Оғози "Дидор-2014" бо намоиши "Комил" (ВИДЕО)

Синамобазми байналмилалии «Дидор-2014» дар шаҳри Душанбе бо намоиши филми мустанади “Комил”, ки дар бораи асосгузори синамо дар Осиёи Миёна ҳикоят мекунад, оғоз ёфт.

Исми Комил Ёрматов барои онҳое, ки ҳадди аққал каму беш бо синамо наздикӣ доранд, ошно аст, аммо барои мардуми оддӣ дар Тоҷикистон ин исм шояд чизе нагӯяд. Маҳз бо ҳадафи муаррифии Комил Ёрматов, нахустин нафаре, ки синаморо ба Тоҷикистон овардааст, коргардони тоҷик Сафарбек Солеҳов баъди чанд соли пурсуҷӯву сафарҳо, филми ду соатае рӯйи навор овардааст. Филми “Комил” маҳсули заҳмати 5 солаи Сафарбек Солеҳов аст, ки аз саргузашту зиндагиномаи Комил Ёрматов дар Тоҷикистон ва баъдан Узбакистон қисса мекунад.

Сафарбек Солеҳов рӯзи 16 октябр дар маросими муаррифии нахустнамоиши ин филм, ба Радиои Озодӣ гуфт: “Ӯ асосгузори кинои тоҷик буд, аввалин нафаре буд, ки ба Тоҷикистон синаморо овард. 36 соли умраш дар Тоҷикистон ва 38 сол дар Узбакистон. Дар Узбакистон роҳбари бадеии киностудияи “Узбекфилм” буданд. Азбаски хеле инсони покизаву воло буданд, коргардонҳои хуберо дар Узбакистон таҳия карда, “Узбекфилм”-ро ҷаҳонӣ карданд. Ин бисёр муҳим аст, ки мардуми мо бидонанд, ки мо танҳо 4 ҳофизу рақоса надорем, мо фарҳанги хеле ғаниву қавӣ доред. Синамо имрӯз нақши бузурге дар фарҳанг дорад.”

Филми мазкур дар Тошканд, Маскаву Душанбе, Санкт-Петербургу Хуҷанд, Конибодому Ню -Йорк ва аз ҳисоби худи коргардон филмбардорӣ шудааст. Агарчӣ ба гуфтаи синамогарони тоҷик, филми мустанад кори муҳаққиқӣ асту хароҷоти зиёдро талаб мекунад, аммо Сафарбек Солеҳов мегӯяд, барои таҳияи ин филм аз касе кӯмаки молӣ дархост накард ва ин филм бо маоши коргардон, ки дар Созмони Миллали Муттаҳид ҳам фаъолият дорад омода шудааст.

Филми мустанади “Комил”, ки ба ҷашнвораи шашуми “Дидор” дар Душанбе оғоз бахшид, аз ҷониби нахустин бинандаҳояш хуб қабул ва барои насли нави тоҷик муҳим хонда шуд. Аҳмадшоҳи Комилзода, хабарнигори тоҷик, ки дар соҳаи филмҳои мустанад ҳам фаъолият доштааст, мегӯяд. “Аз байн вақти бисёре гузаштааст ва имрӯз на ҳама медонанд, Комил Ёрматов кӣ аст, вале дар ҳунари Шӯравӣ ва минтақа ҷойгоҳи Комил Ёрматов хеле барҷаста аст ва ҳаминро ин филм бисёр хуб ба тамошобин нишон медиҳад. Коргардон тавонистааст ба воситаи гуфтугӯ бо наздикони ӯ образ ва шахсияти ӯро тасвир кунад. Ин филм то як андоза муваффақ аст.”

Дар Шашумин “Дидор”-и синамогарон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Эрону Афғонистон, ки ба муносибати 110-солагии Комил Ёрматов, коргардон, ҳунарпеша, филмноманависи тоҷик ихтисос дода шудааст, дар баробари филми “Комил” 12 филми синамогарони дигари тоҷик, аз ҷумла филми “Муаллим”-и Носир Саидов ба намоиш гузошта мешавад. Дар маҷмӯъ, ба гуфтаи масъулини ҷашнвора дар “Дидор”-и имсола 70 филми мустанаду кӯтоҳу дарозметра пешкаши тамошобин мешавад.

Аммо вижагии синамобазми имсола дар Тоҷикистон, бахши наве бо номи “Бозёфт” аст, ки дар он барои бори аввал филмҳои ҳанӯз сад соли қабл офарида шуда, рӯйи пардаи синамо оварда мешавад. Яке аз ин филмҳо ҳам дар бораи Бадашони Тоҷикистон аст, ки аз ҷониби рус Владимир Ерафеев синамогари аввали асри бисти рус таҳия шудааст. Сафар Ҳақдод, раиси Иттиҳодияи синамогарони Тоҷикистон мегӯяд, тавассути ин филм тамошобин сарзамини хешро дар як асри пеш метавонад бубинад:

“Ин наворҳо аз бойгони аз зери чангу хокҳо ёфта берун оварда шуд. Ин филмҳо дар оғози солҳои 20-уми асри 20, ки он вақт дар синамо ҳатто садо надошт, сохта шудаанд. Давр ин бахш дар маҷмуъ се филм намоиш дода мешавад, филми “Бадахшони Тоҷикистон” филме аз Афғонистон бо номи “Дили Осиё” ва “Сарзамини шеъру офтоб” ки аз аввалин филмҳо овозии Русия ҳаст, пешкаши тамошобин мешавад. Бо ин бахш мо мехоҳем бигӯем, ки дар паҳлӯи синамои ҷадид, бо имконоти камтарин дар оғози синамои ҷаҳонӣ, чӣ гуна синамо шаклу тасвир дошт. Чӣ гуна коргардонҳо буданду, ба чӣ гуна мавзӯҳо таваҷҷӯҳ доштанд.”

Бо ин ҳама мутасаддиёни ҷашнвораи “Дидор” бо таассуф мегӯянд, ба далели камбуди молӣ маҷбур шуданд имсол шумори ширкатдорони ҷашнвораро қариб як маротиб кам кунанд. Агар дар солҳои қаблӣ дар ин ҷашнвора беш аз 40 синамогар аз кишварҳои дигар даъват мешуд, имсол “Дидор” танҳо 15 меҳмон дорад. Ин ҳам дар ҳоле, ки ба гуфтаи мунаққидону мутахассисони соҳаи синамо, ин ҷашнвора метавонад дар рушди синамои тоҷик ва боло бурдани завқи тамошобини тоҷик, ки ҳоло бештар майл ба филму сериалҳои сабуки хориҷӣ доранд, мусоидат хоҳад кард.

Вале Гулнора Абикеева, мунаққиди синамо аз Қазоқистон мегӯяд, чунин ҷашнвораҳои на чандон бузург дар роҳи наздику муттаҳидсозии кишварҳо ба хусус давлатҳои Осиёи Марказӣ метавонад, кори бузургтаре аз сиёсатмадоронро анҷом диҳанд.

Гулнора Абикеева дар робита ба сатҳи филмсозӣ дар кишварҳои минтақа гуфт, "баъд аз солҳои 2010 дар кишварҳои Осиёи Марказӣ таваҷҷӯҳ ба филмсозӣ бештар шуда, дар Узбакистон ҳар сол ҳоло 60 филм, дар Қирғизистон 40 филм ва дар Қазоқистон 25 филм наворбардорӣ мешавад. Дар студияҳои шахсии Тоҷикистон ҳам имрӯз филмҳои зиёде таҳия мешаванд."

Ба гуфтаи ӯ ҳарчанд ҳол ҳам ба назар мерасад, ки ба мӯҳтавову сифати филм чандон таваҷҷӯҳи ҷиддӣ зоҳир намешавад, аммо дар ҳар сурат умед ҳаст, ки оянда оҳиста-оҳиста мо аз шумора ба сифат мегузарем.

Ба гуфтаи хонум Абикеева, ҳоло аксаран дар кишварҳои минтақа филмҳои русӣ ва амрикоӣ тамошобин дорад ва филмҳои кишварҳои минтақа дар байни ҳамсояҳои худ, қариб харидор надорад. Ин аст, ки ҳунаршиносон мегӯянд, барои табодули филмҳо ва намоиши беҳтарин филмҳо, барои мисол филмҳои тавлиди Тоҷикистон дар Узбакистон ва ё баръакс, бояд шароити хубе фароҳам ва озодии бештари сиёсӣ дода шавад.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Оғози синамобазми "Дидор-2014" бо намоиши "Комил"