"Ҳисоби давлат дар кисаи ман аст", гуфтааст масъули андоз. ВИДЕО

"Ӯ ду ангушташро рост пеши почаҳои биниам оварда, ба нармӣ фаҳмонд:

– Андозситон ҳам чун ҳама мардуми дигар ду киса дорад – яке аз худаш, дигаре аз давлат. Пулро ё дар ин киса меандозад ё дар он киса. Дар мавриди Шумо онро дар кисаи давлат андохтан шоиста нест.

– Чаро? – гӯлпурсӣ кардам ман.

– Барои он ки, додар, ҳазор сомонӣ дар кисаи давлат бошад чиву набошад чӣ? Вале дар кисаи як нафар рӯзадор пули баде нест.

– Ин чӣ хел мешавад, қонун чӣ?!

– Нағз мешавад. Чунон санаде нависам, ки се соли дигар пойи ягон муфаттиш ба идораатон нарасад"...

Ато Мирхоҷа

Ато Мирхоҷа соли 1963 дар қишлоқи Вужи ҷамоати Вери ноҳияи Шуғнон дар оилаи фелдшер ба дунё омадааст. Соли 1980 ба гурӯҳи журналистикаи факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дохил шуда, онро соли 1985 бо тахассуси «Забон ва адабиёти тоҷик» хатм намудааст. Фаъолияти коришаро дар ҷодаи рӯзноманигорӣ ҳанӯз дар айёми донишҷӯӣ ба ҳайси хабарнигори махсуси дастаҳои донишҷӯёни бинокор дар рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» шуруъ кардааст. Охири соли 1986 Кумитаи Марказии созмони ҷавонон бо дархости кумитаи бадахшонии созмони ҷавонон ӯро ба кор ба ин ташкилот фиристод. Соли 1990 ба сабаби пароканда шудани ин созмон Ато Мирхоҷа ба сифати муҳаррири барномаҳои фарҳангӣ дар Кумитаи радио ва телевизони ВМКБ ба кор даромад. Соли 1994 дар ҳафтаномаи «Фарҳанги Бадахшон» ба ҳайси масъули чоп фаъолият варзид ва пас аз як сол барои зиндагии доимӣ ба Душанбе омада, аввал дар барномаҳои бурунмарзии Радиои Тоҷикистон, баъдан АМИТ «Ховар» ба ҳайси муҳаррири варзида, сипас муддате котиби масъули ҳафтавори «Адабиёт ва санъат» кор кард.

Бааъди кор дар нашрияи «Роҳи умед», солҳои 2003-2008 ҳамзамон мушовири Шӯрои назми Иттифоқи нависандагон буд. 1 июли соли 2011 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини аввали сармуҳаррири рӯзномаи «Ҷумҳурият» – нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид. Ато Мирхоҷа моҳи июни соли 2015 муовини аввали раиси Иттифоқи нависандагон интихоб шуд.

Оиладор. Соҳиби се писар мебошад.

Ин як пора аз китоби "Андозчини рӯзадор"-и Ато Мирхоҷа аст, ки бори аввал соли 2002 дар як нашрия чоп шуда, соли 2017 ба маҷмӯаи повесту ҳикояҳои ҳамноми он ворид ва нашр шуд. Ин маҷмӯа беҳтарин китоби насрии соли 2017 дар Тоҷикистон эълон шудааст. Маҷмӯаи повесту ҳикояҳои "Андозчини рӯзадор" рӯзи 9-уми январ аз ҷониби Вазорати фарҳанги Тоҷикистон беҳтарин китоби сол эълон шуд.

Хабарнигори Радиои Озодӣ ба суроғи Ато Мирхоҷа, муаллифи асар рафт ва нахуст аз ӯ пурсид, ки ҳадаф аз “Андозчини рӯзадор” ном гузоштани китобаш дар чист?

Ато Мирхоҷа: “Андозчини рӯзадор” як ҳикояи ҳаҷвии асар аст ва онро ба хотири харидор пайдо кардан ҳамчун унвони китоб интихоб кардам.

"Андозчин" қиссаи ҳаётист

Радиои Озодӣ: Мехоҳам нахуст дар бораи ҳикояи “Андозчинии рӯзадор” каме суҳбат кунем. Унвони ҳикоя хеле аҷиб аст ва мехостам пурсам, ки он воқеӣ аст ё тахайюлӣ?

Ато Мирхоҷа: Тамоми ҳикояҳое, ки дар китоб омадаанд, дар зиндагии ман рух додааст ва дурӯғ нестанд. Шояд баъзе тахайюлот ҷой дода шудаанд, вале аслан воқеаҳои ҳаётӣ ҳастанд, аз ҷумла ҳикояи “Андозчини рӯзадор”. Мазмуни ҳикоя ин аст, ки як замоне ман дар ҳафтавори “Роҳи оҳани Тоҷикистон” сармуҳаррир будам. Давраҳое буд, ки нав андозгириву институти андоз шуруъ шуда буд. Рӯзе як марди фарбеҳ назди ман омада гуфт, аз Кумитаи андоз аст. Дар назарам даҳшатнок намуд. Ба ӯ гуфтам, ки марҳамат, тафтиш кунед. Баъдан таклиф кардам, ки чой нӯшед ё ягон ширинӣ гиред, гуфт, ки "не, ман рӯзадор ҳастам". Моҳи Рамазон гузашта буд ва аз худ суол кардам, ки ин чи хел рӯза бошад? Ӯ гуфт, ки "ман рӯзаи моҳи Раҷаб гирифтаам". Ҳайрон шудам ва фикр кардам, ки ин бисёр одами пок ва порсо аст ва дар байни аҳли савдо будани ин хел одам зери шубҳа буд. Дар ҳар сурат ин марди тафтишгар гуфт, ки ман тафтиш намекунам, барои ман чанд сум пул бидеҳ. Посухаш додам, ки пул надорам. Хеле маҷбурам кард ва гуфт, ки "аз пули давлат бидеҳ". Гуфт, ки "нозири андоз ду киса дорад. Якеаш кисаи худаш, дигараш кисаи давлат. Пуле ки ту ба давлат мегузаронӣ, он қадар буҷаи давлатро пур намекунад, вале ҳамон сад сӯме, ки ба ман медиҳӣ, дар кисаи ман пули калон аст. Барои ҳамин пулро ба ман бидеҳ". Шубҳаи ман дар охир дуруст баромад, ки ин шахс одами пок набудааст.

Суҳбати видеоӣ дар инҷост:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Ато Мирхоҷа: Фасод аз мушкили асосии Тоҷикистон аст

Радиои Озодӣ: Дар ниҳоят ин масъули андоз “ҳаққаш”-ро аз Шумо гирифта тавонист?

Ато Мирхоҷа: Ман ба ӯ чизе пешниҳод карда натавонистам. Аммо ин чиз дар хотири ман нақши бисёр муассир гузошт: аз як рӯзномае, ки чизе надорад, ин гуна таваққуъ дошта бошад, агар ба худи идораи “Роҳи оҳан”, ки бо миллионҳо сарукор дорад, равад, чӣ қадар пул барои худаш кор мекунад?

Соҳибкоронро ба танг овардаанд

Радиои Озодӣ: Дар ҳоле ки андозу андозситонӣ аз мушкилҳои аслии соҳибкорон гуфта мешавад, Шумо бо навиштани ин асар ба ҷомеа чӣ паёме мехоҳед бидиҳед?

Ато Мирхоҷа: Паёми ман ин аст, ки кормандони ниҳодҳои тафтишкунанда бо дасту дили пок бояд кор кунанд. Таҷрибаи ҳаётӣ нишон медиҳад, ки аз байни онҳо бисёр боздоштҳо мешаванд ва ҳатто баъзеашонро бо миллионҳо доллар дастгир мекунанд. Ҳатто муҳтарам президент дар самти тафтиши соҳибкорон моратория эълон карданд, чун инҳо соҳибкоронро мефишоранд, ба танг меоранд ва шикояти соҳибкорон ҳатто то худи президент мерасад.

Радиои Озодӣ: Ҳикояи шумо 16 сол пеш навишта ва ҳоло тоза ба шакли китоб чоп шуд. Барои “Андозчини рӯзадор” оё аз ҷониби мақомоти андоз ягон вокуниш гирифтед?

Ато Мирхоҷа: Соли 2002, замоне ки ин ҳикоя бори нахуст дар ҳафтаноми “Нақлиёт” чоп шуд, вокунишҳои хеле хуб шуда буд. Бисёриҳои телефон карда ташаккур гуфтанд, ки мо дар ин аҳвол гирифтор ҳастем. Баъдан соли 2014 инро такроран дар рӯзномаи “Ҷумҳурият” чоп кардам. Муттаассифона, ба ҷуз аз ҳамкорон, ки бисёр ҳикоя писандашон омада буд, ягон вокуниши ҷиддие дигар нашуда буд.

Радиои Озодӣ: Ба назаратон ҳоло вазъ дар самти андозу андозчинӣ аз соле, ки “андозчини рӯзадор” наздатон омад, тағйир кардааст?

Ато Мирхоҷа: Каме тағйирот ба назар мерасад. Чун аз рӯи боздоштҳое, ки соли гузашта аз ҷониби ниҳодҳои қудратӣ дар ҳамин соҳаҳо сурат гирифт, фикр мекунам, ҳанӯз ҳам ришваситонӣ яке аз масъалаҳои мубрами Тоҷикистон мебошад. Адибони мо вазифадоранд, ки бар зидди ин падидаҳои номатлуб зиёдтар мубориза баранд.

Радиои Озодӣ: Ба нуктаи муҳим ишора кардед. Суоли дигарам ин аст, ки муборизаи адибони мо бо ришваситонӣ дар ҷомеа то куҷо назаррас аст?

Ато Мирхоҷа: Адибони мо дар асарҳои худ бисёр ба ришваситонӣ мубориза мебаранд. Ҳатто дар детективҳое, ки пешиҳод мешаванд. Масалан Зариф Ғулом, Сироҷиддин Қосимов ва дигар рӯзноманигорони мо дар ин масъала чизҳои хуб навиштаанд. Аз ҷумла шоири халқии мо Мирзо Файзалӣ қариб як китобро бо номи “Шов-шови мардум” ба ин масъала бахшида буданд.

Кормандони сохторҳои тафтишотӣ бояд одами пок бошанд

Радиои Озодӣ: Дар ҳикояи “Андозчини рӯзадор” Шумо чанд мушкилро матраҳ кардед, сар карда аз тафтишҳои зиёд ва ҳам тамаъҷуйии кормандони бахши андоз. Аммо суолам ҳоло ин аст, ки ба назаратон дар ин самт роҳи ҳал чӣ буда метавонад?

Ато Мирхоҷа: Ин чиз ба тарбияи худи мардум ва ҳам одамоне вобаста аст, ки дар ниҳодҳои тафтишотӣ кор мекунанд. Кормандони ин ниҳодҳо бояд аз байни одамони пок интихоб карда шаванд. Ин бисёр муҳим аст барои ҷомеаи мо. Дар давраҳои бесарусомонӣ албатта ҷой дошт як маврид, ки масалан маошашон кам буд ва ё ягон камбуди зиндагӣ дигар буд. Вале имрӯз ба ин ришваситонӣ ва ба ингуна муносибат ба нафароне, ки барои ҷамъият соҳибкорӣ мекунанд ва нони худашонро аз ҳисоби худ меёбанд ё оилаи худашонро таъмин мекунанд, ин намезебад. Тамоман намезебад ба давре, ки мо истиқлолияти давлатӣ дорем, аллакай шаҳрҳои мо дигаргун шуданд, мардуми мо либосашон дигаргун шудааст. Масалан, як даҳ сол пеш гирем, ман як костюми хуб надоштам, вале имрӯз ман чанд навъ костюм дорам. Кӯдакон, масалан дар мактабҳои хубу замонавӣ мехонанд. Аз ниҳодҳои давлатӣ хоҳиш карда мешавад, ки дар ин ниҳодҳо одамони озмуда пазируфта шаванд, мумкин ду-се сол атрофашонро бинанд, ки инҳо кӣ ҳастанд баъд хушрӯ интихоб кунанд.

Радиои Озодӣ: Суҳбати мо то инҷо асосан атрофи ҳикояи “Андозчини рӯзадор” буд, вале ҳоло мехоҳам дар бораи асари ҳамноми он пурратар шарҳ медодед. Ин китоб боз кадом масъалаҳоро дарбар мегирад ва замони рух додани ҳодисаҳо кай аст?

Ато Мирхоҷа: Воқеаҳои ин китоб ба давраҳои охири мавҷудияти Иттиҳоди Шӯравӣ ва солҳои нахустини истиқлолияти Тоҷикистон рост меояд. Дар ин китоб боз шаш ҳикояи дигар аст, масалан ҳикояҳои “Мусофири зӯракӣ”, “Ҳаво барои котиб”, “Қавми қаноатпеша”, “Меваи танқид” ва ғайра. Аз ҷумла, дар ҳикояи “Мусофири зӯракӣ” сухан аз он меравад, ки як нафар тоҷикро аз фурудгоҳи “Домодедово” бо зӯр ба ҳавопаймо савор карда, дар яке аз аввалин рейсҳо ба пойтахти Тоҷикистон меоранд. Ҳол онки ин мард авбош буда, аз Тоҷикистон гурехта ба Русия рафтааст. Дар як ҳавопаймои калон худи ӯро танҳо ба Душанбе меоранд ва дар инҷо ӯро ботантана пешвоз мегиранд. Инчунин дар ҳикояи “Ҳаво барои котиб” як саргузашти аҷиби ба сарам омада тасвир шудааст, ки дар солҳои Шӯравӣ рух дода буд. Як котиби аввали Кумитаи ҳизбии вилояти Бадахшон вақте ки шабона навбатдор будам, ба ман супориш дод, ки то саҳар ҳисобот дар бораи боду ҳаворо омода кунам. Ман инро надониста то саҳар кофта-кофта оқибат онро наёфтам. Ба котиб як чиз пешниҳод кардам, ки онро ба сарам зад. Ё дар ҳикояи “Меваи танқид” ман дар бораи он навиштам, ки вақте як мансабдорро ҳар маротибае, ки танқид мекардам, ба ӯ вазифаи баландтар медоданд. Дар охир ҳатто вазир шуд. Бояд бигӯям, ки асари “Андозчини рӯзадор” дар нашриёти “Истиқбол” бо тиражи 1000 нусха чоп шуда, қариб 300 саҳифа дорад.