Амалиёти "Тартибот" бо ҷалби пулис аз 17 шаҳру ноҳия дар Душанбе

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо ҷалби кормандони пулис аз 17 шаҳру ноҳияи атрофи пойтахт, дар шаҳри Душанбе амалиёте зери унвони рамзии “Тартибот”-ро роҳандозӣ кардааст. Ҳадафи ин амалиётро масъулони Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, дуруст ба роҳ мондани ҳаракати воситаҳои нақлиёт, ҳифзи амнияти шаҳрвандон ва тафтиши ҳуҷҷатҳои манзили зисти сокинон дар чаҳор ноҳияи шаҳри Душанбе арзёбӣ мекунанд.

"Тартибот" баъд аз "Нелегал-2016"

Ин амалиёт се моҳ баъди анҷоми бахши дуюми амалиёти санҷиши шиносномаву ҳуввияти сокинон бо номи “Нелегал-2016” роҳандозӣ мешавад, ки дар ҷараёни он ходимони пулис хона ба хона гашта, санадҳои шаҳрвандонро санҷиданд. Дар пайи бахши аввали ин амалиёт мақомот гуфтанд, ки аз беш аз 15 ҳазор хориҷӣ, ки мавриди санҷиш қарор гирифтанд, 285 нафарашон қоидаи будубош дар Тоҷикистонро вайрон карда, 50 тани онҳо аз кишвар ихроҷ шуданд.

Дар робита бо амалиёти нави мақомоти тафтишотӣ, ки ҳамчунон хона ба хона сурат мегирад, Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон 28 феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, кормандони

Амалиёти “Тартибот” дар ҳудуди шаҳри Душанбе пас аз таъини Рустами Эмомалӣ, писари бузурги Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси шаҳрдори Душанбе оғоз шуд.

пулису нозирони роҳро дар ин амалиёт ҳамзамон бо таъсиси шаш гурӯҳи корӣ кормандони Кумитаҳои замину андоз, Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозӣ, Шабакаҳои барқӣ, Назорати давлатии санитарӣ-эпидемиологӣ, мақомоти прокуратура, Раёсати тандурустӣ, Вазорати нақлиёт, "Тоҷикматлубот", Шӯъбаҳои фарҳангу ҷавонон, савдо, экология, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо ҳамроҳӣ мекунанд.

Ин гурӯҳи корӣ ба таври шабонарӯзӣ дар ҳудуди пойтахти Тоҷикистон кор карда, дар поёни ҳар ҳафта натиҷаи корашро хулоса мекунад. Рӯзона ва шомгоҳон хонаҳои мардум ва шабона муассисаҳои тафреҳиву тарабхонаҳо санҷида мешаванд. Ҳадаф аз таъсис ин гурӯҳ дар доираи амалиёти “Тартибот”-ро масъулон сабти қонуншиканиҳо ва ислоҳи онҳо унвон мекунанд.

Ҷаримаи беш аз 1300 ронанда

Ба гуфтаи Умарҷони Эмомалӣ, ин амалиёт дар ҳудуди ноҳияи Шоҳмансур-1 ва Сино-1-и шаҳри Душанбе натиҷагирӣ шуда, дар дигар минтақаҳои шаҳр идома дорад. Ба унвони мисол, ин гурӯҳ танҳо дар ноҳияи Сино фаъолияти 140 бозору марказҳои савдо, 47 ошхона, 16 нуқтаи шустушӯи нақлиётро санҷида, 208 ҳолати ҳуқуқвайронкунии маъмуриро сабт кардааст. Ҳамчунин, беш аз 1300 ронандаро барои нодуруст ҳаракат кардан дар роҳ ҷарима кардааст. Амалиёти “Тартибот” дар ҳудуди шаҳри Душанбе пас аз таъини Рустами Эмомалӣ, писари бузурги Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси шаҳрдори Душанбе оғоз шуд.

Бархе сокинони пойтахт аз зиёд шудани мавридҳои санҷишу тафтишҳои хона ба хона нороҳат ва асабонӣ мешаванд. Як сокини Душанбе, ки корманди созмони байналмилалӣ буд, баъди чунин як санҷиш барои бадрафториву лату кӯб шуданаш аз ҷониби полис моҳи октябр ба додситонии ноҳияи Шоҳмансур шикоят кард, вале мақомот аризаи ӯро напазируфтанд. Ин зан гуфт, ки полис дар бораи як меҳмони хориҷии хонаи ӯ огоҳ шуда омад, вале нахуст рафтори дағал карду баъдан худи ӯро шадидан лату кӯб кард. Мақомот ба ҷуз ваъдаи таҳқиқи ин ҳодиса дигар вокунише накарданд.

Нақлиёт ба танзим медарояд...

Вале бархе сокинони пойтахт мегӯянд, эҳсос мешавад, ки дар ҳафтаҳои охир ҳаракати воситаҳои нақлиёт бештар ба танзим даромадааст. Эраҷ Ҷумъахонов, як сокини шаҳри Душанбе рӯзи 28 феврал ба Радиои Озодӣ гуфт: “Албатта, пайдо кардани воситаи нақлиёт барои рафтан аз як ҷо ба ҷои дигар каме мушкил шудааст. Лекин ҳоло мошинҳо дар назди бозору Марказҳои савдо мисли пеш бетартиб гузошта намешавад. Агар ҳамин автобусу троллейбусҳо дар вақту соати муайян ҳаракат кунанд, боз хубтар мешавад”.

“Аз тафтиши зиёд ҳуҷҷатҳоям дариданд”

Ронандаҳои мошинҳои сабукрав, бахусус ронандаи таксиҳои мусофиркаш мегӯянд, тафтишҳои аз меъёр зиёд онҳоро асабонӣ кардааст. Бегалӣ Раҳматов, як ронандаи мусофиркаш дар Душанбе дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт: “Дар ҳар сари қадам, дар ҳар гардиш мошинро боздошта, ҳуҷҷатҳоро тафтиш мекунанд. Бо вуҷуде, ки мо қоидаи ҳаракатро вайрон мекунем ё не. Ҳуҷҷатҳоям дар ҳамин моҳ аз тафтиши зиёд даридаанд.”

Ҳоло дар пайи роҳандозии ин амалиёт, гардиши таксиҳои маъруфи “сесомона” низ мушкил шудааст. Ин навъи таксиҳо, ки бо пардохти се сомонӣ як мусофирро аз як кунҷи шаҳр ба кунҷи дигараш мебурданд, ба гуфтаи мақомот, ғайриқонунӣ фаъолият мекунанд.

Ба ҷои салла калла?

Ин амалиёт фарогир буда, санҷиши кори дорухона, тарабхона ва беморхонаҳоро низ дар бар мегирад. Аммо як соҳиби дӯкони нонпазӣ дар ноҳияи Сино бидуни зикри номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, аксаран аъзоёни ин комиссия “ба ҷои салла, калла меоранд”. Ӯ гуфт, ду дӯкони нонпазии онҳо танҳо бо баҳонаи ҷавобгӯ набудан ба талаботи санитарӣ баста шуданд.

Рустами Эмомалӣ.

Ин соҳибдӯкон гуфт, “як ҳафта пеш аз амалиёт, санҷида буданд, ҳама дуруст буд. Аммо ҳоло гурӯҳи дуюми санҷиш омада, пушти дарамон мӯҳр зад ва гӯё корамон ба талаботи санитарӣ корамон ҷавобгӯ нест. Хоҳиш кардем, ки ақаллан мӯҳлате барои ислоҳ диҳед, надоданд. Гуфтанд, ки супориш гирифтаанд ва барояшон ҳоло натиҷа муҳим аст.”

Амалиёти “Тартибот” дар ҳудуди шаҳри Душанбе ду моҳи дигар идома мекунад. Бархе коршиносон мегӯянд, ин амалиёт ба хотири беҳбуди шароити кору зиндагӣ дар Душанбе бо сари кор омадани Рустами Эмомалӣ роҳандозӣ шудааст. Писари бузурги президент рӯзи 12 январ бо фармони президенти кишвар ба ҷои Маҳмадсаид Убайдуллоев шаҳрдори Душанбе таъйин шуд. Дар мулоқоти нахустинаш бо фаъолони пойтахт президент аз шаҳрдори нав хост, ки дар пайи ислоҳот ва ҳалли мушкилоти Душанбе шавад.