Шикояти сокинон аз суръати пасти Интернет. Хадамот аз 4G мегӯяд

Акс аз бойгонии Радиои Озодӣ

Мақомоти Хадамоти алоқаи Тоҷикистон гуфтанд, барои беҳтар кардани суръату сифати Интернет дар минтақаҳои дурдасту кӯҳии кишвар тарҳи махсусро омода кардаанд, ки як бахши он пурра гузаштан ба низоми 4G аст. Сокинони ноҳияҳои дурдаст аз набуди Интернет ва ё суръати ба қавли онҳо бениҳоят сусти он изҳори ташвиш доранд. Масъулони ширкатҳо мегӯянд, барои харидани таҷҳизоти нав сармояи кофӣ надоранд.

Илҳом Атоев, муовини раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, охири ҳафтаи гузашта ба Радиои Озодӣ гуфт, талош доранд мушкили дастрасӣ ба Интернетро дар ноҳияҳои дурдаст ба зудӣ ҳал кунанд. Ӯ ҷузъиёти лоиҳаро шарҳ надод, аммо таъкид кард, ки "беҳтар намудани сифати хидматрасониҳои интернет, афзоиши суръати он, аз ҳадафҳои асосӣ аст".

Илҳом Атоев

"Барои он ки суръати интернет хуб шавад, марҳила ба марҳила дар минтақаҳо бояд интернети сифати 4G татбиқ гардад ва мо дар ҳамкорӣ ба ширкатҳои мобилӣ инро амалӣ мекунем," -- афзуд ӯ.

Талошҳо барои беҳтар намудани дастрасӣ ба Интернет дар ноҳияҳои кӯҳистон дар ҳоле садо медиҳад, ки баъзе аз кормандони идораҳои давлатӣ дар минтақаҳои дурдасти кишвар низ аз набуди интернет ва ё суръати пасти он нигаронанд.

Ҷумъахон Ясақиев, сокини ҷамоати Бартанги ноҳияи Рӯшон, барои ирсоли як ҳуҷҷат аз тариқи интернет даҳҳо километр роҳро тай карда, ба маркази ноҳия меравад. Ӯ гуфт, корманди бахши муҳосиботи ҷамоати Бартанг аст ва сифати интернет то ҳадде паст аст, ки дар идораашон "ҳеч кор карда наметавонад".

"Барои фиристодани як санад ба маркази вилоят ва ё Душанбе 50 километр роҳ рафта, аз маркази Рӯшон мефиристем. Интернет дар маркази ноҳия нисбатан беҳтар аст," -- афзуд ӯ.

Ҷумъахон Ясақиев гуфт, барои ҳалли мушкили дастрасӣ ба интернет 2 сол пеш ба ширкати “Тселл”, ки фароҳамкунандаи интернет дар маҳаллаашон аст, муроҷиат намуда буданд, аммо то ҳол посух нагирифтаанд.

Султони Абдуқаҳҳор аз ҷамоати деҳоти Даштиҷуми ноҳияи Шамсуддин Шоҳини вилояти Хатлон низ бо ирсоли як нома ба Радиои Озодӣ гуфт, "дар ин ҷо ҳама аз интернет истифода мебаранд, аммо интернети сифати 2G мебошад, ки суръаташ хеле паст аст".

Хуршед Фозилов, сокини Панҷакенти вилояти Суғд, мегӯяд, мушкили дастрасии интернет дар ин шаҳр ва маҳаллаҳои атроф низ ба назар мерасад: "Вақте мегӯянд, ҳукумати электронӣ мекунем, бе Интернет ташкилу рушди он чӣ гуна мумкин аст? Коре карда намешавад. Барои фиристодани як санад хеле мунтазир мемонӣ."

Дар ширкати мобилии "Тcell" дар бораи мушкили дастрасии интернет дар ноҳияҳои дурдасти кишвар шарҳе надоданд. Намондагони бархе аз ширкатҳои дигари фароҳамкунандаи интернет гуфтанд, ҳоло бо насби таҷҳизоти замонавию пуриқтидор талош доранд, вазъи дастрасӣ ба интернетро, ки боис ба ташвиши сокинон гардидааст, беҳтар намоянд.

Холиқназар Ҷумъаев

Холиқназар Ҷумъаев, сухангӯи ширкати "Babilon", ба Радиои Озодӣ гуфт, яке аз сабабҳои суръати пасти интернет дар навоҳии дурдаст ин аст, ки дар маҳаллаҳо на интернети сифати 4G, балки 2G ва 3G насб шудааст. Ӯ гуфт, Тоҷикистон минтақаҳои зиёди дурдаст дорад, ки дар онҳо на ҳама ширкатҳои дастраскунандаи интернет антеннаҳои худро доранд, вале корҳои навсозӣ ва муҷаҳҳазгардонӣ идома доранд.

Намояндагони ширкатҳои дигар таъкид намуданд, ки барои беҳтар кардани суръати интернет беш аз ҳама технологияи пешрафта лозим аст ва барои дастрас намудани он вазъи молии хубе надоранд.

Ҳарчанд бархе аз сокинону коршиносон пайваста аз суръати сусти интернет интиқод мекунанд, мақомоти Хадамоти алоқа пайваста мегӯянд, "ҳоло вазъ беҳтар шудааст". Илҳом Атоев, муовини раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон низ гуфт, "дар маҷмӯъ суръати интернет дар муқоиса ба солҳои пеш беҳтар шудааст."

Аммо бархе аз огоҳони умур ба ин назаранд, ки баръакс вазъи дастрасӣ ба интернет сол то сол бадтар мешавад. Коршинос ва блогери тоҷик Рустам Гулов гуфт, дар бозори мухобиротӣ фазое ба вуҷуд омадааст, ки ширкатҳо барои беҳтар кардани суръат ва сифати интернет дасткӯтоҳанд.

Рустам Гулов

"Вақте ҳамаи ширкатҳои дастраскунандаи интернет маҷбуранд, аз “Тоҷиктелеком" - як ширкати мутааллиқ ба Хадамоти алоқа интернетро бихаранд, чунин шеваи кор рақобатро дар бозор аз байн бурда, ба фаъолияти кори ширкатҳо таъсири манфӣ мерасонад. Хадамоти алоқа имкони рушди ширкатҳоро намедиҳад ва намегузорад, ки онҳо бо хоҳиши худ интернет харанд, рушд кунанд. Бозорро бояд озод гузошт."

Суръати сусти Интернет дар Тоҷикистон на фақат аз тарафи созмонҳои ҷаҳонӣ, балки аз ҷониби истифодабарандагон ҳам зиёд интиқод мешавад. Бо ин вуҷуд, баҳори соли 2019 Хадамоти зиддиинҳисорӣ арзиши интернетро дар Тоҷикистон ду баробар гарон кард ва ба норозигии сокинону созмонҳои ҷамъиятӣ сабаб шуд. Дертар иҷрои қарорро боздоштанд.

Бар пояи раддабандии Speedtest Global Index, ки суръати интернети мобил дар 140 кишвари ҷаҳонро таҳқиқ кардааст, моҳи декабри соли 2019 Тоҷикистон дар мавқеи 132-юм ҷой гирифт. Масалан, Қазоқистон дар ин раддабандӣ дар ҷойи 101 ва Қирғизистон дар ҷойи 111 қарор гирифтанд.

Шоҳиди ҳодисае шудед, ё аксу видеое доред, лутфан, ба ин шумораҳо ва ба воситаи Вотсап, Вайбер, Телеграм ва ё ИМО бифристед: (+420) 607 900 808; (+420) 724 056 681; (+420) 724 053 959; (+992) 980 15 10 10