Интернет дар Тоҷикистон як соат "гум шуд" ва касе шарҳ намедиҳад чаро. ВИДЕО

Акс аз бойгонӣ

Рӯзи 16-уми сентябр ба муддати 1 соат Интернет дар саросари Тоҷикистон дастнорас шуд. Масъулони Хадамоти алоқа расман шарҳ надоданд, ки дар ин вақт дар Тоҷикистон чӣ иттифоқ уфтод. Ширкатҳои мухобиротӣ низ барои пеш омадани чунин вазъ аз касе узр напурсиданд ва далелашро ҳам нагуфтанд. Коршиносон тахминҳои худро баён мекунанд.

ЧӢ ШУД?

Як намояндаи Хадамоти алоқа бе зикри номаш рӯзи 17-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, сабаби як соат "гум шудан"-и Интернет дар Тоҷикистон "техникист". Ба қавли ӯ, "соати 19:40 ба вақти Душанбе воридшавии Интернет ба Тоҷикистон дар канали асосӣ қатъ шуд. Давоми ним соат ба канали захиравӣ гузаштем. Мутахассисон сабаби рух додани ин ҳолатро муайян карда истодаанд."

Тасдиқи дурустии ин гуфтаҳо аз манобеи мустақил феълан ғайриимкон аст.

Намояндагони ширкатҳои мобилӣ аз шарҳи мавзуъ худдорӣ мекунанд ва мегӯянд, қатъи ногаҳонии Интернет "аз онҳо вобаста набуд".

Бисёре аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ гуфтанд, шоми 16-уми сентябр ба муддати як соат дастрасӣ ба Интернет дар саросари Тоҷикистон қатъ шуд. Бархе гуфтанд, барои муддате гуфтугӯ тавассути телефон низ номумкин гардид.

Ин ҳолат замони суҳбати онлайни Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ дар Барномаи Осиёи Марказии Донишгоҳи Ҷорҷ Вашингтон рух дод. Мақомот пайванди ҳолати рухдодаро бо суханронии Кабирӣ тасдиқ ё рад накардаанд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Кабирӣ дар ҳамоиши коршиносони амрикоӣ аз интихоботи Тоҷикистон интиқод кард

"ҲАМААШРО ХАДАМОТ МЕДОНАД..."

Коршиносон мегӯянд, қатъи якбораи Интернет дар саросари Тоҷикистон натиҷаи он аст, ки мақомот бо сохтани Маркази ягонаи коммутатсионӣ воридоти Интернетро пурра зери инҳисор ё монополияи худ гирифтаанд.

Маркази ягонаи коммутатсиониро Хадамоти алоқа сохтааст ва "Тоҷиктелеком", ниҳоди дигари зери итоати Хадамот, ягона ширкати фароҳамкунандаи Интернет дар Тоҷикистон мебошад.

Рустам Гулов, мутахассиси соҳаи фанновариҳои нав, мегӯяд, қаблан ширкатҳои мобилӣ худашон мустақилона аз берун Интернет меоварданд ва дар ҳолати қатъ шудани як "канал" аз "канал"-и дувум истифода мекарданд.

"Он вақт тасаввур карда намешуд, ки Интернети Тоҷикистон пурра нест мешавад. Барои он ки ҳар ширкат 3-4 роҳ дошт ва агар Интернет дар як канал гум мешуд, дарҳол “трафик”-ро гирифта дар канали дигар мепартофтанд, тамом. Муштарӣ ҳатто пай намебурд, ки дар кадом канал Интернет ҳаст, дар кадомаш не", – шарҳ дод ӯ.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Чаро дар Тоҷикистон интернет як соат қатъ шуд ва касе намегӯяд, чаро?

"ДАРДИ КӮҲНА"

Мушкили дастрасӣ ба Интернет дар Тоҷикистон масъалаи нав нест. Баъзе аз сокинон мегӯянд, ширкатҳои мухобиротӣ натанҳо барои чунин камбуд узр намехоҳанд, балки ба шикояти онҳо расидагӣ намекунанд.

Бузургмеҳр Ҳусейнов, як сокини Душанбе, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, гоҳ-гоҳ аз суръати поини Интернет ё қатъ шудани он ба ширкатҳо шикоят мекунад, вале ҳеч акси садое намегирад.

"Шикояти моро ҷиддӣ мегиранд. Бе ягон огоҳӣ мебинед, ки Интернет нест, дар ҳисобатон пул доред, аммо Интернет нест. Ҳуқуқи моро поймол мекунанд, вале касе узр намепурсад. Мардум ҳам бо ин вазъият одат кардаанд", -- афзуд мусоҳиби мо.

Мутахассисони соҳаи фанновариҳои нав мегӯянд, зери инҳисори як ширкат гузаштани воридоти Интернет амнияти иттилоотии кишварро зери хатар гузоштааст. Ба қавли Рустам Гулов, "дар чунин шароит танҳо ҳамлаи ҳакерӣ ба як нуқта кофист, ки кишвар аз Интернет маҳрум шавад."

Ба назари коршиносон, роҳи ҳалли мушкил дар он аст, ки Маркази ягонаи коммутатсионӣ аз байн бурда шавад ва дубора ба ширкатҳо имкон диҳанд, ки худашон мустақилона аз хориҷа Интернет биоранд.

Дар Тоҷикистон аз соли 2018 "Тоҷиктелеком" ширкати асосии дастраскунандаи Интернет ба кишвар аст. Ширкатҳои дигари мобилӣ аз "Тоҷиктелеком" интернетро мехаранд.

Дар солҳои гузашта зиёд иттифоқ меафтод, ки дар вақти баромади намояндагони мухолифин дастрасӣ ба шабакаҳои иҷтимоӣ қатъ мешуд, аммо ин аз камтарин ҳолат аст, ки Интернет дар саросари Тоҷикистон ва пурра дастнорас мешавад.