Як маъракаи мубориза бо “ифротгароии мазҳабӣ” дар Қазоқистон мавзӯи рӯ ба фановариҳои интернетӣ овардани имом-хатибҳои масоҷидро доғ кард.
Мутахассисон мегӯянд, ки алҳол теъдоди ками имом-хатибҳо хоҳиши омӯхтану истифода кардани ин фановариҳоро доранд.
Собирҷон Эшмурзин, имом-хатиби масҷиде дар вилояти Қустанай мегӯяд, ки шабакаҳои иҷтимоӣ барояш қаблан василаи робита буданд, ҳоло аз онҳо барои таблиғот ва маъвизаҳо истифода мекунад. Ӯ меафзояд, “ман дар шабакаҳои иҷтимоии “Мой мир”, “Одноклассники” ва Facebook саҳифаҳои худро дорам, масҷиди мо ба интернет васл шудааст. Дар “Мой мир” масҷидамон аккаунти худро дорад ва тавассути он мо ба пурсишҳо посух мегӯем. Бештар ҷавонон ва духтарон дар робита ба ин ё он мавзӯи марбут ба дину диёнат аз мо суол мекунанд”.
Собирҷон Эшмурзин дар шабакаҳои иҷтимоии “Мой мир” ва “Одноклассники”, ки дар Қазоқистон маъруфтанд, видеои мазҳабиро ҷой медиҳад ва ҳадисҳои Паёмбар Муҳаммади мустафоро тафсир мекунад.
Гуфта мешавад, ки ахиран мақомоти Қазоқистон ҳам ба раванди ҷалби имом-хатибҳо ба фанновариҳои интернетӣ ҳамроҳ шуданд – онҳо барои рӯҳониёни кишвар давраҳои махсуси омӯзиширо баргузор менамоянд.
Руслан Болатулӣ, раиси яке аз бахшҳои раёсати сиёсати дохилии ҳукумати вилояти Қустанай, ба бахши қазоқии Радиои Озодӣ гуфт, ки намояндагони гурӯҳу ҷунбишҳои мамнӯи мазҳабӣ аз интернет фаровон истифода мебаранд, “агар онҳо қаблан бо одамон рӯ ба рӯ шуда, онҳоро сӯи худ ҷалб мекарданд, ҳоло ин корро тавассути интернет анҷом медиҳанд”. Имом-хатибҳо ва рӯҳониёни воқеъӣ, аз нигоҳи масъулин, бояд ба хотири муқовимат бо ин гурӯҳҳо аз интернет хуб баҳраманд шаванд.
Дорхон Сиздиқов, ноиби имом-хатиби масҷиди “Морал Эшон” мегӯяд, баъд аз ширкат дар як даври омӯзишӣ тасмим гирифт, ки блоги худро таъсис кунад ва дар интернет наворҳои видеоӣ гузорад. Ӯ аз фановариҳои интернетӣ бархурдор шудани рӯҳониёнро муҳим мехонад, зеро “ҳоло ҳама ҷавонон рӯ ба интернет овардаанд ва бисёр вақт онҳо мехоҳанд, ки дар хона нишаста, ба суолҳои худ ҷавоб бигиранд”. Аммо аз нигоҳи Улуғбек Алиакбарулӣ, корманди масҷиди марказии вилояти Қазоқистони ҷанубӣ, имом-хатибҳо барои огаҳӣ аз фановариҳои нав талоши кофӣ надоранд. Ӯ мегӯяд, ки шояд сабаби аслӣ синну
соли онҳо бошад. “Ҷавонон имом шудан намехоҳанд, зеро барои ин моҳона намегиранд. Ва чун ҷавонон ин гуна ҳавас надоранд, дар масҷидҳои рустоҳо ва ҳатто бархе шаҳрҳо афроде имомат мекунанд, ки синнашон болотар аз 40-сола аст. Онҳо на ба интернет ва на ба компутер рағбат надоранд”.
Агар имом-хатибҳо аз фановариҳои нав фаъолтар истифода мекарданд, сатҳи дониши мазҳабии мардум болотар мерафт, мутмаин аст Улуғбек Алиакбарулӣ.
Айни ҳол дар Қазоқистони ҷанубӣ ҳамаи 14 имом-хатиб дар шабакаҳои иҷтимоӣ аккаунтҳои худро доранд, аммо онҳо дар блогнависӣ оҷизӣ мекашанд.
Ба иттилои муфтиёти Қазрқистон, дар кишвар тақрибан дувуним ҳазор масҷид фаъол аст. Алҳол ҳама масҷидҳои бузург ва масҷидҳои вилоятӣ торнамоҳои худро доранд. Таваҷҷуҳ ба мавзӯи ҷалби рӯҳониён ба фанновариҳои интернетӣ дар Қазоқистон баъд аз он пайдо шуд, ки мақомот пас аз пахши навор дар YouTube дар бораи “ҷиҳодиҳои қазоқ” дар Сурия маъракаи мубориза бо ифротгароии мазҳабӣ ва ҷилавгирӣ аз пайвастани ҷавонон ба гурӯҳҳои террористиву ифротиро роҳандозӣ карданд. Дар он навор ҷавонон бо забонҳои қазоқӣ ва русӣ сӯҳбат мекарданд ва мегуфтанд, ки бо хонаводаҳои худ барои ҷиҳод аз Қазоқистон ба Сурия омадаанд.
Мавзӯи таваҷҷуҳи рӯҳониён ва имом-хатибҳо ба фановариҳои интернетӣ барои Тоҷикистон ҳам доғ ба назар мерасад. То ҳол чанд сомона, аз ҷумла, сомонаи “Иршод” ва сомонаи хонаводаи Тураҷонзодаҳо фаъоланд, ки дар онҳо мардум метавонанд ба суолҳои гуногуни худ посух бигиранд. Аммо то ҳол маълум нест, ки чанд масҷид дар Тоҷикистон ба интернет дастрасӣ дорад ва чӣ теъдод аз имом-хатибҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ соҳиби аккаунтҳои худанд.
Дар ҳамин ҳол соли равон ҳадди аққал ду навори рӯҳониёни тоҷик дар интернет
онҳоро сархаму шарманда кард. Дар наворе мавсум ба “муллои ҷодугар” дар YouTube як зану як мард ҳузур доштанд, ки яке “табиб” ва дигарӣ – як зани ҷавон “бемор” аст. "Табиб" бо қироати сураҳо ба бадани зан даст мезанад ва тавре рафтор мекунад, ки гӯё ҳаракатҳои шаҳвонӣ бахше аз табобат бошад.
Баъди пахши навор мақомоти умури дохилӣ мулло Асадулло Иброҳимовро боздошт карданд ва рӯзи 24 октябр додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ӯро бо ҷурми қаллобӣ ва ҳаракатҳои зӯроварие, ки хусусияти шаҳвонӣ доранд, ба 7 соли зиндони низомаш шадид маҳкум намуд.
Чанд моҳ аз ин пеш марди дигаре, ки гуфта мешуд ходими масҷид будааст, саҳнаи ҳамхобагии худро бо зане ба навор бардошт, вале тасодуфан телефонашро гум кард. Баъдан ин телефон ба дасти каси дигар афтод ва ин навор ҳам дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд. Зимнан, гуфта мешуд, ки мулло чун бо фановариҳои муосир хуб ошно набуд, дар талоши аз байн бурдани сабти видеоӣ дар телефонаш оҷиз мондааст.