Евгений Белендир, мудири кулли "Институти гидропроект"-и Маскав, ба тобовар будани сарбанди нерӯгоҳи Роғун ба зилзилаҳои шадид таъкид кард. Белендир солҳо боз дар бораи сарбандҳои бузург дар минтақа пажӯҳиш анҷом медиҳад.
Ӯ рӯзи 26-уми август дар ҳамоиши "Амнияти сейсмикӣ дар Осиёи Марказӣ" дар Душанбе гуфт, "далели аслии бехатар будани нерӯгоҳи Роғун муқовимати сейсмикиаш аст. Чун таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки як сабаби асосӣ садамаҳо дар сохтори гидротехникӣ аст."
Евгений Белендир дар суханронии худ таҳти унвони "Арзёбии хатари садамаҳо ва нақши он дар идоракунии бехатарии сарбанд дар марҳилаи таҳия" гуфт, онҳо дар ин бора пажӯҳиш анҷом додаанд ва бо итминон метавон гуфт, ки сохтмони Роғун ба заминларзаҳо тобовар буда ва ягон хатар ба кишварҳои минтақа надорад. Намояндаи Узбакистон дар ин ҳамоиш Турсунбой Рашидов гуфт, роҷеъ ба ин масъала гуфтаниҳое дорад, вале ҳанӯз фурсати баён карданаш нарасидааст. Ӯ дар ҳошияи ин ҳамоиш дар суҳбати кӯтоҳ бо Озодӣ гуфт, "бигзор мутахассисони дохилӣ ин мавзӯъро шарҳ диҳанд".
Гузориши видеоӣ инҷост:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Девид Симпсон, раҳбари ширкати байналмилалии пажӯҳишгоҳҳои таҳқиқоти сейсмологӣ (IRIS)-и Вашингтон пешниҳод кард, то як махзани рақамии маълумоти сейсмикӣ дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ҷаҳон таъсис дода шавад. Симпсон гуфт, ки ин махзан метавонад, тамоми зилзилаҳои баландшиддатро муайян кунад.
Фарҳод Раҳимӣ, президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, олимони тоҷик дар ин ҳамоиши илмии байналмилалӣ пажӯҳишҳои зиёдро дар бораи зилзилахезии минтақа ва тобоварии сарбандҳои кишвар ба заминларзаҳо муаррифӣ кардаанд. Пажӯҳишҳое, ки ба гуфтаи донишмандони тоҷик, таърихи 80-солаи заминларза дар Тоҷикистон ва минтақаро омӯхтаанд.
Ин ҳам дар ҳоле, ки раиси Академияи илмҳои Тоҷикистон мегӯяд, дар чанд даҳсолаи охир дар кишвар заминларзаҳои қавие рух надодаанд ва агар рух дода бошанд ҳам, ҳеҷ зиён ба сарбандҳои бузурги кишвар нарасондаанд. Ба гуфтаи оқои Раҳимӣ, "тамоми омору арқоме, ки дар 80 соли охир дар пайи заминларзаҳо ба даст омадааст, пешниҳод мешавад. Барои мисол, дар назди кӯли Сарез дар 80 соли ахир боре ҳам зилзилаи аз 7-баллӣ зиёд рух надодааст."
Ҳамоиши байналмилалии илмӣ таҳти унвони “Амнияти сейсмикӣ дар ОМ” бо ширкати беш аз 30 олими соҳаи сейсмология аз 16 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла, Амрико, Русия, Фаронса, Италия, Норвеж, Олмон, Чин, Эрон, Афғонистон, Покистон, Ҳинд, Гурҷистон, Озарбойҷон, Қазоқистон ва ҳатто Узбакистон муддати се рӯз дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад. Узбакистонро дар ин ҳамоиш донишманд Турсунбой Рашидов намояндагӣ мекунад.
Дар ҳамоиш масоили амнияти сейсмикии сарбандҳои ниругоҳҳои барқӣ – обӣ дар минтақаҳои куҳӣ, гузаронидани мониторинни сейсмикӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, мутаҳидсозии нируи сейсмологҳои минтақа ҷиҳати аз байн бурдани хатари заминларзаҳо дар кишварҳои ҳамҷавор, дурнамои таъсиси низоми ягонаи мушоҳидаҳои сейсмологии ОМ, ҷалби донорҳои байналмилалӣ ба ҳалли масъалаҳои вобаста ба амнияти сейсмикӣ мавриди баҳсу баррасӣ қарор хоҳад гирифт. Интизор меравад, дар поёни ин ҳамоиши серӯза Баёнияи муштараки иштирокдорони он ба тасвиб бирасад.
Аммо ин ҳамоиш дар ҳоле мешавад, ки талоши Тоҷикистон барои сохтани сарбанди бузурги нерӯгоҳи Роғун ба мухолифатҳои кишварҳои поёноби Осиёи Марказӣ рӯ ба рӯ шудааст. Аз ҷумла, зилзилашиносони Узбакистон борҳо гуфтаанд, ки нерӯгоҳи Роғун дар минтақаи зилзилахез сохта мешавад ва барои тамоми минтақа хатарзо аст. Аммо олимони Тоҷикистон ин иддаоро рад мекунанд.