Таъсири коҳиши рубли русӣ ба сомонӣ дар Тоҷикистон

Русия яке аз ҷонибҳои асосии тиҷоратии Тоҷикистон ба шумор меравад ва поин рафтани арзиши рубли ин кишвар ба арзиши сомонӣ-пули миллии Тоҷикистон низ асар гузоштааст.

Дар натиҷаи таҳримҳои иқтисодии Ғарб на танҳо арзиши рубл дар худи Русия поин рафтааст, балки рушди иқтисодаш низ коҳиш ёфтааст. Коршиносон мегӯянд, ки таъсири чунин вазъро аз ҳоло дар Тоҷикистон мушоҳида мекунанд. Боварӣ ба рубли Русия дар бозорҳои хариду фурӯши асъори Тоҷикистон хеле кам шудааст ва мардум тақрибан рубл харид намекунанд ва ё ононе, ки захираи рубл доранд, талош доранд, зудтар онро бо пулҳои дигар табдил кунанд.

Дар гуфтугӯе аз Нозим Эшонқулов, раиси иҷроии Маркази бозори озоди Тоҷикистон пурсидам, то чӣ андоза сару садоҳо дар бораи таъсири коҳиши рубли русӣ ба арзиши сомонӣ ба воқеият дуруст меояд?

Эшонқулов: Барои касе пӯшида нест, ки мизони воридоти молу коло ба кишвари мо хеле бузург аст ва мизони он амалан се баробар бештар аз содироти моро ташкил медиҳад. Чунин нобаробарии воридоту содирот гувоҳи он аст, ки арзиши сомонӣ ногузир поин меравад.

Озодӣ: Дар гузашта дар Тоҷикистон дар бозорҳои дохилии табдили асъор рубли русӣ хариду фурӯши хуб дошт ва бидуни ташвиш муштариён онро мехариданд. Вале ҳоло чӣ тавр?

Эшонқулов: Арзиши рубли русӣ на танҳо дар худи Русия, балки дар кишвари мо ҳам поин рафтааст. Мисли солҳои пеш камбуди рубли русӣ дар бозорҳои хариду фурӯш мушоҳида намешавад. Ба андозаи кофӣ вуҷуд дорад. Вале мисли пештар аҳолӣ ба рубл бовар намекунанд, барои он, ки бо рубл чизи даркориашонро харида наметавонанд, барои он ки рубл арзиши харидориашро аз даст додааст. Онҳое, ки рубл доранд, талош мекунанд, ки онро зудтар фурӯшанд ва ё умуман майли харидории рублро надоранд. Онҳо бештар доллару евро ва ҳатто юан-пули чиноӣ мехаранд.

Озодӣ: Барои он, ки пули миллии Тоҷикистон, яъне сомонӣ беш аз ҳад поин наравад ва ба рушди иқтисод ва ё ба киссаи ҳар сокини кишвар зарба назанад, ба назари шумо ҳукумат чӣ корҳоро бояд анҷом диҳад?

Нозим Эшонқулов.

Эшонқулов: Мутаассифона, роҳҳои маъмулии ҳалли ин мушкил вуҷуд надорад. Ин мушкили макроиқтисодӣ аст. Барои ҳамин бо фармон ва ё қароре наметавон ин мушкилро ҳал кард. Нақши нозир дар бозори арзро Бонки Миллии Тоҷикистон дар ихтиёр дорад. Ин бонк дар чаҳорчӯбаи салоҳиятҳои худ метавонад тадбирҳои пешгирикунанда анҷом диҳад, мисли дахолати молӣ ё интервенсия. Бонки Миллӣ бо истифода аз захоири молии худ миқдоре муайяни арзи хориҷиро ба бозор мебарорад. Вале ин тадбир барои нигоҳ доштани арзиши пули миллӣ чораи муваққатист ва барои муддати тӯлонӣ мушкилро ҳал намекунад. Ин кор барои як марҳилаи муайяну зарурӣ анҷом мегирад ва аз коҳиши сахту якборагӣ пешгирӣ мекунад. Вале он аз поин рафтани арзиши пули миллӣ пешгирӣ карда наметавонад. Гузашта аз ин, Бонки Миллии Тоҷикистон захоири зиёд надорад, то барои муддатҳои тӯлонӣ ба таври сунъӣ арзиши сомониро нигоҳ дорад. Ҳукумат на танҳо захираҳои худро надорад, балки ба ин кор салоҳият ҳам надорад.

Озодӣ: Пас ҳукумат бояд чӣ чораҳо андешад?

Эшонқулов: Ҳукумат бояд сарчашмаҳои ҷалби сармояи хориҷиро бештар кунад. Вале аз чӣ роҳ? Албатта на аз ин роҳ, ки муҳоҷирони кории Тоҷикистон дар Русия бештар бошанд, балки аз роҳи рушди соҳибкориву тиҷорат ва аз роҳи афзоиши содироти колоҳои ватанӣ ба хориҷ, колоҳое, ки асъори хориҷӣ меоранд. Ин яке аз роҳҳои ба даст овардани асъори хориҷӣ барои Тоҷикистон аст. Вале шароити сармоягузорӣ дар кишвари мо дар сатҳи хеле паст қарор дорад. Барои ҳамин ҳеҷ сармоягузор бо миллионҳо доллари худ барои ташкили корхона ё тиҷорат ба Тоҷикистон намеояд. Агар тавлидот дар худи кишвар беҳтар нашавад ва фазои сармоягузоӣ беҳтар нашавад, мо дар чунин шароит наметавонем мизони содироти худро боло бибарем”.