Аз Афғонистон то Исроилу Аврупо ҷомеаи байналмилалӣ пирӯзии Барак Обамаро дар интихобот шодбош гуфтанд.
Дар изҳороти муштараки президентони Комиссиюни Аврупо Жозе Мануэл Баррозо ва Итиҳоди Аврупо Ҳерман Вон Ромпуй гуфта мешавад, ки ба идомаи ҳамкориҳо бо Обама боумед менигаранд. Чунин хушбинӣ аз забони дигар раҳбарони кишварҳои аврупоӣ ҳам садо дод. Нахуствазири Бритониё Девид Кемерон яке аз аввалин раҳбарони хориҷӣ буд, ки тавассути Twitter Обамаро ба ҳайси як “дӯсти худ” табрик кард.
Дар номае ба унвонии раҳбари Амрико садри аъзами Олмон Ангела Меркел аз натиҷаҳои раъйдиҳӣ ситоиш ва Вашингтонро барои ҳамкориаш дар амри муқобила бо бӯҳрони иқтисодӣ ташаккур кард. Президенти Фаронса Франсуа Оллан гуфт, ки пирӯзии Обама бар номзади ҷумҳурихоҳ Митт Ромнӣ ба маънои он аст, ки Амрико аз наздик бо умури байналмилалӣ машғул хоҳад шуд. Вай ин пирӯзиро як лаҳзаи муҳим барои ИМА ва тамоми ҷаҳон унвон кард.
Андерс Фог Расмуссен, дабири кулли паймони низомии НАТО табрикоти гарми худро ба Обама фиристода нақши ӯро дар тақвияти равобити Аврупову кишварҳои соҳили Атлантик муассир хонд.
Пайғоми табрикотӣ ҳамчунин аз Индонезия ва Кения, кишварҳое расид, ки як марҳилае аз давраи кӯдакиҳои Обама он ҷо гузаштааст. Дар пайғоми табрикотии модаркалони Обама, ки дар рустои дурдасти Когелои Кения ба сар мебарад, ӯ
гуфт, ки ба пирӯзии наберааш шаке надошт.
Дар Маскав сухангӯи президент Дмитрий Песков гуфт, ки Владимир Путин пирӯзии Обамаро як ҳодисаи хеле хуб арзёбӣ карда ба ӯ як барқияи шодбош фиристодааст. Баъзе аъзои Думаи давлатии Русия пирӯзии Обамаро барои ин кишвар “беҳтар” хонданд.
Вазорати хориҷаи Чин гуфт, ки президент Ҳу Ҷинтао ва нахуствазир Вен Ҷиабао телефонӣ Обамаро табрик кардаанд.
Дар Афғонистон сухангӯи Ҳомиди Карзай натиҷаҳои интихоботро истиқбол кард. Сиёмак Ҳеравӣ дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ аз Обама даъват кард, ки барои муқобила бо террористон дар Покистони ҳамсоя талоши бештаре анҷом диҳад.