бознигарӣ кунад ва зироатҳои обталабро ба навъи дигар табдил кунад.
Озодӣ: Шумо чӣ фикр мекунед, обанбори роғун ба вазъи иқтисодӣ ва муносибати миёни кишварҳои ҳамсоя чӣ таъсир дошта метавонад?
Челлонӣ: Обанбори Роғун тарҳи давраи Шӯравист, ки сохтмони он ҳоло дар натиҷаи таҳдидҳои Узбакистон ба кишвари болооби Тоҷикистон тӯл мекашад. Дар он ҷо дар рӯдхонаи Вахш низ сохтмони обанбори ниругоҳи Сангтӯда низ матраҳ аст, ки аз давраҳои Шӯравӣ боқӣ мондааст. Тоҷикистон мехоҳад ин тарҳҳоро такмил кунад, вале Узбакистон ба таври хусусӣ таҳдиди низомӣ кардааст, ҳатто ба таври ошкоро. Бо назардошти ин ки Узбакистон кишвари поёноб аст ва дар минтақа бартарии сиёсиву низомӣ дорад, ман фикр мекунам, ки Тоҷикистону Қирғизистон худро дар минтақа кишварҳои осебпазир эҳсос мекунанд. Онҳо наметавонанд ин сохтмонҳоро ба сомон расонанд, зеро кишвари поёноб намехоҳад ба ин кор иҷоза диҳад ва онҳо ҳарос доранд, ки бо нируи худ ин тарҳҳоро иҷро кунанд. Барои ҳамин ман фикр намекунам, ки обанбори Роғун бо назардошти вазъи воқеии минтақа замоне дар рӯдхонаи Вахш сохта шавад. Вале агар обанбор сохта шавад ё ҳар ду обанбор сохта шавад, зоҳиран ба маҷрои об ба Узбакистон халал мебинад. Албатта ҳар обанбори бузург таъсири зистмуҳитӣ низ дорад. Ин обанборҳои бузург дар давраи Шӯравӣ пешниҳод шуда буданд.
Мусоҳибаи Кортни Брукс, радиои Озодӣ