Фариза Муҳаббатова, ки имсол мактаби миёнаро хатм мекунад, ҳамроҳи ҳамсабақонаш дар намоишгоҳи “Ҳафтаи таҳсили байналмилалӣ” роҳҳои дастрасии таҳсил дар хориҷро ҷустуҷӯ дорад. Ӯ мехоҳад дар яке аз донишгоҳҳои Чин таҳсили худро идома диҳад.
Фариза мегӯяд, "чунин намоишгоҳҳо метавонанд, чашми ҷавононро барои таҳсил дар хориҷ боз кунанд. Чорабиниҳои мисли “Ҳафтаи таҳсили байналмилалӣ” дар Тоҷикистон ҷавононро ҳавасманд мегардонад, то онҳо талош кунанд бештар забон омӯзанд ва ё барои таҳсил дар берун аз кишвар омодагӣ гиранд".
Шурӯъ аз 16 ноябр дар Маркази исмоилияи шаҳри Душанбе “Ҳафтаи таҳсили байналмилалӣ” оғоз ёфт. Тайи 4 рӯз ҷавонони тоҷик дар ин марказ бо имконоти таҳсил дар донишгоҳҳои хориҷӣ ошно мешаванд. Сафорати Амрико дар шаҳри Душанбе аз мубтакирони баргузории “Ҳафтаи таҳсили байналмилалӣ” дар Тоҷикистон аст.
Дуглас Ҷонс, масъули робита бо ҷомеаи сафорати ИМА рӯзи 16 ноябр дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ ҳадаф аз ин иқдомро "муаррифӣ ва ошноии хоҳишмандони таҳсил дар хориҷ, ба хусус донишгоҳҳои амрикоӣ" унвон кард.
“Мо чунин намоишгоҳҳоро ҳар сол баргузор мекунем. Дар рӯзи аввали ҳафтаи таҳсили байналмилалӣ дар Тоҷикистон, муассисаҳои таълимӣ, аз қабили Шӯрои амрикоӣ, Маркази машваратии таҳсилотӣ, Пажӯҳишгоҳи Ҷомиаи боз, Маркази фарҳангии “Бактрия”, Барномаи “Эрасмус+”, Хадамоти мубодилаи академии Олмон, Донишгоҳи Осиёи Марказӣ, Донишгоҳи Оғохон дар Британияи Кабир ва Маркази Таълимии “Мултикид” ба донишҷӯёну толибилмон оид ба барномаҳои таълимии худ ва имконоти таҳсил дар хориҷа маълумот пешниҳод карданд,”- афзуд Дуглас Ҷонс.
Дар расми ифтитоҳи ҳафтаи таҳсили байналмилалӣ ҳудуди 500 нафар донишҷӯёну толибилмони макотиби кишвар иштирок намуданд. Ин чорабинӣ то 20-уми ноябри соли равон дар тамоми гӯшаву канори Тоҷикистон идома ёфта, дар он мавзӯъҳои гуногуни таълимӣ ва имконоти таҳсил дар хориҷ мавриди баррасӣ қарор мегиранд.
Масъулони вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ҳам мегӯянд, чунин намоишгоҳҳо метавонад, барои омода кардани мутахассисоне, ки ба кишвар заруранд, мусоидат кунад.
Исматулло Шодиев, раҳбари маркази барномаҳои байналмилалии Вазорати маориф ва илм гуфт, ҳоло аксари ҷавонон барои таҳсил дар хориҷ ба Русияву Белорус ва Ҷумҳурии Чин бартаррӣ медиҳанд. Зеро ба гуфтаи ӯ, ҷавонони тоҷик дар донишгоҳҳои ин кишвар ихтисосҳоеро аз худ мекунанд, ки ҳанӯз дар донишгоҳҳои Тоҷикистон омода карда намешаванд ва иқтисоди кишвар ба он эҳтиёз дорад: “Аксаран дар ин кишварҳо бо ихтисоси энергетика ва технология таҳсил мекунанд.”
Бар асоси омори расмӣ, феълан дар донишгоҳҳои хориҷ аз кишвар бештар аз 30 ҳазор донишҷӯи тоҷик таҳсил мекунанд. Ва танҳо дар як соли ахир 4500 ҷавон аз Тоҷикистон барои таҳсил ба хориҷ рафтаанд. Аммо як бахши аъзами онҳо баъди хатми таҳсил ба далели набуди ҷои кори муносиб ва маоши хуб дар Тоҷикистон барнамегарданд ва кӯшиш мекунанд, дар Амрико ё Аврупо ҷои кор пайдо кунанд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад